Tajik-English Phrasebook. Study. Education

Печать
In Tajik In English
Шумо донишҷӯ (студент)? / Ту донишҷӯ (студент)? Are you a student?
Ман донишҷӯ / Ман довталаб I'm a student / I'm an applicant
Ман ғоибхон I'm a correspondence student.
Дар кадом донишгоҳ ту таҳсил мекунӣ? / Дар кадом донишгоҳ шумо таҳсил мекунед? What university do you study at?
Ман дар курси сеюми донишгоҳи давлатӣ таҳсил мекунам. / Ман донишҷӯи соли сеюми донишгоҳи давлатӣ мебошам. I'm a third year student at the State University.
Ман дар курси якуми донишгоҳ мехонам. I'm a first-year student at the university.
Ман ба наздикӣ донишгоҳро хатм намудам. I recently graduated from university.
Ман ҳеҷгоҳ дар донишгоҳ таҳсил накардаам. I never studied at university.
Шумо дар кадом факултет таҳсил мекунед? At which faculty do you study?
Ман дар факултети ... мехонам. I'm studying at ... faculty.
Шумо дар куҷо мехонед (таҳсил мекунед)? / Ту дар куҷо мехонӣ? Where are you studying?
Ман дар мактаб мехонам. I'm in school.
Шумо чиро меомӯзед? / Ту чиро меомӯзӣ? What do you study?
Ман забони олмонӣ, сиёсатшиносӣ, меъмориро меомӯзам. I study German, political science, architecture.
Ман таърих, иқтисод, тибро меомӯзам. I study history, economics, medicine
Ту дар чандум курс мехонӣ? What course are you studying at?
Ман дар курси сеюм мехонам. I'm in my third year.
Муаллим / Муаллима Teacher / Teacher
Ректор / Декан Rector / Dean
Дотсент / Профессор Associate Professor / Professor
Омӯзгор Teacher (practitioner)
Лексия / Машғулияти амалӣ / Кори лабораторӣ Lecture / Practical work / Laboratory work
Шумо кор мекунед ё мехонед? Do you work or study?
Ман кор мекунам. / Ман мехонам. / Ман ҳам кор мекунам ва ҳам мехонам. I work / I study / I work and study at the same time.
Касби шумо чист? What is your profession?
Шумо дар куҷо кор мекунед? Where do you work?
Ман аз мактаб дар шонздаҳсолагӣ рафтам. I left school at the age of sixteen.
Ту мактабро дар куҷо хондаӣ? Where did you go to school?
Ман мактабро дар Тоҷикистон хондаам. I went to school in Tajikistan.
Ту боз чанд сол таҳсил мекунӣ? How old are you yet to learn?
Баъди хатм чӣ кор карданӣ ҳастӣ? What are you going to do when you're done?
Ба кор даромадан / Кор кардан Apply for a job
Ман ҳоло намедонам, ки баъди донишгоҳ чӣ кор мекунам? I don't know yet what I will do after university

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.