PHP-практикум. Қисми 5. Сатрҳо

Печать

Мисоли 41. Дар файли матнии додашуда ҳамаи ҳарфҳои садонокеро, ки дар калимаҳо ҳастанд, ёфта, чоп намоед (бе такрорёбӣ). Миқдори калимаҳоро низ чоп намоед.
Мисоли 42. Дар файли матнии додашуда ҳамаи ҳарфҳои ҳамсадоеро, ки дар калимаи дарозтарин ҳастанд, ёфта, чоп намоед (бе такрорёбӣ). Миқдори калимаҳоро низ чоп намоед.
Мисоли 43. Дар файли матнии додашуда калимаи кӯтоҳтаринро ёбед ва чоп намоед. Ҳамаи ҳарфҳои садонокеро, ки дар ин калима ҳастанд, ёфта, чоп намоед (бе такрорёбӣ).
Мисоли 44. Дар файли матнии додашуда дар таркиби калимаҳо ҳам ҳарфҳо ва ҳам рақамҳо буда метавонанд. Калимаеро, ки миқдори зиёдтарини рақамҳоро соҳиб аст, чоп намоед. Агар чунин калима якчандто бошад, ҳамаашонро чоп намоед.
Мисоли 45. Дар файли матнии додашуда дар таркиби калимаҳо ҳам ҳарфҳо ва ҳам рақамҳо буда метавонанд. Калимаеро, ки миқдори зиёдтарини ҳарфҳоро соҳиб аст, чоп намоед. Агар чунин калима якчандто бошад, ҳамаашонро чоп намоед.
Мисоли 46. Дар файли матнии додашуда дар таркиби калимаҳо ҳам ҳарфҳо ва ҳам рақамҳо буда метавонанд. Ҳамаи рақамҳоеро, ки дар таркиби калимаи дарозтарин ҳастанд, бо рамзи "*" иваз намоед. Агар чунин калимаи дарозтарин якчандто бошад, ин амалро нисбати ҳамаашон иҷро намоед.
Мисоли 47. Дар файли матнии додашуда дар таркиби калимаҳо дилхоҳ рамз буда метавонад. Калимаеро, ки ба миқдори зиёдтарини ҳарфҳои садонок соҳиб аст, ёбед ва чоп намоед. Агар чунин калима якчандто бошад, ҳамаашонро чоп намоед.
Мисоли 48. Дар файли матнии додашуда дар таркиби калимаҳо дилхоҳ рамз буда метавонад. Калимаеро, ки ба миқдори зиёдтарини ҳарфҳои ҳамсадо соҳиб аст, ёбед ва чоп намоед. Агар чунин калима якчандто бошад, ҳамаашонро чоп намоед.
Мисоли 49. Дар файли матнии додашуда зуддии (миқдори такрорёбии) ҳар як рамзро ҳисоб намоед. Натиҷаро дар файли алоҳида сабт намоед.
Мисоли 50. Дар файли матнии додашуда зуддии (миқдори такрорёбии) ҳар як калимаро ҳисоб намоед. Натиҷаро дар файли алоҳида сабт намоед.

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.