Печать
Категория: Масъалаҳои шавқовари математикӣ
Просмотров: 932

Ба саволи "Бобоҷон набераи шумо чанд сола аст?", бобо чунин ҷавоб дод: "Набераи ман чанд моҳае, ки бошад, ман ҳам ҳамон қадар сол дорам ва ҳар ду дар якҷоя 78 сол дорем. Набераи ман чанд сола аст?".
Ҳал. Аз шарти масъала маълум аст, ки синни бобо аз набера 12 маротиба зиёд аст. Агар синни набера \(x\) бошад, синни бобо \(12x\) мешавад.
Пас, \(x+12x=78\).
\(13x=78\)
\(x=78:13\)
\(x=6\) мешавад.
Ҷавоб. Ҳамин тавр, набераи бобо 6 сола ва бобо \(78-6=72\) сола аст.