Печать
Категория: Масъалаҳои шавқовари математикӣ
Просмотров: 6070

Масъалаи 1.1. Вақте ки падари ман 31-сола буданд, ман 8-сола будам. Акнун падарам аз ман ду маротиба калонтар ҳастанд. Ман чандсола ҳастам?

Масъалаи 1.2. Дар миз 9 танга ҳаст. Яке аз ин тангаҳо қалбакӣ аст. Бо ду баркашии вазни тангаҳо дар тарозуи дупалла тангаи қалбакиро чӣ тавр муайян кардан мумкин аст? Тангаи қалбакӣ сабуктар аст.

Масъалаи 1.3. Дар асри XIX як муаллим ба талабагони худ супориш дод, ки ҳосили ҷамъи ададҳои бутун аз 1 то 100-ро ҳисоб намоянд. Компютер ва калкулятор он вақт мавчуд набуданд. Талабагон ба ҷамъ намудани ададҳо шурӯъ карданд. Фақат як талаба ҷавоб дурустро дар давоми якчанд сония дарёфт. Ин талаба Карл Фридрих Гаусс – математики бузурги оянда буд. Ӯ ин масъаларо чӣ тавр ҳал намуд?

Масъалаи 1.4. Се зарф дода шудааст: 1 зарфи 5-литра, ки бо шарбати себ пур аст, ва ду зарфи холие, ки яктоаш 2-литра ва дигараш 3-литра мебошанд. Ин се зарфро истифода бурда, шарбатро аз як зарф ба дигараш рехта, ҳамин тавр кардан лозим аст, ки дар зарфи 5-литра 4 литр шарбат боқӣ монад.

Масъалаи 1.5. Шаш нафар 6 моҳиро дар шаш рӯз хӯрданд. 10 кас 10 моҳиро чанд рӯз мехӯранд?

Масъалаи 1.6. Як сатили 4-литра ва як сатили 9-литра дода шудаанд. Бо истифодаи ин сатилҳо аз дарё расо 6 литр об овардан лозим аст. Инро чӣ тавр иҷро кардан мумкин аст?

Масъалаи 1.7. Алӣ ва Валӣ ҳар яке қуттии қанд доранд. Дар ҳар қуттӣ 12-тогӣ қанд ҳаст. Алӣ якчанд қанди худро хӯрд. Валӣ миқдори ба миқдори қандҳои дар қуттии Алӣ боқимонда баробарро хӯрд. Дар ҳар ду қуттӣ ҳамагӣ чанд қанд боқӣ монд?

Масъалаи 1.8. Ягон ададро фикр кунед. Онро ба 2 зарб намуда, ба натиҷа 1 ҷамъ кунед. Акнун натиҷаро ба 5 зарб карда, аз натиҷа 5-ро тарҳ намоед. Натиҷаро ба 10 тақсим кунед. Кадом адад ҳосил шуд? Барои чӣ?

Масъалаи 1.9. Ягон ададро фикр кунед. Онро ба 5 зарб намуда, ба натиҷа 2 ҷамъ кунед. Натиҷаро ба 4 зарб намуда, ба натиҷа 2 ҷамъ кунед. Акнун натиҷаро ба 5 зарб карда, ба натиҷа 2 ҷамъ намоед. Ду рақами охиронро хат занед. Кадом адад ҳосил шуд? Барои чӣ?

Масъалаи 1.10. Қаламро аз варақ наканда, як хатро ду маротиба накашида, расми зеринро кашед: