PHP. Намунаи сессия

Печать

Намунаи сессияи оддиро дида мебароем, ки бо се саҳифа кор мекунад. Ҳангоми ташрифи истифодабаранда ба саҳифаи якум сессия кушода мешавад ва тағйирёбандаи $username номнавис (регистрация) карда мешавад:

<?php
session_start();
$_SESSION['username'] = "safo";
echo Салом , '.$_SESSION['username']."<br>";
?>
<a href="/ session2.php">Ба дигар саҳифа </a>

Баъд аз ин истифодабаранда safo ба ишора (ссылка) пахш карда ба саҳифаи session2.php мегузарад, коди он чунин намуд дорад:

<?php
session_start();
echo $_SESSION['username'].', Шумо аз дигар саҳифаи ин сомона омадед!';
echo("<br>");
?>
<a href="/session3.php">Ба саҳифаи оянда </a>

Ҳангоми пахш намудан ба ишора, истифодабаранда ба саҳифаи session3.php мегазарад, ки дар он бекоркунии номнависии тағйирёбандаи сеанс ва нест кардани сессия иҷро карда мешавад. Коди иҷроиш чунин аст:

<?php
session_start();
unset($_SESSION['username']); // бекоркунии номнависии тағйирёбанда
echo Салом , '.$_SESSION['username'];
/* акнун номи истифодабаранда дигар бароварда намешавад*/
session_destroy(); // нест кардани сессия
?>

Баъди бекоркунии тағйирёбандаи сеанс қимати массив $_SESSION['username'] дигар дастрас нест.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.