HTML. Рангҳо

Печать

Дар HTML 4 шонздаҳ ранг (predefined colors) номҳои хоси худро доранд:

          
silvergraymaroongreennavypurpleoliveteal
        
whiteblackredlimebluemagentayellowcyan

Дар HTML 4 технологияи RGB истифода мешавад, ки он имконият медиҳад барои ороиши Web-саҳифа то 16777216 ранг ба кор андохта шавад.

RGB ин Red (сурх), Green (сабз), Blue (кабуд) аст. Гӯё, ки ҳаргуна ранг дар натиҷаи ба дараҷаҳои гуногун фурӯзон кардани се чароғак: чароғаки сурх, чароғаки сабз ва чароғаки кабуд ҳосил карда мешавад.

Рангҳои дигари аз 16 ранги болоӣ фарқкунанда ба воситаи нишон додани коди шонздаҳии онҳо тартиб дода мешаванд.

Эзоҳ. Хуб мешуд, ки Шумо аз муаллими математика ё барномасозӣ дар бораи системаҳои ҳисоби асосашон дуӣ, ҳаштӣ, даҳӣ ва шонздаҳӣ пурсон мешудед.

Дар системаи шонздаҳӣ мо шонздаҳ рақам дорем: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, a, b, c, d, e, f.

Барои тартиб додани коди ранг рамзи # ва шашто рақами шонздаҳӣ зарур аст: #X1X2X3 X4X5X6, ки дар ин ҷо Xi яке аз 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, a, b, c, d, e, f барои i аз 1 то 6. X1X2 - барои ранги сурх, X3X4 - барои ранги сабз, X5X6 - барои ранги кабуд. Масалан:

        
#ffffff#000000#ff0000#00ff00#0000ff#ffff00#ff00ff#00ffff
        
#ab44ff#f8ee99#c5a24d#703916#22ff44#44ff16#66ff99#bbffdd

Барои муайян кардани ранги ҳарфҳои саҳифа аз рӯи хомушӣ (default font color) нависед:
1. Дохили теги BODY, пеш аз рамзи >
TEXT=
2. "#rrggbb"
ки дар ин ҷо #rrggbb - ифодаи шонздаҳии ранг, ё
"color"
ки дар ин ҷо color - номи яке аз 16 ранги муайяншуда. Ба мавҷуд будани нохунакҳо аҳамият диҳед.

Барои муайян кардани ранги заминаи (background color) саҳифа нависед:
1. Дохили теги BODY, пеш аз рамзи >
BGCOLOR=
2. "#rrggbb"
ки дар ин ҷо #rrggbb - ифодаи шонздаҳии ранг, ё
"color"
ки дар ин ҷо color - номи яке аз 16 ранги муайяншуда. Ба мавҷуд будани нохунакҳо аҳамият дихед.

Барои иваз кардани ранги ҳарфҳо нависед:
1. Пеш аз матне, ки рангашро иваз кардан мехоҳед
<FONT COLOR=
2. "#rrggbb"
ки дар ин ҷо #rrggbb - ифодаи шонздаҳии ранг, ё
"color"
ки дар ин ҷо color - номи яке аз 16 ранги муайяншуда. Ба мавҷуд будани нохунакҳо аҳамият диҳед.
3. </FONT>

Мисоли зеринро дар Web-саҳифаи нав дохил карда, дар броузер санҷида бинед:

<!DOCTYPE HTML> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Web-саҳифаи ман!!! Рангҳо
</TITLE>
</HEAD>
<BODY TEXT="#124412" BGCOLOR="yellow">
<P>Ранги ин ҳарфҳо дар BODY муайян шудааст.
<P><FONT COLOR="red">Ҳарфҳои рангашон сурх</FONT>
<P><B><FONT COLOR="#111188">Ҳарфҳои ғафси рангашон кабуди баланд </FONT></B>
</BODY>
</HTML>

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.