Печать
Категория: Масъалаҳои шавқовари математикӣ
Просмотров: 3606

Масъалаи 2.1. Мисолеро тартиб диҳед, ки ҷавобаш 100 бошад. Амалҳои зеринро истифода бурдан мумкин аст: +, –, *, /.
а) панҷ маротиба рақами 1 истифода шавад;
б) чор маротиба рақами 9 истифода шавад;
в) панҷ маротиба рақами 5 истифода шавад.

Масалан, бо 5 маротиба истифода бурдани рақами 3:
33*3+3/3 = 100.

Масъалаи 2.2. Дар оила миқдори хоҳарони ҳар як писар ба миқдори бародаронаш баробар аст. Лекин миқдори хоҳарони ҳар як духтар аз миқдори бародаронаш ду маротиба кам аст.
Дар оила ҳамагӣ чанд фарзанд ҳаст? Чандтои онҳо писар ва чандтои онҳо духтар мебошанд?

Масъалаи 2.3. Квадрат ба 9 катаки баробар (3x3) тақсим карда шуда аст. Ададҳои 1, 2, ..., 9-ро дар катакҳои ин квадрат чунон ҷойгир намоед, ки суммаи ададҳои дар катакҳо ҷойгиршуда аз рӯи сатрҳо, сутунҳо ва диагоналҳо баробар шаванд.

Масъалаи 2.4. Квадрат ба 16 катаки баробар (4x4) тақсим карда шуда аст. Ададҳои 1, 2, ..., 16-ро дар катакҳои ин квадрат чунон ҷойгир намоед, ки суммаи ададҳои дар катакҳо ҷойгиршуда аз рӯи сатрҳо, сутунҳо ва диагоналҳо баробар шаванд.

Масъалаи 2.5. Ба маҷлис 4 нафар омаданд. Ҳар яке бо ҳар яки дигаре дастфишурӣ карда вохӯрданд. Ҳамагӣ чанд дастфишурӣ ба амал омад?
Агар ба маҷлис 5 нафар омада, ҳар яке бо ҳар яки дигаре дастфишурӣ карда вохӯрданд, ҳамагӣ чанд дастфишурӣ ба амал меояд?
Агар ба маҷлис 10 нафар омада, ҳар яке бо ҳар яки дигаре дастфишурӣ карда вохӯрданд, ҳамагӣ чанд дастфишурӣ ба амал меояд?

Масъалаи 2.6. Дар синф 20 нафар талаба таҳсил мекунанд. Аз байни ин талабагон ду навбатдорро бо чанд тарз интихоб намудан мумкин аст?

Масъалаи 2.7. Дар синф 20 нафар талаба таҳсил мекунанд. Аз байни ин талабагон се навбатдорро бо чанд тарз интихоб намудан мумкин аст?

Масъалаи 2.8. Дар синф 20 нафар талаба таҳсил мекунанд. Аз байни ин талабагон сардор ва ёрдамчии сардорро бо чанд тарз интихоб намудан мумкин аст?

Масъалаи 2.9. Алӣ як нонро метавонад дар нимсоат хӯрда тамом кунад. Валӣ ҳамон нонро метавонад дар як соат хӯрда тамом кунад. Салим ҳамон нонро метавонад дар панҷ дақиқа хӯрда тамом кунад. Ҳар сеашон ин як нонро дар чанд вақт хӯрда тамом карда метавонанд?

Масъалаи 2.10. Охирон рақами адади \(3^{2002}\) чанд аст?