Tajik-English Phrasebook. Job

Печать
In Tajik In English
Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) дидам. I saw your ad in the newspaper.
Аз куҷо кор ёфтан мумкин аст? Where can I find work?
Ман хӯрок пухта (мошин ронда / дар компютер чоп карда / расм кашида) метавонам. I can cook (drive a car / print on a computer / draw)
Ман кор ёфтан мехоҳам. I would like to find a job.
Ман компютерҳоро (бухгалтерия / муҳосибӣ) хуб мефаҳмам. I'm good at computers (in accounting).
Ман се моҳ кор карда метавонам. I can work for three months.
Ман то сентябр кор карда метавонам. I can work until September.
Ман бегоҳҳо (рӯзҳои истироҳат / вақти дилхоҳ) кор карда метавонам. I can work in the evenings (on weekends / anytime)
Ман кори доимӣ (вақтинча) кофта истодаам. I'm looking for a permanent job.
Ман барои нимрӯз кор кофта истодаам. I'm looking for a job for half a day.
Ман барои рӯзи пурра кор кофта истодаам. I'm looking for a full-time job.
Ба ман ҳаргуна (дилхоҳ) кор лозим аст. I need any work.
Илтимос, маро ба кор гиред. Ман хело ғайрату кӯшиш мекунам. Please, take me to work. I will try very hard.
Айни ҳол ман дар ҳеҷ ҷой кор намекунам. At the moment I do not work anywhere.
Дар нисфирӯз ман танаффус дорам. At noon I have a lunch break.
Шумо ба соаташ (ба ҳар соаташ) чанд пул (сӯм) медиҳед? How much do you pay per hour?
Ман бояд андоз супорам? Do I have to pay tax?
Маош чӣ қадар аст? What is the salary?
Шумо кай маош мегиред? When do you receive a salary?
Ба ман ҳар ҳафта (ҳар моҳ) маош медиҳанд. I get paid once a week (per month).
Маоши ман то шаст ҳазор (60000) рубл дар як моҳ афзуд. My salary has risen to sixty thousand (60,000) rubles a month.
Маоши ман то панҷ (5) доллар дар як соат фаромад. My salary dropped to five (5) dollars per hour.
Ман кори маошаш хуб дорам. I have a well-paid job.
Шумо дар як рӯз чанд соат кор мекунед? How many hours a day do you work?
Ман рӯзи кории ҳаштсоата дорам. I have an eight-hour day.
Шумо корро соати чанд оғоз (сар) мекунед? At what time do you start work?
Кори ман соати ҳашти саҳар (8) оғоз меёбад (сар мешавад). My work starts at eight (8) in the morning.
Имрӯз то соати ҳафти бегоҳ кор мекунем (19:00). Today we work until seven in the evening (19:00).
Имрӯз (Фардо) ба ман рӯзи истироҳат аст. Today (tomorrow) I have a day off.
Ман ҳеҷ кор надорам. I have nothing to do.
Ман кори бисёре дорам. I have a lot of work.
Шумо ягон бор пештар бо ин машғул будед? Have you ever done this before?
Касби шумо чист? What is your profession?
Ман мактаби миёнаро хатм кардаам. I graduated from high school.
Ман маълумоти олӣ дорам. I have a higher education.
Ман иҷозатнома ба кор дорам. Мӯҳлаташ нагузаштааст. I have a work permit. It is not overdue.
Ман ихтисос дорам. I have a qualification.
Ман суғуртаи тиббӣ дорам. I have medical insurance.
Ман таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдо дорам. I have experience in trading
Ман таҷрибаи корӣ дар компютер дорам. I have experience working on the computer.
Ман таҷрибаи кории пешхизмат (офитсиант) дорам. I have experience as a waiter.
Ман таҷрибаи кории мевачинӣ дорам. I have experience in collecting fruits.
Ман таҷрибаи кории рӯбучини биноҳоро дорам. I have experience in cleaning the premises.
Ман таҷрибаи кории нигоҳубини кӯдаконро дорам. I have experience in childcare.
Ман таҷрибаи кории сохтмончигиро дорам. I have experience as a builder.
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Ман иҷозатнома барои корро (иҷозат ба корро) чӣ тавр гирам? I am a citizen of the Republic of Tajikistan. How do I get a work permit?
Иҷозатнома барои кор чанд пул аст? How much does a work permit cost?
Илтимос, намунаи аризаи гирифтани иҷозатнома барои корро диҳед. Please give me a sample application for a work permit.
Барои бе иҷозатнома кор кардан чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад? What penalty is imposed on a citizen for work without a work permit?
Аслӣ (ҳақиқӣ) будани иҷозатномаи корро чӣ тавр санҷидан мумкин аст? How to verify the authenticity of a work permit?
Мӯҳлати амали иҷозатномаи кор чӣ қадар аст? What is the validity of the work permit?
Дар иҷозатномаи кор хатогӣ шудааст. Ман чӣ кор кунам? Чӣ кор кардан мумкин аст? There was an error in the work permit. What should I do? What can be done?
Фарқият байни патент ва иҷозатномаи кор дар чист? What is the difference between a patent and a work permit?
Ба ташкилоте, ки оиди шуғли расмии шаҳрвандони хориҷӣ хизмат мерасонад, муроҷиат намоед. Contact the organization that provides services for the official employment of foreign citizens.
Ба намоянда ваколатнома (доверенность) ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои шаҳрванди хориҷие, ки манфиатҳояшро ифода мекунад, лозим мешаванд. The representative will need a power of attorney and copies of all documents of the foreign citizen, whose interests he represents.
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозатнома барои кор гирифтан зарур аст? Do Tajik citizens need a work permit?
Ба кӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор рад шуданаш мумкин аст? Who can be refused permission to work?
Ба шахси ҳуқуқӣ барои коргари бе иҷозатнома барои кор чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад? What penalty is imposed on a legal entity for an employee without a work permit?

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Произведение «OFTOB.COM» публикуется на условиях лицензии Creative Commons Attribution-NonCommercial-ShareAlike 3.0 Непортированная.