PHP. Сохтори идоракунандаи while

Печать

Оператори сиклии while хело содда аст. Сохтори ин оператор чунин аст:

while(condition){ 
оператор;
}

Дар рафти кори барнома, ҳангоми навбат ба while расидан:

1) барнома ба санҷидани қисми condition мегузарад. Дар қисми condition ягон ифодаи мантиқӣ меистад;

2) ҳангоми FALSE будани қимати қисми condition иҷрои оператори while қатъ мегардад ва барнома ба иҷрои қисми баъди оператори while шурӯъ мекунад. Ҳангоми TRUE будани қимати қисми condition барнома ба иҷрои қисми оператор оғоз мекунад. Қисми оператор - тани сикл низ номида мешавад (body);

3) баъди иҷрои қисми оператор барнома боз ба пункти 2) мегузарад.

Тасвири сохтори идоракунандаи while:

Мисоли истифодаи оператори while:
namuna18.php

<?php 
$narkh = 5.35;
$miqdor = 10;

echo "<table border=\"1\" align=\"center\">";
echo "<tr><th>Миқдор</th>";
echo "<th>Нарх</th></tr>";
while ( $miqdor <= 100 ) {
echo "<tr><td>";
echo $miqdor;
echo "</td><td>";
echo $narkh * $miqdor;
echo "</td></tr>";
$miqdor += 10;
}
echo "</table>";
?>

Як мисоли дигар:

<?php
$N = rand(0, 80);
$K = rand(0, 80);
echo "Тақсимшаванда: ", $N,"<br>";
echo "Тақсимкунанда: ", $K,"<br>";
$r = $N;
$q = 0;
while($r >= $K){
$r -= $K;
$q++;
}
echo "<p>Ҳосили тақсим: ", $q,"<br>";
echo "Бақия: ", $r,"<br>";
?>

САВОЛҲО БАРОИ МУСТАҲКАМКУНӢ
1. Барномае нависед, ки сикли “беохири” while дошта бошад.
2. Барномае нависед, ки сикл бо тағйироти намуди $miqdor-=10 дошта бошад.
3. Бо истифодаи сикли while барои якчанд қиматҳои тағйирёбандаи новобаста 10 фоизашон ҳисоб карда шавад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.