Печать
Категория: Саводи молиявӣ
Просмотров: 681

Чӣ хел муайян намоем, ки ҳолати молиявии ҳар яки мо (шахсан) чӣ гуна аст? Умуман, чӣ гуна намудҳои ҳолатҳои молиявии шахс мавҷуданд?

Ҷавдалеро меорем, ки барои ҳолати молиявии шахсро муайян намудан кӯмак мекунад:

Ҳолати молиявӣ Дахлу харҷ Намуди даромад Қарз Захираи пулӣ Сармоя
Мустақил Даромад калон аз хароҷот Фаъол: иловагӣ.
Ғайрифаъол: асосӣ.
Нест Ҳаст Ҳаст
Устувор Даромад калон аз хароҷот Фаъол: асосӣ.
Ғайрифаъол: иловагӣ.
Нест Ҳаст Нест ё хурд
Хати камбизоатӣ
Ноустувор Даромад баробар ба хароҷот Фаъол: асосӣ.
Ғайрифаъол: нест.
Нест ё хурд Нест Нест
Чоҳ (чуқурӣ) Даромад хурд аз хароҷот Фаъол: асосӣ.
Ғайрифаъол: нест.
Ҳаст Нест Нест

Дар ин ҷадвал чор ҳолати молиявии шахс муайян шудаанд, ки дутои он зери “хати камбизоатӣ” воқеъ мебошанд:
1. Чоҳи молиявӣ
2. Ноустувории молиявӣ
3. Устувории молиявӣ
4. Мустақилияти молиявӣ

Ҷадвал хусусиятҳои асосии ҳар чор ҳолатро нишон медиҳад. Ин ҳолатҳоро муфассалтар дида мебароем.

Чоҳи молиявӣ

Чоҳи молиявӣ – зинаи пасттарини ҳолати молиявии инсон мебошад. Хусусияташ чунин аст, ки дар буҷаи шахсӣ қисми хароҷот аз қисми даромад зиёдтар аст. Натиҷаи чунин фарқ: мавҷудияти қарзҳо ва вуҷуд надоштани захираҳои пулӣ.

Агар шахси дар чоҳи молиявӣ буда пардохти хароҷотро аз ҳисоби гирифтани қарзҳои нав иҷро намояд, вай чоҳи худро боз чуқуртар мекунад. Ин ҳолатро фақат назорати сахти молияи шахсӣ метавонад тағйир диҳад: кам намудани хароҷот ва зиёд намудани даромад.

Ноустувории молиявӣ

Ноустувории молиявӣ ин ҳолати молиявиест, ки дар он даромади шахс (тақрибан) баробар аст ба хароҷоти ӯ. Шахсе, ки дар ҳолати молиявии ноустувор аст, чӣ қадар пул даромад дошта бошад, ҳамон қадар пул сарф мекунад. Ӯ захираи пул надорад. Аз ин сабаб, ба амал омадани ҳаргуна ҳолатҳои пешбинӣ нашуда сабаби пайдо шудани қарз мегардад. Натиҷаи ин гузариш ба савияи пасттар – чоҳи молиявӣ мешавад. Яъне ин ҷо калимаи “ноустувор” ҳолатро дуруст баён мекунад. Дар ҳолати молиявии ноустувор даромаде, ки шахс дорад, ба пӯшидани хароҷоташ мерасад, лекин баробари ин пуле боқӣ намемонад. Аз ин сабаб вазъияти ӯ нопойдор (ҷунбонак) аст.

Аз муомила бо шахсони гуногун хулоса баровардан мумкин аст, ки аксарияти одамони ҷамъияти мо дар ин ҳолати молиявии ноустувор воқеъ ҳастанд.

Устувории молиявӣ

Устувории молиявӣ – ин ҳолатест, ки дар он даромади шахс аз хароҷоти ӯ зиёдтар аст. Ҳамчун натиҷа, шахсе, ки дар чунин ҳолат қарор дорад, қарз надорад ва соҳиби захираи пулӣ аст.

Устувории молиявӣ болои хати камбизоатӣ аст, чунки мавҷудияти захираҳо имконият медиҳад, ки ҳаргуна ҳолатҳои ногаҳонӣ (масалан, гум кардани даромад) бе мушкилиҳои молиявӣ паси сар шаванд. Аз хароҷот зиёдтар будани даромад имконият медиҳад, ки захираи пулӣ тадриҷан афзояд, сармоя ташкил гардад.

Дар ҳолати молиявии устувор эҳтимолияти қадам ба қафо, яъне бозгашт ба ҳолати молиявии ноустувор, хурд аст. Одам аз хати камбизоатӣ якбор гузашта бошад, одатан (!) чунин рафтору зиндагӣ мекунад, ки дигар ақиб нагардад.

Дар ҳолатҳои зери хати камбизоатӣ одамоне ҷойгиранд, ки даромади онҳоро кори (маоши) фаъол ташкил мекунад. Яъне даромади ин одамон аз фаъолияти меҳнатии онҳо вобаста аст. Масалан, маош барои кори иҷрошуда. Дар ҳолати молиявии устувор шахс алакай соҳиби даромади ғайрифаъол низ мегардад. Масалан, даромад аз истифодаи самараноки захираҳои пулӣ, ба мисоли:

 

Мустақилияти молиявӣ

Мустақилияти молиявӣ – баландтарин савияи ҳолатҳои молиявии шахс аст. Дар ин ҳолат шахс аз пул вобаста нест. Даромади шахси молиявӣ мустақил аз хароҷоташ хело зиёд аст. Ҳолати молиявии мустақил аз ҳолати молиявии устувор бо ду хосият фарқ мекунад:
1. Даромад асосан ғайрифаъол аст.
2. Ба ғайр аз захираи пулӣ сармоя низ вуҷуд дорад, ки даромади ғайрифаъолро таъмин мекунад.

Одаме, ки дар ҳолати молиявии мустақил воқеъ аст, зарурият надорад, ки барои маҳз музд кор кунад. Албатта агар хоҳиш дошта бошад, ӯ метавонад кор кунад; барои завқи худ, на барои пул. Чунин шахс даромади ғайрифаъолро аз якчанд манбаъ мегирад. Аз ин сабаб эҳтимолияти бозгаштани ӯ ба ҳолати пасттар амалан ночиз аст.

Чӣ тавр ба ҳолати молиявии мустақил гузарем? Роҳ ба мустақилияти молиявӣ дарозу меҳнатталаб аст. Кӯшишу донишу таҷрибаи калонро талаб мекунад. Гузариш ба ин савия якбора аз чоҳи молиявӣ амалан имконнопазир аст.

Фикри шумо оиди ин мақола чӣ гуна аст?
Лутфан хоҳиш менамоем, ки шарҳу эзоҳи худро ба мо ирсол намоед!