Русско-таджикский разговорник. Аренда квартиры

Печать
По-русски По-таджикски
Я ищу квартиру. Ман хона кофта истодаам. / Ман квартира ҷуста истодаам.
Я прочитал в газете Ваше объявление. Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) хондам.
Я пришёл по Вашему объявлению в газете. Ман аз рӯи эълони шумо дар рӯзнома (газета) омадам.
Я звоню по Вашему объявлению в Интернете. Ман аз рӯи эълони шумо дар Интернет занг мезанам.
Мне сказали, что у Вас, вероятно, есть свободная квартира. Ба ман гуфтанд, ки мумкин шумо хонаи (квартираи) холӣ дошта бошед.
Я хочу снять квартиру. Ман хона ба иҷора гирифтаниам.
Я хочу снять двухкомнатную квартиру. Ман хонаи дуҳуҷрагӣ ба иҷора гирифтанӣ ҳастам / Ман квартираи духонагӣ ба иҷора гирифтаниам.
Я хотел бы на неё взглянуть. Ман онро дидан мехоҳам.
В пятницу подойдет? Рӯзи ҷумъа мешавад?
Какой адрес? Дар кадом суроға? / Адресатон чӣ?
Каковы Ваши условия? Шартҳои шумо чӣ хеланд?
Какова оплата? Нархаш чанд аст?
Сколько надо платить в месяц? Ҳар моҳ чанд сӯм/пул додан лозим аст?
Сколько нужно заплатить сейчас? Ҳозир чанд сӯм додан лозим?
Вы можете снизить плату? Нархро пасттар карда метавонед?
Нужно будет платить за жильё каждый месяц до пятого числа. Иҷорапулиро то санаи панҷуми ҳар моҳ супоридан лозим аст.
Отопление включено в оплату? Нархи гармкунӣ ба ин дохил мешавад?
Можете дать чек? Чек дода метавонед?
Когда освободится квартира? Хона (квартира) кай холӣ мешавад?
Когда я могу въехать? Ман кай метавонам ба хона кӯчам (дароям)?
Когда Вы хотите съехать? Шумо кай аз хона меравед? / Шумо кай кӯч мебардоред?
Можно пользоваться телефоном? Телефонро истифода бурдан мумкин аст?
Можно завести домашнее животное? Ҳайвони хонагӣ нигоҳ кардан мумкин аст?
Я хочу остаться ещё на месяц. Ман боз як моҳи дигар истодан мехоҳам.
Пожалуйста, сделайте уборку. Илтимос, хонаро рӯбучин намоед (кунед).
Пожалуйста, соблюдайте чистоту и порядок. Илтимос, тозагӣ ва интизомро риоя намоед.
Пожалуйста, почините кран/холодильник/кондиционер/диван. Илтимос, кран(яхдон/кондитсионер/диван)-ро таъмир кунед.
Окно сломано. Шишаи тиреза шикаста аст.
Я этого не делал. Ман инро накардаам.
Это уже было сломано, когда я приехал. Вақте ки ман омадам, ин алакай шикастагӣ буд.
Квартира слишком шумная, холодная, дорогая. Ин хона хело серғавғо/хунук/қимат аст.
Сколько человек собирается приехать? Чанд кас омаданианд?

Комментарии   

 
-1 #2 Федя 28.09.2016 11:30
Нет слов!!!!!!! :D :lol: :roll:
Цитировать
 
 
+3 #1 habibullo 30.11.2015 07:36
просто супер
Цитировать
 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.