PHP-практикум. Қисми 4. Массиви дученака

Печать

Мисоли 31. Матрисаи квадратии A(N,N) дода шудааст. Барномае, ки элементҳои мусбати болои диагонали асосӣ ҷойгиршударо бо решаи квадратиашон иваз менамояд, тартиб дода шавад. Матрисаҳои ибтидоӣ ва натиҷавӣ чоп карда шаванд.
Мисоли 32. Матрисаи квадратии A(N,N) дода шудааст. Барномае, ки элементҳои мусбати поёни диагонали асосӣ ҷойгиршударо бо адади М иваз менамояд, тартиб дода шавад. Дар ин ҷо М баробар аст ба миёнаи арифметикии қиматҳои элементҳои диагонали асосӣ баробар аст.
Мисоли 33. Матрисаи ҳақиқии А(N,M) дода шудааст. Барномае, ки элементҳои нулии матрисаро бо қимати минималии элементҳои диагонали иловагӣ иваз менамояд, тартиб дода шавад.
Мисоли 34. Матрисаи бутуни A(N,N) дода шудааст. Барномаи муайян кардани элементи миқдори такрорёбиаш зиёдтарини ин матриса тартиб дода шавад. Қимати ин элемент ва миқдори такрорёбии он чоп карда шаванд. Агар элементҳои миқдори такрорёбишон зиёдтарин якчандто бошанд, онгоҳ ҳамаашон чоп карда шаванд.
Мисоли 35. Матрисаи ҳақиқии А(N,M) дода шудааст. Элементи хурдтарини матриса ёфта шавад. Ҷои сатре, ки ин элементро дарбар мегирад, ва сатри охирини матриса иваз карда шаванд.
Мисоли 36. Барномаи ҳисоб намудани миқдори сатрҳои матрисаи А(N,M), ки қимати элементи максималиашон ба нул баробар аст, тартиб дода шавад.
Мисоли 37. Матрисаи ҳақиқии А(N,M) дода шудааст. Барномае, ки ҷои сатри элементи минималӣ ва сатри элементи максималиро иваз менамояд, тартиб дода шавад.
Мисоли 38. Матрисаи ҳақиқии А(N,M) дода шудааст. Барои ҳар сатри матриса элементи минималии он муайян карда шавад. Агар ҳамаи элементҳои минималии дарёфтшуда мусбат бошанд, паём бароварда шавад.
Мисоли 39. Матрисаи ҳақиқии А(N,M) дода шудааст. Ҷои сутуни суммаи максималӣ дошта ва сутуни суммаи минималии элементҳоро дошта иваз карда шавад.
Мисоли 40. Ду матрисаи квадратии бутуни А(N,N) ва B(N,N), ки тартибашон ба адади N баробар аст, дода шудаанд. Элементи мусбии матрисаи А(N,N), ки бисёртар такрор меёбад, ва элементи манфии матрисаи В(N,N), ки бисёртар такрор меёбад, муайян карда шаванд. Қимати ин элементҳо ва миқдори такрорёбии онҳо чоп карда шаванд.

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.