Русско-таджикский разговорник. Бизнес

Печать
По-русски По-таджикски
Нам нужен настоящий профессионал с высокой квалификацией. Ба мо шахси ҳақиқатан корозмудаи баландихтисос зарур аст.
Нам нужен специалист с опытом работы не менее года. Ба мо мутахассиси таҷрибаи кориаш на кам аз як сол зарур аст.
Нужно ли предоставлять статистические данные? Маълумоти омориро овардан зарур аст?
Вы подготовили резюме (доклад / презентацию)? Шумо резюме (маърӯза / намоиш)-ро омода намудед?
Её наняли в качестве переводчика (консультанта / посредника). Ӯро ба сифати тарҷумон (мушовир / миёнрав) ба кор қабул кардаанд.
Заполните эту форму. Я сообщу вам, если что-нибудь появится. Ин ҳуҷҷатро пур кунед. Ягон чӣ пайдо шавад, ман ба шумо хабар медиҳам.
Каковы требования к опыту работы для бухгалтера? Талабот ба таҷрибаи кории муҳосиб чӣ хел аст?
Какое минимальное образование должно быть у адвоката? Талабот ба маълумоти адвокат чӣ хел аст?
Какой должна быть физическая подготовка на этой работе? Тайёрии ҷисмонӣ барои ин хел кор чӣ гуна аст?
Каким образом я должен платить налоги? Андозҳоро ман чӣ тавр бояд супорам?
Какова стоимость доставки? Нархи расонидан (бурда расонидан) ҷӣ қадар аст?
Какова приблизительная стоимость этого проекта? Арзиши тақрибии ин лоиҳа чӣ қадар аст?
Надо ли нам платить НДС (Налог на Добавленную Стоимость)? Андоз ба арзиши иловагиро (НДС-ро) мо бояд супорем?
Нам может понадобиться рекламная кампания. Ба мо чорабиниҳои рекламавӣ метавонанд лозим шаванд.
Пожалуйста, выпишите счёт. Мы внесем оплату. Илтимос, ҳисоб карда навишта диҳед. Мо пардохт мекунем.
Предприятие признано банкротом. Корхона муфлис (банкрот) шинохта шудааст.
Сколько времени уйдет на транспортировку? Барои боркашонӣ чӣ қадар вақт меравад?
Требования к образованию кандидата на эту должность очень высоки. Талабот ба маълумоти номзад ба ин вазифа хело баланд аст.
Этот заказ для нас очень важен. Ин супориш ба мо хело муҳим аст.
Когда будет выполнен наш заказ? Супориши мо кай иҷро мешавад?
Вы внесли предоплату? Шумо пешпардохт намудед?
Вам надо внимательно ознакомиться с договором. Шумо бояд ки бо шартнома бодиққат шинос шавед.
Вы нарушили условие договора. Шумо шарти аҳдномаро (шартномаро) вайрон кардед.
Нам очень приятно, что все условия соблюдены. Ба мо хурсандиовар аст, ки ҳама шартҳо иҷро шудаанд.
Нам принадлежит сорок три процента (43%) рынка. Чилу се фоизи (43%) бозор азони мост.
Доходы в этом году заметно снизились (повысились). Даромад имсол намоён кам шуд (афзуд).
Инвестор был доволен. / Инвестор был недоволен. Сармоягузор қаноатманд буд. / Сармоягузор қаноатманд набуд.
Нас интересуют исключительно информационные технологии / каналы связи / перспективные идеи. Ба мо танҳо технологияҳои иттилоотӣ (шабакаҳои алоқа / ғояҳои пешрав) шавқовар ҳастанд.
Ваши прогнозы оправдались полностью. Пешбиниҳои шумо пурра амалӣ гаштанд.
Для такой ситуации мы подготовили другой вариант схемы процесса. Барои чунин ҳолат мо дигар шакли нақшаи равандро тайёр кардем.
Нам нужны три предложения от трех разных поставщиков. Ба мо се пешниҳод аз се таъминкунандаи гуногун лозиманд.
По этому поводу вечером устроим банкет! Ба ин хусус ин бегоҳ зиёфат ташкил мекунем!
Мы не можем принять такое условие. Это коррупция! Мо чунин шартро қабул карда наметавонем. Ин коррупсия аст!

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.