Печать
Категория: PHP
Просмотров: 871

Азбаски коди PHP-ро мо ҳамҷоя бо тегҳои HTML истифода бурда истодаем, пас дар бораи сохтани эзоҳ ҳам дар PHP ва ҳам дар HTML гап мезанем. Чӣ дар HTML ва чӣ дар PHP эзоҳҳо аз гузоштани рамзҳои махсус оғоз меёбанд. Ҳама матне, ки байни ин рамзҳо мавқеъ мегирад, вақти иҷрои код иҷро намешавад ва ба рафти иҷроиши скрипт таъсире надорад.

Тарзи тартиб додани эзоҳ дар HTML чунин аст:

<!-- This is an HTML Comment --> 

Дар HTML вазифаи асосии эзоҳ ин нигох доштани кайдҳо барои web-барномасоз ва дигарон, ки матни ибтидоии (source code) web-саҳифаро дидан мехоҳанд. Лекин эзоҳҳои дар PHP сохташуда ба коди дар броузер инъикосёбанда ҳамроҳ карда намешавад. Аз ин сабаб ягона роҳи дида тавонистани эзоҳҳои PHP ин кушодани скрипт дар ягон барномаи таҳиягари матн (text editor) мебошад. Яъне, эзоҳҳои PHP танҳо ба онҳое, ки скриптро дастрас карда метавонанд манфиат доштааст.

Дар PHP ду намудани сохтани эзоҳҳо мавҷуд аст. Намуди якум ин эзоҳи яксатра мебошад. Баробари дар сатр навиштани рамзҳои "//" ё "#" мо эзоҳи яксатраро оғоз мекунем. Эзоҳи яксатра ба интерпретатори PHP нақл мекунад, ки ҳамаи чизе ки росттар аз ин рамзҳо навишта шудааст аз тарафи интерпретатор иҷро карда нашавад. Мисол:
namuna12.php

<?php 
echo "Ин сатри аввал!"; // Ана ин ҷо шарҳу эзоҳ навиштан мумкин
echo "<br />Ин сатри дуюм."; // Ин ҷо эзоҳи дигар;
// echo "Ин сатр чоп намешавад!";
# echo "Инаш ҳам чоп намешавад";
?>

Қайд мекунем, ки дар ин намуна ду фармони охирони echo иҷро намешаванд, чунки мо онҳоро дар сатри эзоҳ навиштаем. Яъне имконияти сохтани эзоҳ натанҳо барои навиштани шарҳу эзоҳ ба ин ё он қисми код лозим аст, балки барои муваққатан манъ кардани иҷрои ин ё он сатри код истифода шуда метавонад. Эзоҳи бисёрсатра барои навиштани шарҳу эзоҳҳои бисёрсатра ё манъ кардани иҷрои якчанд сатрҳои код истифода шуданаш мумкин аст. Эзоҳи бисёрсатра бо рамзҳои /* оғоз ёфта, бо рамзҳои */ ба итмом мерасад.
namuna13.php

<?php 
/* Ин мисоли эзоҳи бисёрсатра аст.
Ин сатри дигари эзоҳ. */
echo "Санчидани эзоҳҳо!";
/*
echo "Ба ин тарз як чанд сатри кодро аз иҷрошавӣ бозмедорем!";
echo "Ин сатр ҳам иҷро намешавад!";
*/
?>

Бисёр барномасозон, ҳатто онҳое, ки барномаҳои мураккабро менависанд, барои навиштани шарҳу эзоҳ танбалӣ мекунанд ё боварӣ доранд, ки навиштани эзоҳ кори изофагӣ аст. Лекин шумо боварӣ доред, ки мазмуни ҳар як сатри навиштаатон баъди як моҳ ё як сол низ дар хотиратон меистад?

Коди худро бо шарҳу эзоҳ пур кунед, то ки худ тавонед зуд скрипти навиштаатонро ба хотир оред ва дигарон тавонанд тез ва осон скриптҳои шумо сохтаро азхуд кунанд.