PHP. Cookie (куки) (2)

Печать

Гузоштани вақти иҷроиши cookies

Ба таври автоматӣ cookies дар броузер ба як сеанс гузошта мешавад, вале мӯҳлати иҷроиши онро дароз кард мумкин аст. Ин хеле қулай ва фоидаовар аст, дар ин ҳолат ба истифодабаранда зарурат пеш намеояд, ки ҳар дафъа маълумотҳои худро дар сомона дохил намояд.

Мӯҳлати иҷроиши cookies бо сонияҳо гузошта мешавад, аз вақти гузошта шуда ҳисоб карда. Дар PHP функсияҳои time() ва mktime() барои кор бо сана ва вақт пешбинӣ шудаанд, онҳо имконият медиҳанд, ки вақти ҳозираро ба сонияҳо аз оғози гузоштани cookies аниқ ҳисоб кунем. Функсия time() вақти иҷроиши cookies–ро аз оғози гузоштанаш ҳисоб карда медиҳад.

Синтаксис:

  time();

Варианти мукаммали кардани фуксияи time() функсияи mktime() мебошад.

Синтаксис:

  int mktime ([int hour [, int minute [, int second [, int month 
[, int  day [, int year [, int is_dst]]]]]]])

Намунаҳои гузоштани вақти иҷроиши cookies:

<?php
  /* ин cookie 10 дақиқа вуҷуд дорад, баъд аз гузошта шуданаш */
  setcookie("name", $value, time() + 600);
  /* иҷроиши ин cookie то 25-уми январи соли 2010 нимашаб давом мекунад */
  setcookie("name", $value, mktime(0,0,0,01,25,2010));
  /* иҷроиши ин cookie дар 25–уми январи соли 2010 соати 18.00 ба охир мерасад */
  setcookie("name", $value, mktime(18,0,0,01,25,2010));
?>

Хориҷкунии cookie

Хориҷкунии cookie осон аст. Барои ин setcookie()–ро даъват карда, номи ҳамон  cookie, ки хориҷ кардан зарур аст, нишон додан кифоя мебошад:

  setcookie("name");

Дигар cookie гузошта шуда, дар ин ҳолат хориҷ карда намешаванд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.