HTML. URL чист?

Печать

URL (Uniform Resource Locator) тарҷума мешавад "Муайянкунандаи Умумии Манбаъ". Мазмунан URL ин суроғаи web-саҳифа аст. Аз ин суроға броузер маълумот мегирад, ки кадом файл даркор аст, ин файл дар куҷо воқеъ ва бо он чӣ бояд кард.

Қисми якуми URL нақша (scheme) номида мешавад. Ин қисм ба броузер бо файле, ки онро нусха бардоштанианд, чӣ кор карданро мефаҳмонад. Нақшае, ки бисёртар истифода мебаред http (HyperText Transfer Protocol) аст, ки он барои коркарди Web-саҳифаҳо офарида шудааст. Нақшаҳои дигари маъмул ин https барои Web-саҳифаҳои махфӣ (secured), ftp (File Transfer Protocol) барои додугирифти файлҳо, mailto барои почтаи электронӣ ва file барои дастрас намудани файли дар диски локалӣ воқеъбуда мебошанд.

Қисми дуюми URL ин номи сервере, ки дар он файл ҷойгир аст.

Қисми сеюми URL ин роҳ ба файл аст, ки он дар кадом каталог ва зеркаталог воқеъ будани файлро нишон медиҳад.

Қисми чоруми URL ин номи файл аст. Бисёр вақт қисми чорум нишон дода нашуда, URL бо рамзи слэш "/" ба итмом мерасад. Дар чунин ҳолат, броузер файли аз рӯи хомушӣ муайяншударо (одатан, index.htm, index.html, default.html ё main.htm) инъикос мекунад.

Ҳангоми истифодаи нақшаҳои http, https, ftp баъди номи нақша рамзи дунуқта ":", ду слэш "//", номи сервер, слэш "/", номи каталогҳо, ки аз ҳам бо слеш "/" ҷудо шудаанд ва номи файл навишта мешаванд. Ҳангоми истифодаи нақшаи mailto, баъди ин нақша рамзи дунуқта ":" ва суроғаи почтаи электронӣ навишта мешаванд. Ба мисолҳо нигаред:

URL-ҳо ду намуд мешаванд: мутлақ ва нисбӣ. Дар URL-ҳои мутлақ ҳамаи маълумот: нақша, сарвер, роҳ, файл нишон дода мешаванд. Ин монанд аст ба суроғаи пурраи ягон кас бо нишондоди коди мамлакат, мамлакат, шаҳр, кӯча, бино, хона ва ному насаби шахс.

Зуд-зуд мо чунин тарзи нишон додани суроғаро низ истифода мебарем: "ду ҳавли поёнтар", "аз дари сурх чаптар", "баъди ин кӯча". Яъне суроға дар асоси маълумоти дигар (мавқеи ҳозира, мавқеи дар назар дошташуда) дуруст аст. Ҳамин тавр, URL-и нисби мавқеи файлро дар асоси мавқеи файле, ки дар он ин URL-и нисби омадааст, муайян мекунад.

Масалан, барои файле, ки бо файли ҷорӣ дар як каталог ҷойгир аст, URL-и нисбӣ ин номи файл аст:
'index.html'.

Агар файли даркорӣ дар зеркаталоги дохили каталоги файли ҷорӣ ҷойгир бошад, URL-и нисбӣ аз номи зеркаталог, слэш ва номи файл иборат аст:
'IMAGES/myphoto.jpg'.

Агар файли даркорӣ дар каталоге, ки каталоги файли ҷорӣ дохили он аст, ҷойгир бошад, URL-и нисбӣ аз дуто нуқта, слэш ва номи файл иборат аст:
'../content.htm'.

Агар файли даркорӣ дар зеркаталоги каталоге, ки каталоги файли ҷорӣ дохили он аст, ҷойгир бошад, URL-и нисбӣ аз дуто нуқта, слэш, номи зеркаталог ва номи файл иборат аст:
'../Chapter2/intro.htm'.

URL-ҳои мутлақ барои гузариш аз як сайт ба сайти дигар гузаштан қулай мебошанд. Истифодаи URL-ҳои нисбӣ кӯчонидани Web-саҳифаҳоро аз компютере, ки дар он сайт тайёр карда мешавад ба серверро осон мегардонад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.