Сохтани қолаби CMS Joomla 1.5

Печать
Қолаби Joomla гуфта маҷмӯи файлҳо дар CMS Joomla-ро меноманд, ки тарзи зуҳур гаштани муҳтаворо идора мекунад. Қолаби Joomla худ web-сайт нест ва онро ҳамчун дизайни пурраи web-сайт низ шуморидан лозим нест. Қолаби Joomla асоси дизайни web-сайти дар Joomla сохташударо муайян мекунад. Барои ҳосил шудани web-сайти мукаммал қолаб ҳамҷоя бо муҳтавои дар анбори маълумоти Joomla нигоҳ дошташуда истифода бурда мешавад. Вақте, ки муҳтаво ба сайт ворид карда мешавад, тарзи инъикоси он бо қолаб муайян мешавад: ишораҳо, менюҳо, ранг ва андозаи матн ва ғайра.

Қайд мекунем, ки расме, ки (расми одамон) бо муҳтаво алокаманд аст, қисми қолаб нест, лекин расм дар сарлавҳа қисми қолаб аст.

Истифодаи қолаб барои CMS, чи тавре ки дар Joomla аст, якчанд тарафҳои мусбат ва манфи дорад:

  • Муҳтаво ва тарзи зуҳури он аз ҳам ҷудо карда шудаанд, алалхусус дар ҳолате, ки барои муайян кардани сохтор CSS истифода бурда шудааст (баръакс ба истифодаи ҷадвалҳо дар файли index.php). Ин яке аз талаботҳои асоси нисбати сайт, ки ба стандартҳои ҳозиразамони web мувофиқ аст.
  • Қолаби нав, дар натиҷа намуди нави web-сайтро дарҳол тағир медиҳад. Иваз шудани мавқеъ ва ранги муҳтаво ва расмҳо дар сайт имконпазир аст.
  • Истифодаи сохторҳои гуногун дохили як web-сайт душвор аст. Гарчанде, ки қолабҳои гуногун барои саҳифаҳои гуногун истифода шуданашон мумкин аст, истифодаи ин эътимоднок нест. Аксарияти дизайнерҳо кодҳои гуногуни PHP-ро барои намоён, ё ки ноаён кардани сутунҳо вобаста ба мавҷуд будан ё набудани муҳтавои чопшуда дар ин ё он мавқеъ истифода мекунанд.
W3C ва дизайни беҷадвали

Соддаги дар истифода, дастраси ва қулай будан ба барномаҳои ҷустуҷӯъ нишонаҳои Web-саҳифаҳои баландсифати Интернети имруза мебошанд. Дар амалия байни ин 3 нишона алоқамандии мантиқи вуҷуд дорад ва агар Web-саҳифа соҳиби яке аз ин нишонаҳо бошад он одатан соҳиби нишонаҳои дигар аст. Рохи осонтарини расидан ба ҳар се мақсад ин риоя кардани стандартҳои W3C аст.

Масалан агар сайт сохтори хуби (X)HTML-ро доро бошад (XHTML сохтори ҳуҷҷатро муайян мекунад, наинки намуди онро) коркарди он аз тарафи барномаҳои коркарди матни дар экран буда барои одамони заифии босира дошта қулай аст. Чунин сайтҳо аз тарафи барномаҳои ҷустуҷӯи ба монанди Google самаранок хонда мешаванд.

Дар ин дарс мо қолабе бо номи “oftobak“ месозем, ки ин қолаб ба стандарти W3C ҷавобгу мебошад. Дар поён сохтори қолаби “oftobak“ нишон дода шудааст.

Сохтори қолаби oftobak:

Top (banner)
Left Main Right
Footer

Дар қисми Top асосан расмҳои сарлавҳа, логотип ҷойгир карда мешавад.

Дар қисми Left одатан модулҳои меню, хисобкунакхои омори ва дигар гуна модулҳоро чойгир кардан мумкин аст. Дар қисми Main мӯҳтавои сайт бо воситаи коди инъикос карда мешавад. Дар қисми Right бошад мо метавонем модулҳои хабар, пурсишҳо ва дигар модулхои даркориро чой карда метавонем. Дар қисми Footer ному насаби муаллиф ҷойгир карда мешавад.

Қолаби Joomla аз чунин файлу каталогҳои асосӣ иборат мебошад:

Файли index.php:

Файли index.php барои кори қолаб муҳимтарин ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин файл сохтори дизайни сайт ва мавқеъи компонентаву модулҳои гуногуни CMS Joomla муайян мешаванд. Дар ин файл нишондодҳои PHP, (X)HTML, CSS ва ҳатто JavaScript истифода мешаванд.

Коди файли index.php:

<?php
// манъ кардани иҷрои бевосита.
defined( '_JEXEC' ) or die( 'Restricted access' );
?>
<!DOCTYPE html PUBLIC "-//W3C//DTD XHTML 1.0 Transitional//EN"
"http://www.w3.org/TR/xhtml1/DTD/xhtml1-transitional.dtd">
<html xmlns="http://www.w3.org/1999/xhtml"
xml:lang="<?php echo $this->language; ?>"
lang="<?php echo $this->language; ?>" >
<head>
<jdoc:include type="head" />
<link rel="stylesheet" href="/<?php echo $this->baseurl ?>
/templates/system/css /system.css" type="text/css" />
<link rel="stylesheet" href="/<?php echo $this->baseurl ?>
/templates/system/css /general.css" type="text/css" />
<link rel="stylesheet" href="/<?php echo $this->baseurl ?>/templates/
<?php echo $this->template ?>/css/template.css" type="text/css" />
</head>
<body>
<div id="all">
<div id="header">
<div class="logo"></div>
<div class="slogan"> Дониши мо дар хизмати шумо </div>
</div>

<div id="left">
<jdoc:include type="modules" name="left" style="xhtml" />
</div>

<div id="main">
<jdoc:include type="component" />
</div>

<div id="right">
<jdoc:include type="modules" name="right" style="xhtml" />
</div>

<div id="footer">
<?php echo JText::_('Powered by') ?>
<a href="http://www.oftob.com">oftob.com</a>
</div>
</div>
</body>
</html>
Қисми коди defined( '_JEXEC' ) or die( 'Restricted access' ); - ин сатр иҷрои бевоситаи файли index.php – и қолаби Joomla – ро манъ мекунад, яъне қолаби Joomla танҳо ҳамчун қисми вобастаи системаи ягонаи CMS Joomla амал карда метавонаду халос.

Коди <!DOCTYPE html PUBLIC "-//W3C//DTD XHTML 1.0 Transitional//EN" "http://www.w3.org/TR/xhtml1/DTD/xhtml1-transitional.dtd"> - ро одатан барои риоя кардани стандартҳои W3C ҷойгир мекунанд.

Қисми коди <html xmlns="http://www.w3.org/1999/xhtml" xml:lang="<?php echo $this->language; ?>" lang="<?php echo $this->language; ?>" > - Кодировкаи ҳарфхои дар сайт инъикосшавандаро муайян мекунад.

<link rel="stylesheet" href="/<?php echo $this->baseurl ?>/templates/<?php echo $this->template ?>/css/template.css" type="text/css" /> - ин қисми код барои пайваст намудани стили сайт ба шаблон истифода бурда мешавад.

1. <div id="header">

2. <div class="logo"></div>

3. <div class="slogan">Дониши мо дар хизмати шумо</div>

4. </div>

Сатри 1-ум (селектори header) оғози қисми top. Сатри 2-ум (синфи logo) барои инъикоси логотип истифода бурда мешавад. Сатри 3 –ум (синфи slogan) барои инъикоси шиор дар сайт истифода бурда мешавад. Сатри 4 –ум ҷамбасти қисми top.

1. <div id="left">

2. <jdoc:include type="modules" name="left" style="xhtml" />

3. </div>

Сатри 1-ум (селектори left) оғози қисми left яъне тарафи чапи сайт. Сатри 2-ум ин қисми код барои инъикоси модулҳои тарафи чап дар сайт хизмат мекунад. Сатри 3-ум анҷоми қисми left.

1. <div id="main">

2. <jdoc:include type="component" />

3. </div>

Сатри 1-ум (селектори main) оғози қисми main яъне қисми асосии сайт. Сатри 2-ум ин қисми код барои иъикоси муҳтавои сайт истифода бурда мешавад.

Сатри 3-ум анҷоми қисми main.

1. <div id="right">

2. <jdoc:include type="modules" name="right" style="xhtml" />

3. </div>

Сатри 1-ум (селектори right) оғози қисми right яъне тарафи рости сайт. Сатри 2-ум ин қисми код барои инъикоси модулҳои тарафи рост дар сайт хизмат мекунад. Сатри 3-ум анҷоми қисми right.

<div id="footer">

<?php echo JText::_('Powered by') ?> <a href="http://www.oftob.org">oftob.com</a></div>

</div>

Ин қисми код барои инъикоси муаллифи сайт (шаблон) истифода бурда мешавад.

Файли templateDetails.xml:

Файли templateDetails.xml - дар ин файл маълумот оиди муаллифи қолаб, санаи сохташудани қолаб, номи қолаб ва ҳамаи файлҳои қолабро ташкилкунанда ҷамъ мешаванд:

<?xml version="1.0" encoding="utf-8"?>
<!DOCTYPE install PUBLIC "-//Joomla! 1.5//DTD template 1.0//EN"
"http://www.joomla.org/xml/dtd/1.5/template-install.dtd">
<install version="1.5" type="template">
<name>Oftobak</name>
<creationDate>4/5/09</creationDate>
<author>Oftob.com</author>
<authorEmail> Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. </authorEmail>
<authorUrl>http://www.oftob.com</authorUrl>
<copyright></copyright>
<license>GNU/GPL</license>
<version>1.0.2</version>
<description>TPL_OFTOB</description>
<files>
<filename>index.php</filename>
<filename>templateDetails.xml</filename>
<filename>template_thumbnail.png</filename>
<filename>favicon.ico</filename>
<filename>images/logo.png</filename>
<filename>css/index.html</filename>
<filename>css/template.css</filename>
</files>
<positions>
<position>breadcrumb</position>
<position>left</position>
<position>right</position>
<position>top</position>
<position>user1</position>
<position>user2</position>
<position>user3</position>
<position>user4</position>
<position>footer</position>
<position>debug</position>
<position>syndicate</position>
</positions>
</install>
Файли template_thumbnail.png:
Файли template_thumbnail.png – расми (тасвири) намуди зоҳирии сайти дар асоси ҳамин қолаб сохта шуда мебошад. Одатан ин файл андозаи 140 x 90 pixel – ро дорад.

Файли template.css:
Файли template.css – чи тавре, ки аз номи файл маълум аст, дар ин файл нишондодҳои CSS барои қолаб оварда мешаванд, яъне стилҳои қолаб дар ҳамин файл муайян мешаванд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.