Печать
Категория: HTML
Просмотров: 835

Барои таъмини фосила дар атрофи расм, нависед:

1. <IMG src='imagefile.ext'
2. HSPACE=n
ки дар ин ҷо n - андозаи фосила аз чап ва рости расм дар пикселҳо.
3. VSPACE=n
ки дар ин ҷо n - андозаи фосила аз боло ва поёни расм дар пикселҳо.
4. >.

Дар баъзе ҳолатҳо зарурияти ҷойгир кардани расм дар сатр байни калимаҳо пайдо шуданаш мумкин аст.

Барои илова кардани расм миёни калимаҳо, нависед:
1. <IMG src='imagefile.ext'
ки дар ин ҷо IMG - теги инъикос кардани расм дар саҳифа, SRC - хосияти ин тег, ки кадом расм бояд инъикос шавад аниқ мекунад, imagefile.ext - роҳ, ном ва қисми изофагии номи файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.
2. ALIGN="d"
ки дар ин ҷо d метавонад яке аз ин қиматҳоро қабул кунад: texttop, top, middle, absmiddle, bottom, absbottom.
[3]. Хосиятҳои дигари теги IMG.
4. >.

Нигаред ба истифодаи теги IMG бо қиматҳои гуногуни хосияти ALIGN:

Овардани расм дар матн бо қимати texttop.

Овардани расм дар матн бо қимати top.

Овардани расм дар матн бо қимати middle.

Овардани расм дар матн бо қимати absmiddle.

Овардани расм дар матн бо қимати bottom.

Овардани расм дар матн бо қимати absbottom.

Барои ҷойгир кардани расм ё ҷузъи дигари саҳифа дар марказ, нависед:
1. <CENTER>
2. Ҷузъе, ки онро дар марказ ҷойгир кардан мехоҳед.
3. </CENTER>

Масалан, баъди навиштани сатрҳои зерин:
<CENTER>
<IMG src="/tj/photo02.jpg">
</CENTER>

расм дар марказ ҷойгир аст:

Барои кашидани хати горизонталӣ, нависед:
1. <HR
[2]. SIZE="n"
ки дар ин ҷо n - баландии хат дар пикселҳо.
[3]. WIDTH="w"
ки дар ин ҷо w - дарозии хат дар пикселҳо ё фоизҳо нисбати дарозии саҳифа.
[4]. ALIGN="d"
ки дар ин ҷо d ба left, right, center баробар шуда метавонад, вобаста аз он ки хатро дар чап, рост ё миёнаи саҳифа кашиданиед.
[5]. COLOR=
"#rrggbb"

ки дар ин ҷо #rrggbb - ифодаи шонздаҳии ранг, ё
"color"
ки дар ин чо color - номи яке аз 16 ранги муайяншуда.

Мисолҳо.
<HR>:



</CENTER>
<HR SIZE="5" WIDTH="300">:



<HR SIZE="5" WIDTH="70%" COLOR="red" ALIGN="center">:



<HR SIZE="15" WIDTH="50%" COLOR="#aaddff" ALIGN="right" NOSHADE>:


Барои муайян кардани расми заминаи (background image) саҳифа нависед:
1. Дохили теги BODY, пеш аз рамзи >
BACKGROUND="imagefile.ext"
ки дар ин ҷо imagefile.ext - роҳ, ном ва қисми изофагии файле, ки дар он расми замина нигоҳ дошта мешавад.