Фриланс чист?

Печать

Тоҷикистон дар роҳи рушд аст. Дар кори ҳаррӯзаи ширкатҳои калону хурд, дар амалияи шахсони алоҳида технологияҳои иттилоотӣ ва нармафзори гуногун бо суръати хело калон ҷои муҳимро ишғол карда истодаанд. Талош байни сифату нарх, мӯҳлату самара дар кори барномасозони махаллӣ низ рӯз аз рӯз авҷ гирифта истодааст. Аз як тараф - пайдоиши технологияҳои навбанав (хонед – Имкониятҳои нав), аз тарафи дигар - гуногунтабиат ва гуногунсавия будани талаботи кордиҳандагон, барномасозонеро, ки мехоҳанд молашон бозоргир бошад, маҷбур месозанд, ки доимо дар роҳи худомӯзӣ ва сайқали малакаю маҳорат бошанд.
Яке аз имкониятҳои аҷоибе, ки дар баробари паҳн шудани Интернет ва камол ёфтани системи бонкии давлатамо пайдо шуданд, ин фриланс (freelance) аст. Фрилансерҳои тоҷик чи душворӣ ва хурсандиҳо доранд?

Фриланс чист ва фрилансер кист?

Ба ин савол ҷавобҳои бисёр додан мумкин аст. Фриланс ин

  • машғул будан бо иҷрои ин ё он вазифа дар асоси шартномаи кӯтоҳмуддат;
  • пешкаш намудани хизматҳои худ ба якчанд мизоҷон бе имзои шартномаи дарозмуддат бо онҳо;
  • барои худ кор кардан;
  • аз калимаи англисии freelance гирифта шуда, тарҷумаи бевоситааш «найзаи озод» мебошад. Лекин дар замони мо бо мазмуни дигар истифода бурда мешавад - тарзи кор новобаста аз фосила.

Навиштан ва таҳрир намудани мақолаҳо, тарҷумаи матнҳо, суратгирӣ, рассомӣ, web-дизайн ва барноманависии компютерӣ мисолҳои фриланс мебошанд.

Пас, фрилансер ин одамест, ки худ барои худ кор мекобаду худ хӯҷаини худ аст. Албатта, худ хӯҷаини худ будан тарафи дигарро низ соҳиб аст. Яъне шахс худ коргар ва хизматчии худ мебошад.

Агар ман бо фриланс машғул шуданӣ шавам, аз чӣ корро оғоз намоям?

Пеш аз ҳама хоҳиши қавии бо ин кор машғул шудан лозим аст. Новобаста аз дониш ё малакаи худ метавонед фрилансро оғоз намоед. Лекин талаботҳои ибтидоиву асосӣ, ба фикри мо, чунинанд:

  • Резюме ё ки CV-и худро ба сифати хуб тартиб дода, ҷустуҷӯи корро оғоз намудан.
  • Донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, инглисӣ ва ғайра), ақалан дар савияи кофӣ барои бурдани мулоқот ва савдо.
  • Донишу малака дар соҳае, ки барои худ интихоб кардаед.
  • Намунаҳои кору лоиҳаҳои иҷро кардаатон низ сари вақт буданашон мумкин аст.

Сомонаҳое, ки дар ҷамъ намудани маълумоти лозима ва ҷустани кор кӯмак карданашон мумкин аст, инҳоанд:

  • http://alllance.com
  • http://free-lance.ru
  • http://weblancer.net
  • http://freelance.ru
  • http://getacoder.com
  • http://free-lance.su
  • http://free-lancers.net
  • http://hh.ru

Хуб. Агар соҳаи Web-ро, ки дар он шумоён фаъолият мебаред, гирем, барои фаъолияти бобарор дар ин соҳа чи гуна донишу малака заруранд? Кадом забонҳои барномасозӣ ва технологияҳои барномасозиро донистан зарур аст?

Талаботҳои бозори Web имрӯз чунинанд:

  • PHP, MySQL, CSS, (X)HTML, XML, Javascript, Ajax
  • CMS Joomla, Drupal, Wordpress, 1C Bitrix, UMI, DLE ва дигархо
  • Jquery, Highslide, ExtJS
  • Zend Framework, PHP Smarty

Лекин чанд чизи дигарро низ дарк намудан лозим аст. Ин маҷмӯи талаботҳо имрӯз қимат доранд. Пагоҳ ё моҳи дигар дар ин рӯйхат чизҳои нав метавонанд пайдо шаванд, ва ё чанде аз ин рӯйхат метавон нодаркор шаванд. Ба дараҷаи аъло донистани ҳамаи ин чиз ҳатмӣ нест ва надонистани чанде аз инҳо низ айбе нест. Мо мисолҳоеро медонем, ки шахс дар як соҳаи хурдакак хело чуқур рафта, дар он соҳа ҳамчун мутахассис эътироф ёфтаааст ва бобарор фаъолият мебарад. Чунки сифати кораш ва суръати он дар соҳаи хурди интихоб кардааш хело баланд мебошанд.

Чанд сухан дар бораи нархгузорӣ, тарзҳои пардохти хизматҳои худ ва гирифтани маош мегуфтед?

Фаҳмост, ки вобаста ба душвории супориш, сифат ва мӯҳлати иҷрои он, нархҳо аз якчанд сомонӣ то чандсад доллар буданашон мумкин аст. Тарзи пардохт низ гуногун шуданаш мумкин аст: соатбайъ, моҳбайъ, корбайъ. Чуноне ки дар дигар намудҳои фаъолияти одамон аст.

Маошро низ бо тарзҳои гуногун гирифтан мумкин аст:

  • Ирсоли пули бонкӣ (Western Union, Лидер, Контакт, Unistream ва ғайра)
  • Пулҳои электронӣ / виртуалӣ (Webmoney, Яндекс.Деньги, Moneybookers.com ва ғайра)

Сомонаҳое, ки дар мубодила ва ба даст гирифтани пул кӯмак карданашон мумкин аст:

  • http://www.netexchange.ru/
  • http://web-moneta.com/

Якчанд омилҳои мусбӣ ва манфии фаъолияти худро баён менамудед.

Мусбат:

  • роҳкиро нест. Кор дар хона, ҳар саҳар саросема ба ҷое рафтан лозим нест;
  • ҷои кори худро ба тарзи ба худ маъқул ташкил карда метавонед;
  • тарси ронда шудан аз кор нест;
  • озодӣ дар интихоби супориш;
  • гирифтани донишу малакаи сатҳи баланд.

Манфӣ:

  • кордиҳанда баъди иҷро шудани супориш метавонад бе пардохти маоши шумо ғайб занад;
  • ҳамаи хароҷотҳоро худи фрилансер пардохтанаш лозим. Масалан, Интернет, қувваи барқ;
  • ҳаҷми даромад устувор нест;
  • набудани ҳифзи иҷтимоӣ.

Кордиҳандагонро чӣ тавр дарёфт намудан мумкин аст? Бо онҳо чӣ тавр муомила кардан лозим аст?

Ба сайтҳои бахшида ба фриланс ва шуғл аъзо шуда, дар онҳо барои худ кори мувофиқро ҷустан лозим аст. Дар ибтидо тоқат ва пайдарпаии амал заруранд. Аз воситаҳои электронии тамос, ба мисли ICQ, Skype, Email, телефон ва дигарҳо истифода бурдан лозим аст. Бо супоришдиҳандагон бисёр беҳуда гап задан, ба онҳо ваъдаҳои қалбакӣ додан, ба ваъдаҳои калону беасосӣ онҳо бовар кардан нашояд.

Чӣ тавр дар муҳити фрилансерон обрӯву эътироф ёфтан мумкин аст?

Дар асл, ин тарзи шуғл аз тарзҳои дигари анъанавӣ дар ин масъала он қадар фарқ намекунад. Фақат бо меҳнат ва нишон додани натиҷаҳо фрилансер метавонад дар ин муҳит обрӯ гирад ва ҳамчун мутахассис шинохта шавад. Ду омили асосӣ:

  • Сари вақт ва бо сифати мақбул иҷро намудани вазифаҳо.
  • Офаридан ва дастраси омма намудани ягон моли барои дигар фрилансерон ва ё мизоҷон фоиданок.

Ба ҳама сулҳ, саломатӣ ва барори кор орзумандем!

Oftob.com Team

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.