Печать
Категория: Саводи молиявӣ
Просмотров: 913

Дар ин мақола як ғояи содда ва муфидро баён карданӣ ҳастам.

Пеш аз ба даст омадани пул (гирифтани маош ё дигар даромади пулӣ) нақшаи харҷи онро ба тартиб овардан мумкин аст. Албатта нақшаи харҷи пулро баъди ба даст гирифтани он низ тартиб додан мумкин аст. Лекин фарқият дар он аст, ки миқдори пули дар даст буда охирнок аст ва нақшаи пешакӣ имконият медиҳад, ки роҳи беҳтарини харҷро фикр кунем. Як мисоли нақшаи буҷаи оилавиро меорем ва онро таҳлил мекунем.

Барои сабуктар шудани дарки мазмуни асосӣ ва соддагии ҳисобу китоб тасаввур мекунем, ки ҳаҷми даромади моҳона шартан ба 1000 сомонӣ баробар аст.

Намунаи нақшаи буҷаи оилавӣ:

СамтМиқдор (сомонӣ)Ҳисса (%)
Падар 50 5%
Модар 50 5%
Пасандоз 100 10%
Кредит (қарзҳо) 100 10%
Варзиш 40 4%
Роҳкиро (нақлиёт) 100 10%
Хӯрокворӣ 300 30%
Қувваи барқ 70 7%
Об 40 4%
Телефон 20 2%
Дигар хизматҳои коммуналӣ 30 3%
Дигар хароҷотҳо 100 10%

Албатта чунин шуданаш мумкин аст, ки даромади моҳонаи шумо камтар ва ё зиёдтар аз 1000 сомонӣ асту самти хароҷотҳои шумо низ тамоман дигар ҳастанд. Ба самтҳои дар ҷадвал овардашуда бо диққат нигоҳ кунед. Дар он ба якчанд ҷабҳаҳои муҳими зиндагӣ аҳамият дода шудааст.

Дар нақшаи буҷаи оилаи худ метавонед, ки самтҳои барои худ муносибро илова намоед ва самтҳоеро, ки ба назаратон муҳим нестанд, хориҷ намоед. Ба ҳар ҳол ҷадвали овардашударо таҳлил намоед ва ба мисли он барои худ хосро тартиб диҳед.

Шакли дигари нақшаи буҷаи оилавиро меорем:

СамтМиқдор (сомонӣ)Ҳисса (%)ЯнварФевралМарт
Падар 50 5% + + +
Модар 50 5% + + +
Пасандоз 100 10% + +  
Кредит (қарзҳо) 100 10% + + +
Варзиш 40 4% +    
Роҳкиро (нақлиёт) 100 10% + +  
Хӯрокворӣ 300 30% + +  
Қувваи барқ 70 7% + +  
Об 40 4% + +  
Телефон 20 2% + +  
Дигар хизматҳои коммуналӣ 30 3% +    
Дигар хароҷотҳо 100 10% + +  

Фарқияти ин нақша аз пештара дар он аст, ки мо метавонем ҳар моҳ самти иҷрошударо қайд кунем. Бо чунин тарз барои ҳар се моҳи оянда нақшаи алоҳидаи навро тартиб додан мумкин аст. Бо гузаштани се моҳ дидан мумкин аст, ки ба кадоме аз самтҳо чӣ қадар маблағ равона карда шуда буд.

Намунаи дигари нақшаи буҷаи оилавӣ:

Нақша барои январ
СамтНақша (сомонӣ)Амал (сомонӣ)
Падар 50 50
Модар 50 50
Пасандоз 100 100
Кредит (қарзҳо) 100 100
Варзиш 40 0
Роҳкиро (нақлиёт) 100 110
Хӯрокворӣ 300 300
Қувваи барқ 70 80
Об 40 40
Телефон 20 25
Дигар хизматҳои коммуналӣ 30 30
Дигар хароҷотҳо 100 150
Натиҷа10001035

Ин ҷавдал фарқият байни хароҷотҳои нақшавӣ ва амалиро нишон медиҳад.

Нақшаи буҷаро ҳангоми даромади номунтазам чӣ тавр тартиб додан мумкин аст?

Фаҳмост, ки на ҳама соҳиби кор бо пардохти мунтазами маоши муқарраршуда ҳастанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки дар чунин ҳолат нақшаи буҷаи оиларо сохтан мумкин нест. Дар ин ҳолат нақшасозӣ мураккабтар мегардад, лекин ба ҳар ҳол имконпазир аст.

Як тарз чунин аст. Даромади 12 моҳи охиронро ҳисоб намуда, қимати миёнаи арифметикии онро ҳамчун асос барои нақшаи буҷа гирифтан мумкин аст.

Мисол.

Даромади шавҳар дар 12 моҳи охирон: 14000 сомонӣ.
Даромади зан дар 12 моҳи охирон: 8000 сомонӣ.
Даромадҳои дигар дар 12 моҳи охирон: 2000 сомонӣ.

Аз ин ҷо хулоса чунин аст:

Даромади умумӣ дар 12 моҳи охирон: 24000 сомонӣ.
Даромади миёнаи моҳона: 2000 сомонӣ.

Яъне дар мисоли овардашуда 2000 сомониро ҳамчун асос барои нақшаи буҷаи моҳона истифода бурдан мумкин аст.

Нақшаи сохтаатонро дар қоғаз ё ҷадвали электронӣ нигоҳ доред ва ҳар моҳ ақалан як маротиба дида бароед.

Бароятон зиндагии осудаҳолона ва пурсамар хоҳонам!