По-русски |
По-таджикски |
Я ищу квартиру. |
Ман хона кофта истодаам. / Ман квартира ҷуста истодаам. |
Я прочитал в газете Ваше объявление. |
Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) хондам. |
Я пришёл по Вашему объявлению в газете. |
Ман аз рӯи эълони шумо дар рӯзнома (газета) омадам. |
Я звоню по Вашему объявлению в Интернете. |
Ман аз рӯи эълони шумо дар Интернет занг мезанам. |
Мне сказали, что у Вас, вероятно, есть свободная квартира. |
Ба ман гуфтанд, ки мумкин шумо хонаи (квартираи) холӣ дошта бошед. |
Я хочу снять квартиру. |
Ман хона ба иҷора гирифтаниам. |
Я хочу снять двухкомнатную квартиру. |
Ман хонаи дуҳуҷрагӣ ба иҷора гирифтанӣ ҳастам / Ман квартираи духонагӣ ба иҷора гирифтаниам. |
Я хотел бы на неё взглянуть. |
Ман онро дидан мехоҳам. |
В пятницу подойдет? |
Рӯзи ҷумъа мешавад? |
Какой адрес? |
Дар кадом суроға? / Адресатон чӣ? |
Каковы Ваши условия? |
Шартҳои шумо чӣ хеланд? |
Какова оплата? |
Нархаш чанд аст? |
Сколько надо платить в месяц? |
Ҳар моҳ чанд сӯм/пул додан лозим аст? |
Сколько нужно заплатить сейчас? |
Ҳозир чанд сӯм додан лозим? |
Вы можете снизить плату? |
Нархро пасттар карда метавонед? |
|
Нужно будет платить за жильё каждый месяц до пятого числа. |
Иҷорапулиро то санаи панҷуми ҳар моҳ супоридан лозим аст. |
Отопление включено в оплату? |
Нархи гармкунӣ ба ин дохил мешавад? |
Можете дать чек? |
Чек дода метавонед? |
Когда освободится квартира? |
Хона (квартира) кай холӣ мешавад? |
Когда я могу въехать? |
Ман кай метавонам ба хона кӯчам (дароям)? |
Когда Вы хотите съехать? |
Шумо кай аз хона меравед? / Шумо кай кӯч мебардоред? |
Можно пользоваться телефоном? |
Телефонро истифода бурдан мумкин аст? |
Можно завести домашнее животное? |
Ҳайвони хонагӣ нигоҳ кардан мумкин аст? |
Я хочу остаться ещё на месяц. |
Ман боз як моҳи дигар истодан мехоҳам. |
Пожалуйста, сделайте уборку. |
Илтимос, хонаро рӯбучин намоед (кунед). |
Пожалуйста, соблюдайте чистоту и порядок. |
Илтимос, тозагӣ ва интизомро риоя намоед. |
Пожалуйста, почините кран/холодильник/кондиционер/диван. |
Илтимос, кран(яхдон/кондитсионер/диван)-ро таъмир кунед. |
Окно сломано. |
Шишаи тиреза шикаста аст. |
Я этого не делал. |
Ман инро накардаам. |
Это уже было сломано, когда я приехал. |
Вақте ки ман омадам, ин алакай шикастагӣ буд. |
Квартира слишком шумная, холодная, дорогая. |
Ин хона хело серғавғо/хунук/қимат аст. |
Сколько человек собирается приехать? |
Чанд кас омаданианд? |