Tajik-English Phrasebook. Congratulations

Печать
In Tajik In English
Зодрӯз муборак (бод/бошад)! Happy Birthday!
Соли Нав муборак (бод/бошад)! Happy New Year!
Иди Ғалаба муборак бод! Happy Victory Day!
Худо ба ҳамаи шумоён саломатӣ ва умри дароз ато намояд! God grant you all health and long life!
Аз сидқи (таҳти) дил табрик мекунам! Бигзор писаратон (духтаратон) сиҳату саломат ба воя расад ва дар хизмати падару модар бошад! Heartiest congratulations! Let your son (daughter) grow up healthy, and please mom and dad!
Чӣ хел зебо (хушрӯ)! Аз сидқи дил табрик менамоям! Сиҳату саломатӣ ба модар ва писарча (духтарча) орзумандам! Калон шаванд, сиҳату саломат бошанд! How lovely! Heartiest congratulations! Health mother and son (daughter)! Grow big and healthy!
Табрик! Аҳсан! (Офарин!) Бисёр хурсанд ҳастам! Congratulations! Well done! Very happy for you!
Ҳамкасбони азиз! Ҳамаи шумоёнро сидқан табрик намуда, бароятон сарбаландию саломатӣ, умри дарози бобаракат, осудагию саодати рӯзгор таманно мекунем. Хоҳони онем, ки дар рушди соҳа ба дастовардҳои беназир комёб гардида, барои шукуфоии мамлакат саҳмгузор бошед! Иди касбӣ муборак! Dear colleagues! We congratulate you from the heart, wish you health and a long fruitful life, peace and family well-being! We wish to achieve unprecedented results in the development of the industry and contribute to the prosperity of the country. Congratulations on the professional holiday!
 __ ва __-и азиз! Шумоёнро аз сидқи дил табрик менамоем! Ба шумо умри дарози хушбахтона ва хонаи пур аз кӯдакон орзумандем! Бигзор оилаи шумо боиттифоқ ва мустаҳкам бошад! Dear ___ and ___! Congratulations from the heart! We wish a long happy life and kids a full house! Let your family be friendly and strong!
Иди Наврӯз муборак бод! Congratulations on the holiday Navruz!
Аз сидқи дил шуморо бо Ид табрик ва таҳният гуфта, барои шумо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Инчунин таманнои онро дорам, ки чӣ орзуҳои неке, ки дар дил мепарваред, ҷомаи амал пӯшанд, ва ханда аз лабони шумо дур нагардад. Бигзор ҳамеша чунин сарбаланд ва некном бошед! I congratulate you with all my heart on the Holiday! I wish you above all health, well-being, the best joys of life! Also I wish that all the desires that you keep in your heart are realized, and that the smile never leaves your lips. Be always the same respected and honoured!
Ассалому алейкум! Наврӯзи хуҷастапай муборак! Ин Наврӯз дар ҳафт синаш: саломатӣ, саодат, сабр, сурур, сарбаландӣ, сулҳ ва сафо ва ҳафт шинаш: шукр, шукӯҳ, шараф, шодӣ, ширинӣ, шукуфоӣ ва шодмониро насиби Шумо ва аҳли хонаводаатон гардонад. Hello! Congratulations on the day of Nowruz! Let Nowruz bring you and your family health, happiness, patience, joy, peace, stability and prosperity.

Комментарии   

 
-1 #1 profile 31.10.2018 20:04
Need cheap hosting? Try webhosting1st, just $10 for an year.

Цитировать
 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.