Ин дастур барои онҳое, ки пеш аз ин ягон бор барнома (программа) нанавиштаанд, ва ё соҳиби таҷрибаи барноманависӣ дар забонҳои дигар мебошанду мехоҳанд, ки ба олами афсонавии С++ ворид шаванд. Ин дастур барои ҳамаи онҳое, ки аз кори программаи бо дасти худ навиштаашон ҳаловат мебаранд.

Асосгузори забони барномарезии C++ Бярн Страуструп (Bjarne Stroustrup) мебошад.

С++ ин забони барномарезие, ки лаҳҷаҳои бисёр дорад, ба мисоли забони табие, ки соҳиби лаҳҷаҳои бисёре аст. Дар С++ лаҳҷаҳо бисёранд на барои он ки одамони онро истофодабаранда дар Ҷануб ё Шимол зиндагӣ мекунанд; балки барои он ки ин забон якчанд компиляторҳои (compiler) гуногун дорад. Масалан, се компилятори машҳуртарин инҳоянд: Microsoft Visual C++, Borland C++, GPP.

Ҳар яки ин компиляторҳо хусусиятҳои фарқкунандаи худро доранд. Лекин ҳамаи онҳо функсияҳоеро, ки дар стандарти ANSI/ISO барои забони С++ оварда шудаанд, нигоҳ медоранд. Ба ғайр аз ин, ҳар як компилятор функсияҳои ғайристандартии худро дорад (ба монанди калимаҳое, ки танҳо дар ин ё он лаҳҷа мавҷуданду халос). Бисёр вақт истифодаи функсияҳои ғайристандартӣ сабаби хатогиҳо ҳангоми компилятсияи манти ибтидоии (source code) як программаи С++ дар компиляторҳои гуногун мешавад. Кӯшиш карда шудааст, ки ин дастур аз ин камбудӣ эмин бошад. Яъне, дар ин дастур фақат функсияҳои стандартӣ истифода шудаанд. (Албатта, устодони С++ мефаҳманд, ки чунин муносибат худ соҳиби камбудиҳост. Лекин муаллиф тарафдори он ҳаст, ки омӯзишро аз ягон нуқтаи соддатар бояд оғоз намуд). Дар ин дастур матни ибтидоии барномаро бо калимаи "код" ифода мекунем.

Агар Шумо ягон компилятор дошта набошед, қатъӣ маслиҳат медиҳем, ки ягонтои онро дастрас кунед.