HTML. Робитаҳо

Печать

Робитаҳо хусусияти фарқкунандаи WWW (World Wide Web - Тӯри Умумиҷаҳонӣ) мебошанд. Онҳо ба Шумо аз як саҳифа ба саҳифаи дигар гузаштан, нусха бардоштани файлҳо, гӯш кардани мусиқӣ, тамошо намудани филмҳоро имконият медиҳанд.

Робита (link) аз 3 қисм иборат аст: таъинот (destination), аломат (label), ҳадаф (target).

Қисми таъинот муайян мекунад, ки ҳангоми дар робита тугмачаи "мушро" пахш кардан чӣ бояд рух диҳад. Шумо метавонед робитаҳоеро созед, ки барои ягон расмро нишон додан, овоз ё мусиқиро навохтан, мактубро фиристодан, ягон барномаро ба кор андохтан ва ғайра имконият медиҳанд. Лекин аксарияти робитаҳо барои гузариш ба Web-саҳифаи дигар сохта мешаванд. Робита чӣ корро иҷро мекунад, одатан ҳангоми ишоракунаки "мушро" ба он бурдан дар сатри ҳолати (status bar) броузер инъикос мегардад. Вазифаи робита бо навиштани URL-и мувофиқ муайян мешавад.

Қисми аломат ин қисмест, ки онро хонанда мебинад ва ба он бо "муш" таъсир мерасонад, бо мақсади дастрас намудани таъинот. Аломат метавонад матн, расм ва ё ҳам расму ҳам матн бошад.

Қисми ҳадаф одатан партофта мешавад. Лекин ин қисм барои муайян кардани он ки таьинот дар куҷо бояд инъикос гардад зарур аст. Ҳадаф метавонад номи ягон window ё фрейми мавҷуда ё нав бошад.

Барои сохтани робита бо Web-саҳифаи дигар, нависед:
1. <A href='page.url'
ки дар ин ҷо page.url ин URL-и Web-саҳифаи зурурӣ мебошад.
[2]. TARGET=_blank, агар саҳифаи навро дар равзанаи (window) нав кушоданӣ бошед.
3. >.
4. Матни аломат. Ҳангоми дар он тугмачаи "мушро" пахш кардан, хонанда ба саҳифаи дар нишондоди 1 муайяншуда кӯчонида мешавад. Ин матн эҳтимолан зераш хаткашидашуда бошад ё рангаш кабуд.
5. </A> барои ба итмом расонидани муайянкунии робита.

Одатан URL-ҳои нисбӣ барои робита бо саҳифаҳои як сайт ва URL-ҳои мутлақ барои робита бо саҳифаҳои сайтҳои дигар истифода мешаванд.

Хуб аст, ки аломати робита бисёр дароз набошад. Агар робита дар ягон ҷумлаи дароз бошад, беҳтар аст, ки ягон калимаҳои махсуси ин ҷумла ба сифати аломати робита гирифта шаванд, на ин ки тамоми ҷумла.

Матни аломати робитаро ороиш додан ё ба он услубҳоро (styles) татбик кардан мумкин аст.

Барои истифодаи расм ба сифати аломати робита, нависед:
1. <A href='destination.ur'>
ки дар ин ҷо page.url ин URL-и Web-саҳифаи зурурӣ мебошад.
2. <IMG src='image.ext'.
[3]. BORDER=n
ки дар ин ҷо n - ғафсии чорчӯбаи гирди расм дар пикселҳо. Агар нахоҳед, ки гирди расм чорчӯба бошад, ба n қимати 0 бахшед.
[4]. Дигар аломатҳои теги IMG.
5. >
[6]. Матни аломат.
7. </A> барои ба итмом расонидани муайянкунии робита.

Мисоли зеринро дар Web-саҳифа дохил карда, дар броузер санҷида бинед. Мумкин аст, ки баъзе қисмҳои кодро тағйир додан зарур бошад:

<!DOCTYPE HTML> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Web-саҳифаи ман!!! Робитаҳо
</TITLE>
</HEAD>
<BODY>
<P>Ин робита бо сайти машҳури <A href="http://www.yahoo.com/">Yahoo!</A>
<P>Ин робита бо саҳифаи <A href='page02.html' TARGET=_blank>page02.html</A>, ки
дар равзанаи (window) нав кушода мешавад.
<P>Ин робита ба сифати аломат ҳам матн ва ҳам расмро дорад:
<P align="center">
<A href="http://oftob.com/">
<IMG src='photo01.jpg' WIDTH="30" HEIGHT="30" ALIGN="absmiddle" BORDER="0">
OFTOB.COM
</A>

</BODY>
</HTML>

Барои муайян кардани ранги аломати робита (link color), нависед:
1. Дохили теги BODY, пеш аз рамзи >
LINK, барои муайян кардани ранги робитаи ҳануз истифода нашуда,
VLINK, барои муайян кардани ранги робитаи истифода шуда,
ALINK, барои муайян кардани ранги робита, ҳангоми дар он хонанда тугмаи мушро пахш карданаш.
2. ="#rrggbb"
ки дар ин ҷо #rrggbb - ифодаи шонздаҳии ранг, ё
="color"
ки дар ин ҷо color - номи яке аз 16 ранги муайяншуда. Ба мавҷуд будани нохунакҳо аҳамият диҳед.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.