Печать
Категория: HTML
Просмотров: 845

Ба ин ҷадвал нигаред:

 ЯнварФеврал
 ХарочотДаромадХарочотДаромад
Сабзи 25 32 22 27
Картошка 38 35 51 16

Дар сатри якум катаки "Январ" ба ду сутун тӯл кашидааст, катаки "Феврал" низ.

Барои муттаҳид кардани катакҳои сутунҳои ҷадвал, нависед:
1. Дар ҷое, ки катаки тӯлкашида бояд ҷойгир карда шавад:
<TH ё <TD
вобаста ба он ки катаки сарлавҳа ё маълумот сохтаниед.
2. COLSPAN=n>
ки дар ин ҷо n - миқдори сутунҳое, ки ба онҳо катак тӯл кашидааст.
[3]. Матни катак.
4. Қисмҳои боқимондаи ҷадвал. Агар ба n қимати 2 бахшида бошед, дар ин сатр катакҳоро якто камтар муайян кунед. Агар ба n қимати 3 бахшида бошед, дар ин сатр катакҳоро дуто камтар муайян кунед ва ҳоказо.

Коди ҷадвали болоиро меорем:

<TABLE BORDER> 
<TR>
<TH><BR></TH>
<TH COLSPAN="2">Январ</TH>
<TH COLSPAN="2">Феврал</TH>
</TR>
<TR>
<TH><BR></TH>
<TH>Хароҷот</TH> <TH>Даромад</TH>
<TH>Хароҷот</TH> <TH>Даромад</TH>
</TR>
<TR>
<TH>Сабзӣ</TH>
<TD>25</TD> <TD>32</TD> <TD>22</T> <TD>27</TD>
</TR>
<TR>
<TH>Картошка</TH>
<TD>38</TD> <TD>35</TD> <TD>51</TD> <TD>16</TD>
</TR>
</TABLE>

Ба ин ҷадвал нигаред ва онро бо ҷадвали болоӣ мукоиса кунед:

 ЯнварФеврал
ХароҷотДаромадХароҷотДаромад
Сабзӣ 25 32 22 27
Картошка 38 35 51 16

Дар сатри якум катаки якум ба ду сатр тӯл кашидааст.

Барои муттаҳид кардани катакҳои сатрҳои ҷадвал, нависед:
1. Дар ҷое, ки катаки тӯлкашида бояд ҷойгир карда шавад:
<TH ё <TD
вобаста ба он ки катаки сарлавҳа ё маълумот сохтаниед.
2. ROWSPAN=n>
ки дар ин ҷо n - миқдори сатрҳое, ки ба онҳо катак тӯл кашидааст.
[3]. Матни катак.
4. Қисмҳои боқимондаи ҷадвал. Агар ба n қимати 2 бахшида бошед, дар як сатри минбаъда катакҳоро якто камтар муайян кунед. Агар ба n қимати 3 бахшида бошед, дар ду сатри минбаъда катакҳоро якто камтар муайян кунед ва ҳоказо.

Коди ҷадвали болоиро меорем:

<TABLE BORDER> 
<TR>
<TH ROWSPAN="2"><BR></TH>
<TH COLSPAN="2">Январ</TH>
<TH COLSPAN="2">Феврал</TH>
</TR>
<TR>
<TH>Хароҷот</TH> <TH>Даромад</TH>
<TH>Хароҷот</TH> <TH>Даромад</TH>
</TR>
<TR>
<TH>Сабзӣ</TH>
<TD>25</TD> <TD>32</TD> <TD>22</T> <TD>27</TD>
</TR>
<TR>
<TH>Картошка</TH>
<TD>38</TD> <TD>35</TD> <TD>51</TD> <TD>16</TD>
</TR>
</TABLE>

Бар ва баландии ҷадвалҳое, ки мо то ин дам сохтем, автоматикӣ мувофиқи зарурият муайян мешуданд. Бар ва баландии ҷадвалро ошкоро бо пикселҳо ва ё бо фоизҳо таъин кардан мумкин аст.

Барои муайян кардани бар ва баландии ҷадвал ё катак, нависед:
1. Дохили теги TABLE, TH ё TD, пеш аз >:
WIDTH=x, HEIGHT=y
ки дар ин ҷо x - бар ва y - баландӣ дар пикселҳо ё фоизҳо нисбати бар ва баландии экран.

Агар бар ва баландии нишондодаатон аз бар ва баландие, ки барои дар катак ҷойгир кардани маълумот хурд бошанд, компютер онҳоро бидуни назар мекунад.

Барои ҷойгир кардани ҷадвал дар марказ, нависед:
1. Дохили теги TABLE, пеш аз >:
ALIGN="center".

Барои муайян кардани мавқеи матн дар катак, нависед:
1. Дохили теги TABLE, TR, TH ё TD, пеш аз >:
ALIGN=d, ки дар ин ҷо d=left, right, center ё justify.

Барои муайян кардани мавқеи вертикалии матн дар катак, нависед:
1. Дохили теги TABLE, TR, TH ё TD, пеш аз >:
VALIGN=d, ки дар ин ҷо d=top, middle, bottom ё baseline.

Барои гузоштани расм дар заминаи ҷадвал ё катак, нависед:
1. Дохили теги TABLE, TH ё TD, пеш аз >:
BACKGROUND='image.ext', ки дар ин ҷо image.ext - роҳ, ном ва қисми иловагии номи файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.

Барои ҷойгир кардани матн дар дохили катак дар як сатр, нависед:
1. Дохили теги TH ё TD, пеш аз >:
NOWRAP.

Ба ин ҷадвал нигаред:

 ЯнварФеврал
ХароҷотДаромадХароҷотДаромад
Сабзӣ 25 32 22 27
Картошка 38 35 51 16

Барои гузоштани фосила байни катакҳои ҷадвал, нависед:
1. Дохили теги TABLE, пеш аз >:
CELLSPACING="n", ки дар ин ҷо n - дарозии фосила дар пикселҳо.

Ба ин ҷадвал нигаред ва онро бо ҷадвали болоӣ муқоиса кунед:

 ЯнварФеврал
ХароҷотДаромадХароҷотДаромад
Сабзӣ 25 32 22 27
Картошка 38 35 51 16

Барои гузоштани фосила байни сарҳадҳои катак ва матни он, нависед:
1. Дохили теги TABLE, пеш аз >:
CELLPADDING="n", ки дар ин ҷо n - дарозии фосила дар пикселҳо.

Машқ. Ана акнун Шуморо санҷиши ҷиддӣ интизор аст. Ҷадвали зеринро созед:

Cyber   OFTOB.COM
 
   Кибер 
 
 Maktab   Мактаб
 
    
OFTOB.COM