Корҳои амалӣ аз MS Excel

Печать

Кори амалии №1. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед.

  1. Дар ҷадвали электронӣ сутун, сатр, катак (ячейка) ва блок чӣ тавр ишора карда мешаванд?
  2. Ҷадвали (файли) пештар тартиб додашуда чӣ тавр кушода мешавад?
  3. Ҷадвали нав ё ки тағйир додашуда чӣ тавр сабт карда мешавад?
  4. Бо ҷадвали электронӣ корро чӣ тавр ба итмом мерасонанд?
  5. Фарқи ишораҳои нисбӣ ва мутлақ дар чист?


Кори амалии №2. Қимати функсияҳои sin x, cos x, tg x, ctg x барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад:
X = 0, π/6, π/3, π/2, 2π/3, 5π/6, 2π.

Кори амалии №3. Қимати функсияҳои
    f(x) = x2
    g(x) = 4x4
    h(x) = 2x2 + x5
барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад:
 -3, -2, -1, 0, 1, 2, 3.
Дар ҳалли ин мисол истифода бурдани амали ^ (ба дараҷа бардоштан) манъ аст.

Кори амалии №4. Қимати функсияи f(x) ба ln⁡(x+1) ҳангоми x≥0 баробар аст ва ба x2  ҳангоми x<0 баробар аст. Қимати функсияи f(x) барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад: -N, -N/2, 0, N/2, N, ки дар ин ҷо N – қимати тартибӣ аст.

Кори амалии №5. Дар асоси маълумоти дар ҷадвали 1 овардашуда барои майдонҳои Даромад, Хароҷот ва Фоида қиматҳои Min, Max, Sum, Count, Average ва Standard Deviation дар ҷадвали 2 ҳисоб карда шаванд.
Ҷадвали 1:

Сана Даромад Хароҷот Фоида
28.03.2013 63,64 51,94 11,70
29.03.2013 53,47 65,08 - 11,61
01.04.2013 65,77 53,59 12,18
02.04.2013 50,40 63,57 - 13,17
03.04.2013 62,58 50,43 12,15
04.04.2013 59,73 44,26 15,47
05.04.2013 47,49 60,03 - 12,54
08.04.2013 62,98 48,84 14,14
09.04.2013 65,25 57,07 8,18
10.04.2013 67,79 55,75 12,04

Ҷадвали 2:

  Даромад Хароҷот Фоида
Min      
Max      
Sum      
Count      
Avg      
StDev      

 

Кори амалии №6. Дар асоси маълумоти дар ҷадвали 1 овардашуда барои майдонҳои Сана, Даромад ва Хароҷот нақша (график) кашида шавад.

Кори амалии №7. Дар асоси маълумоти дар ҷадвали 1 овардашуда барои майдонҳои Сана ва Фоида гистограмма кашида шавад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.