Асосҳои саводи молиявӣ

Печать

Он фикрҳое, ки инҷо баён шудаанд, метавонанд хато бошанд! Ҳар яки онро дар тарозуи ақли худ санҷед.

Барои амалия ва ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ ҳатман машварат ва маслиҳати мутахассисонро истифода баред!

Саводи молиявии шумо дар кадом савия аст? Саводнокии молиявиро чӣ тавр бардоштан мумкин аст? Асоси саводнокии молиявиро чиҳо ташкил медиҳанд?

Агар гумон дошта бошед, ки саводи молиявии шумо дар савияи паст аст, ин мақоларо хонед. Умедворем, ки он барои беҳтар намудани саводи молиявии шумо мадад мекунад.

Надоштани саводи молиявӣ яке аз сабабҳои асосии савияи пасти зиндагӣ ва камбизоатӣ шуданаш мумкин аст. Одами мӯҳтоҷ ва аз ҷиҳати молиявӣ бесавод дар тобеияти пул қарор дорад ва амалан маҷбур аст, ки барои танҳо хӯрок кор кунад. Агар илоҷу имконияти гирифтани саводи молиявии хуб аз мактаб (миёна ва ё олӣ) дарёфт нашуда бошад, пас ин саводро мустақилона бардоштан мумкин аст. Мо аз тарафи худ ҳаракат мекунем, ки ҳамроҳи шумо дар ин ҷода андаке бошад ҳам пеш равем.

Қисми одамон аз идораи бошуури молияи шахсӣ ва мавҷудияти таҷрибаи дигарон дар ин мавзӯъ бехабаранд. Натиҷаи эҳтимолии надоштани саводи молиявиро мо болотар зикр кардем. Бояд гуфт, ки ҳаракат дар самти андӯхтани дониш оиди идораи молияи шахсӣ солҳои охир назаррас аст. Адабиёт, сайтҳо, семинарҳо ва курсҳои гуногун оид ба саводи молиявӣ зиёдтар шуда истодаанд. Аз ин сабаб саводнокии молиявии аҳолӣ афзуда истодааст, ки ин хурсандиовар аст.

Ба шахс омӯзонидани саводи молиявӣ имконнопазир аст, агар худи ӯ инро нахоҳад. Чунки ҳангоми кӯшиши маҷбуран омӯзонидани саводи молиявӣ, аксарият дар ин мавзӯъ одатан ҳила ва фиребро интизор мешаванд. Беҳтар аст, ки зарурияти омӯхтани саводи молиявӣ аз тарафи худи одам дарк шуда интихоби худи ӯ бошад.

Инак, дар ин мақола кӯтоҳ он ҷӯзъҳоеро, ки асоси саводнокии молиявиро ташкил мекунанд, баён менамоем.

1. Муносибати дуруст ба пул. Ба пул на ҳамчун истеъмолкунандаи он, балки ҳамчун идоракунандаи он муносибат кардан лозим аст. Одам бояд дарк намояд, ки маблағе, ки дар даст дорад, натанҳо пули ӯ аст, балки метавонад молияи ӯ бошад. Яъне, аз як тараф, пули худро мо метавонем барои пардохти ин ё он мол ва ё хизматрасонӣ харҷ намоем. Аз тарафи дигар, вақте ки мо маблағи худро ба ҳаракат медарорем (дуруст ҳисоб мекунем, тақсим мекунем, мубодила мекунем) ва он ба мо боз маблағи дигарро меорад, ин маблағ молия аст. Чунин тарзи фаҳмиш ва муносибат ба пул натанҳо дуруст аст, балки ояндадор аст.

2. Банақшагирӣ ва ҳисоби молияи шахсӣ. Одам бояд тартиб додан ва ба нақша гирифтани буҷаи шахсӣ ё буҷаи оилавиро омӯзад. Одам бояд ҳисоби даромаду хароҷоти худро барад: хӯрок, роҳкиро, хизматрасониҳои коммуналӣ, телефон, ҳисоби захиравӣ, майда-чуйда ва ғайра. Ин зарур аст барои:
- донистани ҳаракатҳои молиявии худ,
- истифодаи ақлонаи захираҳои молиявии мавҷуда,
- ташкил намудани захираи пулӣ
- ҷамъ намудани маблағ барои сармоягузориҳои минбаъда.

3. Муносибат бо бонкҳо. Одам набояд аз бонкҳо тарсад. Бонк метавонад, ки шарики молиявии шумо бошад. Ҳамкории муфиди дутарафа бо бонкҳо имконпазир аст, албатта ҳангоми доштани донишу таҷрибаи муайян. Бояд дар хотир дошт, ки қарз дар ҳолатҳои зиёд чоҳи молиявӣ аст. Ба қарз зиндагӣ кардан – ба худ кофтани чоҳи молиявӣ аст. Албатта, на ҳамаи қарзҳо чунинанд. Барои рушди ин ё он кор қарз зарур буданаш мумкин аст. Депозитҳо бошад метавонанд ба имконияти хуби нигоҳ доштани захираҳои молиявии шумо мубаддал гарданд, агар хатарҳои гуногун ба мисли эҳтимолияти муфлисшавии бонк (bankrupt), беқурбшавии ин ё он асъор (devaluation, inflation) дуруст ба инобат гирифта шаванд.

4. Даромади ғайрифаъол. Саводи молиявии аҳолӣ боз аз он сабаб дар савияи на он қадар баланд боқӣ мемонад, ки аксарияти одамон корро ҳамчун ягона тарзи пур кардани буҷаи шахсӣ ё оилавӣ қабул кардаанд. Кор ё ки меҳнати фаъолона манбаи ягонаи даромад нест. Даромади ғайрифаъол низ имконпазир аст. Агар оиди бехатарии буҷаи шахсӣ ва ҳифзи буҷаи оилавӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи ногаҳонӣ фикр кунем, пас бунёд намудани манбаъҳои гуногуни даромад мувофиқи мақсад мегардад.

5. Сармоягузорӣ. Сармоягузорӣ – ҷузъи мураккабтарини саводи молиявӣ аст. Одам бояд донад, ки пул метавонад пулро офарад. Пулро натанҳо харҷ кардан мумкин аст. Пулро маҷбур кардан мумкин аст, ки даромади ғайрифаъол орад. Дар ин ҷо фаҳмидан лозим аст, ки сармоягузорӣ ҳамеша бо хатари гум кардани маблағ (risk) алоқаманд аст. Барои идора намудани ин хатар ва гуногун намудани сармоягузориҳо донишу таҷрибаҳои муайян зарур мебошанд. Ин донишу таҷрибаро бо азхуд намудани адабиёти махсус ва гузаронидани машқҳои боақлонаи амалӣ соҳиб гаштан мумкин аст.

Саводи молиявии худро сайқал диҳед. Идораи самараноки молияи худро омӯзед.

Барори кор хоҳонем!

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.