PHP. Массивҳои дученака

Печать

Массивҳое, ки мо то ин дам муоина намудем массивҳои якченака номида мешаванд. Дар PHP ташкили массивҳои бисёрченака низ имконпазир аст, ки ин ҷо массивҳои дученакаро дида мебароем. Масалан, барои ифода намудани тахтаи шоҳмот массиви дученакаи 8 бар 8 лозим аст. Массивҳои дученакаро чунин тасаввур кардан мумкин аст:

[ ]   [ ]   [ ]   [ ]   ...   [ ] 
[ ] [ ] [ ] [ ] ... [ ]
[ ] [ ] [ ] [ ] ... [ ]
[ ] [ ] [ ] [ ] ... [ ]
.................................
[ ] [ ] [ ] [ ] ... [ ]

Яке мисоли массиви дученака дар PHP-ро меорем ва таҳлил мекунем:

<body> 
<h2>Массиви дученака</h2>
<table>
<?php
for($k=1;$k<=10;$k++)
for ($j=1;$j<=10;$j++)
$multable[$k][$j]=$j*$k;
for ($k=1;$k<=10;$k++) {
print "<tr>";
for ($j=1;$j<=10;$j++)
echo "<td>",$multable[$j][$k],"</td>";
print "</tr>";
}
?>
</table>
</body>

Дар ин скрипт тавассути тегҳои HTML сарлавҳаи "Массиви дученака" ва ҷадвали 10 бар 10 катака дар браузер чоп мешаванд. Дар скрипт ду ҷуфти cиклҳои for (яъне сиклҳои дуқабата) истифода шудаанд. Дар сикли дуқабатаи якум ҳосили зарби тағйирёбандаҳои j ва k ба элементҳои массиви дученакаи $multable бахшида мешавад.

Тавассути сикли дуқабатаи дуюм сатри ҷадвал (tr), катакҳои он (td) ва қимати элементҳои массив ($multable[$j][$k]) ба экран хориҷ карда мешаванд.

Мисол:

<!DOCTYPE html>
<html>
<head>
<meta http-equiv="content-type" content="text/html; charset=utf-8" />
<title>Массиви дученака. Мисолҳо</title>
</head>
<body>
<?php
$n = 6;

echo "\n<table border='1'>";
for($i=0;$i<$n;$i++) {
echo "<tr>";
for($j=0;$j<$n;$j++)
echo "<td>i = $i; j = $j</td>";
echo "</tr>";
}
echo "</table>";

echo "<br>";

echo "\n<table border='1'>";
for($i=0;$i<$n;$i++) {
echo "<tr>";
for($j=0;$j<$n;$j++)
echo "<td>x[i = $i][j = $j]</td>";
echo "</tr>";
}
echo "</table>";

echo "<br>";

echo "\n<table border='1'>";
for($i=0;$i<$n;$i++) {
echo "<tr>";
for($j=0;$j<$n;$j++)
echo "<td>x[$i][$j]</td>";
echo "</tr>";
}
echo "</table>";

echo "<br>";

echo "\n<table border='1'>";
for($i=0;$i<$n;$i++) {
echo "<tr>";
for($j=0;$j<$n;$j++){
$x[$i][$j]= $i*10+$j;
echo "<td>",$x[$i][$j],"</td>";
}
echo "</tr>";
}
echo "</table>";

echo "<br>";

echo "\n<table border='1'>";
for($i=0;$i<$n;$i++) {
echo "<tr>";
for($j=0;$j<$n;$j++){
$x[$i][$j]= rand(1,9);
echo "<td>",$x[$i][$j],"</td>";
}
echo "</tr>";
}
echo "</table>";
?>
</body>
</html>

САВОЛҲО БАРОИ МУСТАҲКАМКУНӢ
1. Ҷадвале сохта шавад, ки ранги ҳарфҳои катакҳои сатри якумаш сурх бошанд.
2. Ҷадвале сохта шавад, ки ранги ҳарфҳои катакҳои сутуни якумаш сурх бошанд.
3. Ҷадвале сохта шавад, ки ранги ҳарфҳои катакҳои диагонали асосиаш кабуд бошанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.