Русско-таджикский разговорник. Поздравления

Печать
По-русски По-таджикски
С днем рождения! Зодрӯз муборак (бод/бошад)!
С Новым Годом! Соли Нав муборак (бод/бошад)!
Дай Бог всем вам здоровья и долгих лет жизни! Худо ба ҳамаи шумоён саломатӣ ва умри дароз ато намояд!
Поздравляю от всей души! Пусть Ваш сын (дочь) растет здоровым, и радует маму и папу! Аз сидқи (таҳти) дил табрик мекунам! Бигзор писаратон (духтаратон) сиҳату саломат ба воя расад ва дар хизмати падару модар бошад!
Какая прелесть! Поздравляю от всей души! Здоровья маме и сыночку (дочке)! Растите большими и здоровыми! Чӣ хел зебо (хушрӯ)! Аз сидқи дил табрик менамоям! Сиҳату саломатӣ ба модар ва писарча (духтарча) орзумандам! Калон шаванд, сиҳату саломат бошанд!
Поздравляю! Молодец! Очень рад(а) за тебя! Табрик! Аҳсан! (Офарин!) Бисёр хурсанд ҳастам!

Уважаемые коллеги! Поздравляем вас от души, желаем здоровья и долгой плодотворной жизни, мира и семейного благополучия! Желаем достигнуть в развитии отрасли невиданных результатов и сделать вклад в процветании страны.

С профессиональным праздником!

Ҳамкасбони азиз! Ҳамаи шумоёнро сидқан табрик намуда, бароятон сарбаландию саломатӣ, умри дарози бобаракат, осудагию саодати рӯзгор таманно мекунем. Хоҳони онем, ки дар рушди соҳа ба дастовардҳои беназир комёб гардида, барои шукуфоии мамлакат саҳмгузор бошед!

Иди касбӣ муборак!

Дорогие ___ и ___!
Поздравляем вас от всей души! Желаем долгой счастливой жизни и детишек полный дом! Пусть ваша семья будет дружной и крепкой!
 __ ва __-и азиз!
Шумоёнро аз сидқи дил табрик менамоем! Ба шумо умри дарози хушбахтона ва хонаи пур аз кӯдакон орзумандем! Бигзор оилаи шумо боиттифоқ ва мустаҳкам бошад!
Поздравляем с праздником Навруз! Иди Наврӯз муборак бод!

Поздравляю Вас от всей души с Праздником! Желаю Вам прежде всего здоровья, благополучия, лучших радостей жизни!
Также желаю, чтобы все желания, которые Вы храните в сердце, осуществились, и чтобы улыбка никогда не сходила с Ваших уст.
Будьте всегда таким же уважаемым и почитаемым!

Аз сидқи дил шуморо бо Ид табрик ва таҳният гуфта, барои шумо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Инчунин таманнои онро дорам, ки чӣ орзуҳои неке, ки дар дил мепарваред, ҷомаи амал пӯшанд, ва ханда аз лабони шумо дур нагардад.
Бигзор ҳамеша чунин сарбаланд ва некном бошед!
  Ассалому алейкум! Наврӯзи хуҷастапай муборак! Ин Наврӯз дар ҳафт синаш: саломатӣ, саодат, сабр, сурур, сарбаландӣ, сулҳ ва сафо ва ҳафт шинаш: шукр, шукӯҳ, шараф, шодӣ, ширинӣ, шукуфоӣ ва шодмониро насиби Шумо ва аҳли хонаводаатон гардонад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.