Оғози кор дар С++

Печать

С++ худ яке аз намудҳои аҷоиби забонҳои барномасозӣ аст. Худи компилятор одатан миқдори ками калимаҳои махсусро (keywords) коркард карда метавонад. Ин миқдор ҳатто барои вазифаҳои хориҷкунию дохилкунӣ кофӣ нест. Ҳамаи функсияҳо дар файлҳои махсус, ба ном файлҳои сарлавҳавӣ (header files), ҷойгиранд. Биёед коди як барномаи содда, лекин воқеиро таҳлил мекунем:

//namuna01.cpp  
#include <iostream>
using namespace std;
int main() {
cout<<"Salom! In programmai avvalini man.";
return 0;
}

Ҷузъҳои ин барномаро дида мебароем. Қисми #include ин фармони препротсессор, ки ба компилятор дар бораи ба барномаи мо ҳамроҳ кардани код аз файли сарлавҳавии iostream нақл мекунад. Маҳз бо ҳамроҳ кардани файлҳои сарлавҳавӣ шумо имконияти истифодаи бисёр функсияҳои гуногунро пайдо мекунед. Масалан, барои он ки компилятор функсияи cout-ро шиносад ва иҷро кунад, iostream зарур аст.

Дигар сатри муҳим ин int main() мебошад. Ин сатр ба компилятор мефаҳмонад, ки дар барнома функсияи main() мавҷуд аст ва он функсия адади бутунро бозмегардонад (int, integer - бутун). Қафсҳои кунҷӣ { ва } нишонаи ибтидо ва интиҳои тани функсияҳо ва ё ягон қисми томи код мебошанд. Агар шумо аз забони Pascal хабар дошта бошед, { ва } ба Begin ва End монанданд.

Сатри минбаъдаи код шояд, ки аҷиб намояд. Агар шумо дар ягон забони дигар барнома навишта бошед, шумо мумкин интизори ягон шакли print барои инъикоси матн бошед. Дар С++ бошад функсияи cout барои инъикоси матн истифода бурда мешавад. Ин функсия рамзҳои < ва <-ро истифода мебарад, ки << ҳамчун оператори замима маълум аст. Нохунакҳо (") ба компилятор нақл мекунанд, ки шумо сатри байни онҳо воқеъ бударо "чӣ хеле ки ҳаст" чоп карданиед. Рамзи ; дар охири ҳар як истифодаи функсия навишта мешавад. Рамзи ; дар охири ҳар як эълони тағйирёбандаҳо низ навишта мешавад.

Сатри пеш аз охирони код фармон медиҳад, функсияи main() кори худро ба итмом расонад ва адади бутуни 0-ро бозгардонад. Ин қимат ба муҳити оператсионӣ роҳӣ карда мешавад.

Шумо бояд барномаҳои дар ин дастур овардашударо ба воситаи ягон компилятор дар амал санҷида бинед, таҳлил намоед ва қисмҳои гунонуни онҳоро тағйир дода таҷрибаҳо гузаронед. Барои ин, бояд, ки андаке хусусиятҳои компилятори худро низ омӯзед. Одатан файлҳои коди С++ қисми изофагии .cpp доранд.

Барои он ки матни минбаъда дар сатри дигари экран чоп шавад, аз калимаи махсуси endl истифода мебаранд:

//namuna02.cpp  
#include <iostream>
using namespace std;
int main() {
cout<<"Salom! In programmai duyumini man."<<endl;
cout<<"C++ behtarin zabon.";
return 0;
}

САВОЛҲО БАРОИ МУСТАҲКАМКУНӢ
1. Компилятор чист?
2. Файли iostream барои чӣ лозим аст?
3. Аломатҳои нохунак (" ") барои чӣ даркор аст?
4. Барои ба сатри дигар гузаштан кадом калимаи махсус кор фармуда мешавад?

Комментарии   

 
0 #1 донишҷӯ 16.04.2016 11:18
ташаккур барои маълумотҳо. Аз шумо талаб дорам то ҳарчи зиёдтар то ҳадди имкон маълумотҳоро та забони тоҷикӣ ба мо дастрас намоед. Пешакӣ изҳори миннатдории маро қабул намоед. Ташаккур!!!
Цитировать
 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.