HTML. Танзими матн

Печать

Қайд:
Минбаъд рақами нишондоде, ки ҳатмӣ нест (яъне онро иҷро накардан ҳам мумкин), дар қафсҳои квадратӣ [ ва ] навишта мешавад.

Сарлавҳаҳои намудҳои гуногун дар саҳифа
Мумкин аст, ки дар саҳифа якчанд намуди сарлавҳаҳо истифода шаванд.

Масалан, номи ягон боб, параграф, пункт ва зерпункт ин сарлавҳаҳои савияҳои гуногуни Web-саҳифа шуда метавонанд.

HTML имконияти сохтани то 6 савияи (level) сарлавҳаҳоро дорад.

Барои ташкили сарлавҳаи дохили Web-саҳифа нависед:
1. Дар қисми "тана", яъне байни тегҳои BODY ва /BODY:
<Hn, ки дар ин ҷо n қимат мегирад аз 1 то 6, вобаста аз он ки кадом намуди сарлавҳаро Шумо сохтаниед.
[2]. Барои муайян кардани мавқеи сарлавҳа дар сатр: тарафи чап, тарафи рост ё миёнаи он:
ALIGN=d, ки дар ин ҷо d=left, right ё center.
3. >.
4. Матни сарлавҳа.
5. </H>

Барои оғози сархати нав нависед:
1. <P
[2]. Барои муайян кардани мавқеи сархат дар саҳифа: тарафи чап, тарафи рост, миёнаи он ё аз ҳарду паҳлӯ рост будани матн:
ALIGN=d, ки дар ин ҷо d=left, right, center ё justify.
3. >.
4. Ягон матни Web-саҳифа.
[5]. </P>

Тегҳои сарлавҳа H ва хати горизонталӣ HR автоматикӣ сархат мегузоранд, бинобар ин баъди ин тегҳо навиштани теги P зарур нест. Лекин агар барои ороиши матн услубҳоро (CSS) истифода бурда истода бошед, тегро гузоштан лозим мешавад. Дар бораи технологияи услубҳо (styles) баъдтар гап мезанем.

Вақте ки сархати навро бо теги P оғоз мекунед, аксарияти броузерҳо байни сархатҳо фосилаи калон мегузоранд. Агар байни сатрҳо фосилаи калон зарур набошад, аз теги BR истифода баред.

Теги BR барои шеърҳо ё дигар намуд сатрҳои кӯтоҳ, ки бояд паси ҳам оянд қулай аст.

Мисоли зеринро дар Web-саҳифаи худ дохил карда, дар броузер санҷида бинед:

<!DOCTYPE HTML> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Web-саҳифаи ман!!!
</TITLE>
</HEAD>
<BODY>
<H1 ALIGN="left">Сарлавҳаи савияи якум</H1>
<H2 ALIGN="center">Сарлавҳаи савияи дуюм</H2>
<H4 ALIGN="right">Сарлавҳаи савияи чорум</H4>
<P ALIGN="left">Сархати якум
<P ALIGN="center">Сархати дуюм
<P ALIGN="right">Сархати сеюм
<BR>Сатри якум
<BR>Сатри дуюм
<BR>Сатри сеюм
</BODY>
</HTML>

Фарқи байни тегҳои P ва BR-ро фаҳмидед?

Комментарии   

 
0 #2 DAVLATALI 25.10.2016 15:30
салом ба админстратори сайт хохиш мекунам аз шумо ки кор кунед хамаруза маълумоти навро интизорем......

холо хам маълумот кам аст дар бораи сайтсози ва барномасози....
Цитировать
 
 
0 #1 устудент 07.01.2016 15:28
мо ду нафар аз точикистон дар донишгохи техники шахри Москав мехонем дар сохаи барномасози ое мо метонем баъди хатми донишгох дар ватан кор ебем ва сохаи веб-дизайни точикиро пеш барем ??? хаст ягон поддержка
Цитировать
 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.