Дар гимназияи №13 2 синфи 7 (7 "а" ва 7 "б" ) ҳаст. Барои иштирок дар олимпиадаи шаҳрӣ аз байни хонандагони синфи 7 як нафарро интихоб кардан лозим аст. Барои ҳамин дар гимназия олимпиада ташкил ва гузаронида шуд. Натиҷаи олимпиадаи мактабӣ чанд хел шуд
\(A = \{Сӯҳроб, Шаҳзод, Меҳрона\}, |A|=3\)
\(B = \{Марям, Тоҳир, Амир, Ислом\}, |B|=4\)
\(1. Сӯҳроб\)
\(2. Шаҳзод\)
\(3. Меҳрона\)
\(4. Марям\)
...
Барои ҳисоб кардани миқдори тарзҳои натиҷаи олимпиада қоидаи ҷамъро истифода мебарем. Миқдори тарзҳои натиҷаи олимпиада ба \(|A|+|B| = 3+4 = 7\) баробар аст.
Ҷавоб: Натиҷаи олимпиада 7 хел шуда метавонад.