Open Source ва сифати нармафзор

Печать

Дар мақола таҳлили яке аз тарзҳои паҳнгаштаи офаридани нармафзор (software) - тарзи пӯшида (proprietary), инчунин баёни тарзи кушоди барномасозӣ ҳамчун имконияти офаридани барномаҳои компютерии сифаташон баланд ва дар бозори дохилӣ ба рақобат тобовар кӯшиш карда шудааст.

Одатан барномасозони мо барои заруриятҳои ҷудогонаи мизоҷони алоҳида барнома месозанд. Тасаввур мекунем, ки барномасозе барои ширкати «Моҳӣ» ягон системаи иттилоотӣ (information system) ё ки базаи маълумот (database) офаридааст. Ӯ барои иҷрои ин кор бисёр вақту қувва сарф намудааст. Аз ин сабаб матни ибтидоии барнома (source code), ки моли ӯст, аз тарафи ӯ пинҳон нигоҳ дошта мешавад (дар бисёр мавридҳо). Ин рафтори худро барномасоз бо далелҳои зерин асоснок мекунад:
- ҳангоми пайдо шудани зарурияти дигар намудани барнома маҳз ба ҳамин барномасоз муроҷиат мекунанд;
- агар барнома машҳур гардаду хоҳишмандҳои дигари истифода бурдани барнома (мумкин бо чанде тағйирот) пайдо шаванд, онҳо маҳз ба ҳамин барномасоз муроҷиат мекунанд.

Чунин рафторро хато гуфта наметавонем. Офаридани барнома яке аз намудҳои эҷодиёт аст. Барнома маҳсули меҳнати зеҳнии барномасоз буда, моликияти ӯст. Ҳатто қисми худи барномасоз аст гӯем ҳам, воҳима намешавад, чунки барномасоз қисми умри худро барои офаридани он сарф кардааст. Эътироф шудааст, ки барномасоз ҳуқуқи комил дорад дар ҳалли тақдири барномаи худ.

Нельзя назвать такое поведение ошибочным. Создание программы есть вид творчества. Программа есть продукт интеллектуального труда программиста, его собственность. Не будет преувеличением, если сказать, что она является даже частью самого программиста, так как программист потратил часть своей жизни на её создание. Признано, что программист имеет полное право над решением судьбы своей программы.

Акнун тақдири эхтимолии барномаро муоина мекунем.

Агар барнома хуб баромада бошад, яъне намуди зоҳирии зебо ва қулай дошта бошад, амалу ҳисобҳоро дуруст иҷро кунад, суръати хуб дошта бошад, устувор бошад, пас онро истифода мебаранд; лекин фақат дар ширкати «Моҳӣ». Баъди чанд вақт зарурияти дигаргун намудани барнома пайдо шуданаш мумкин аст: барои мутобиқ кардани он ба шароити нав, ислоҳи хатогиҳои дарёфтшуда, илова кардани имкониятҳои нав. Чӣ тавре ки барномасоз мехост, ширкати «Моҳӣ» маҳз ӯро барои дигаргун кардани барнома даъват мекунад.

Ҳар як барномасоз медонад, ки агар бо матни ибтидоии барнома вақти тӯлонӣ сарукор надошта бошӣ, он аз хотир меравад. Ва барои азнав ба хотир овардани он (вазифаи тағйирёбандаҳо, функсияҳо, алоқаҳо, алгоритмҳои истифодашуда) вақти зиёд меравад. Барномасоз барои ба хотир овардани кори алакай иҷро кардааш аз нав вақту қувва сарф мекунад. Ё ки яке ҳолатҳои ҷиддитари зерин мумкин ба амал ояд:
а) барномасоз машҳур гаштааст, ӯ бисёр супоришҳои тиҷоратӣ дорад. Ӯ ё хоҳиш ё вақти машғул шудан бо барномаро надорад;
б) барномасоз аз ӯҳдаи дигаркунии барнома намебарояд. Масалан, бо сабаби нарасидани дониш ё малака;
в) барномасоз дигар барномасозӣ намекунад, ҳамаи матнҳои ибтидоиро нест кардааст.

Дар дилхоҳи ин ҳолатҳои а) -в) ширкати «Моҳӣ» маҷбур аст, ки барномасози дигарро (одатан мисли барномасози пештара на он қадар машҳурро) дарёфт кунад, ки вай аввал барои азхуд кардани имкониятҳои барномаи мавҷуда ва баъд барои бунёди барномаи зарурӣ азнав, аз нул боз вақту қувва сарф мекунад!

Аз тарафи дигар, барномаи монанд ба ширкати «Осмон» зарур бошад, аз сабаби барномасоз на он қадар машҳур буданаш, ё ки нархи калонро талаб карданаш, ё ки вақт надоштанаш, ширкати «Осмон» барномасози дигарро киро мекунад. Дар натиҷа барномасози дигар ба ҳалли масъалаи кайҳо ҳалшуда боз вақту қувва сарф мекунад.

Агар тақдири барнома аз аввал бо ин ё он сабаб нобарор бошад, онро на дар ширкати «Моҳӣ», на дар ҷои дигар истифода намебаранд. Албатта барои барномасоз ин кор дарс шуданаш мумкин ва дар супориши дигар вай аз малакаи соҳибгаштааш истифода мекунад. Лекин аз сабаби пинҳон будани матни ибтидоии барнома, дигарон аз натиҷаҳои ӯ бебаҳраанд.

Дастрас набудани матни барнома ба дигар барномасозони маҳаллӣ, барномасозро аз ду муҳимтарин шартҳои рушд маҳрум месозад: танқиди матни барнома ва рақобат дар истифодаи ин матн. Азбаски барномасоз матни ибтидоиро дастраси дигарон кардани нест, дигарон дар дарёфт ва ислоҳи нуқсонҳои барнома кӯмак карда наметавонанд. Рақобат дар роҳҳои истифодаи матн бе дастрас будани худи матн имконнопазир аст.

Ибтидои марги барнома ва ғояву умедҳои бо он пайваста чунин аст:
- барнома паҳн намешавад, чунки нуқсонҳо дорад;
- нуқсонҳо ислоҳ намешаванд, чунки матни барнома пӯшида аст.

Мумкин барномаи барномасоз ба худи ӯ фоидаи калон оварда бошад, ки ин низ зери шубҳа аст, агар дараҷаи нархмонии маҳаллӣ ва барои танҳо як мизоҷ будани барномаро ба инобат гирем. Лекин барои ҷомеаи барномасозон кори ин барномасоз бефоида аст, чунки матни ибтидоии барномаи ӯ, гирдупечҳои зебое, ки дар қисмҳои алоҳидаи барномааш ӯ истифода ва ё ҳатто ихтироъ кардааст ба дигарон дастрас нестанд.

Кадом барномаи мо бо нашри (version) 6.0 ё 7.0-аш машҳур аст? Барномасози машҳури тоҷик кист? Далелҳое, ки дар бозори нармафзори дохилӣ барномаҳои истеҳсоли маҳаллӣ қариб нестанд, мавҷуда миқдори ками истифодабарандагонро соҳибанд, исбот мекунанд, ки ҳолатҳои абстрактии болоӣ асосӣ ва ҳукмронанд. Яъне мо – барномасозон бисёр вақту қувваи худро барои такрор ба такрор ихтироъ кардани чарху фишанг сарф мекунему касе то ихтирои муҳаррики реактивӣ нарасидааст; расида бошад ҳам, дигарҳо бебаҳраанд.

Ҳар яки мо мефаҳмем, ки маданияти барномасозӣ, савияи миёнаи тайёрии касбии барномасозони маҳаллӣ, сифати аксарияти барномаҳои ватанӣ нисбати барномаҳои дигарон паст аст. Сабабҳои ин дар алоҳидагӣ, пӯшида барноманависӣ кардани мо, дараҷаи хело паст доштани мубодилаи матнҳои ибтидоӣ мебошанд.

Агар мо - барномасозони имрӯза ҷомеаи худро тағйир надиҳем, барномасозони фардоина – фарзандони мо, наберагони мо бо ҳалли масъалаҳое, ки мо онҳоро ҳал кардаем овора мешаванд. Албатта ҳалли масъалаҳои классикӣ барои омӯзиши касб муфид аст, лекин гап дар бораи услуби таълим нарафта истодааст. Ҳолати барномасозии касбӣ, барномасозӣ барои амалия дар мо хароб аст.

Open Source Software ҳамчун фалсафа ва технологияи офаридани барномаҳои компютерӣ дар амалияи ҷаҳонӣ вуҷуд дорад ва ба натиҷаҳои хуб овардааст. Паҳн ва қабул кардани Open Source ҳамчун технологияи офаридани барномаҳо абзоре мешавад барои бунёди маданияти баланди барномасозӣ, тарбияи ҷомеаи барномасозони савияи касбиашон баланд. Дар бозор пайдо шудани нармафзори сифаташ баланди ватанӣ ва ҳалли масъалаҳои маҳаллии вобаста ба технологияҳои муосир аз тарафи мутахассисони худ – натиҷаҳои амалии ин иқдом хоҳанд шуд.

Ғояи асосии Манбаи Кушода (Open Source) тамоман содда аст: вақте ки барномасоз метавонад матни ибтидоии барномаеро хонад, тағйир диҳад, худ аз нав паҳн кунад, он барнома инкишоф меёбад. Source Code (= код = манбаъ = матни ибтидоӣ) ин маҷмӯи фармонҳо ё ки нишондодҳои навишташуда, ки барномаро дар шакли ибтидоии он муайян мекунанд. Вақте, ки код ба барномасозон пурра дастрас аст, онҳо метавонанд онро хонанд, тағйир диҳанд, аз нав паҳн кунанд ва ҳамин тавр барномаи ибтидоиро мукаммалтар ва ба шароитҳои нав мутобиқтар гардонанд. Бо чунин тарз барнома бо суръати метавонад тез инкишоф ёбад. Илова бар ин, дастрас будани матни аслии барномаи навэҷодкардаи барномасоз ба ҳамкасбони ӯ дар тамоми олам, ӯро маҷбур месозад, ки барномаи хуб эҷод намояд ва боиси рушди рақобат дар бозори ватанӣ низ мегардад.

Яке аз муҳимтарин бартариҳои Open Source ин аст, ки вай ба барномасоз имконияти омӯхтанро медиҳад. Азбаски барномасозӣ ин худ санъат аст, шиносоӣ бо услубҳои гуногуни эҷодиёт дар ин соҳа ва таҳлили барномаҳои дигарон боиси сайқал додани маҳорату дониши барномасоз мегардад. Барномаҳои кушодаи бисёре мавҷуданд, ки аз аксарияти барномаҳои монанди пӯшида (ё хусусӣ), ки матни ибтидоии онҳоро фақат якчанд барномасозон дида метавонанду аксарият бояд, ки кӯр-кӯрона ғарами торики битҳоро истифода барад, сифатан беҳтаранд. Масалан, Mozilla FireFox ва Thunderbird, Apache web-server, Joomla (Web Content Management System).

Open Source аз солхои 80-уми асри XX сар карда барои маданияти техникие, ки Интернет ва World Wide Web-ро офаридааст, ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда ва инкишофдиҳанда хизмат мекунад. Open Source ҳаргуна маҳдудиятҳо ва поймолкунии ҳуқуқи одамон дар бобати соҳаҳои татбиқи барномаҳои кушода ва истифодаи барномаҳои кушода аз тарафи инсон ё гурӯҳи одамонро радъ мекунад.

Мақола моҳи марти соли 2006 навишта шудааст.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.