По-русски |
По-таджикски |
Нам нужен настоящий профессионал с высокой квалификацией. |
Ба мо шахси ҳақиқатан корозмудаи баландихтисос зарур аст. |
Нам нужен специалист с опытом работы не менее года. |
Ба мо мутахассиси таҷрибаи кориаш на кам аз як сол зарур аст. |
Нужно ли предоставлять статистические данные? |
Маълумоти омориро овардан зарур аст? |
Вы подготовили резюме (доклад / презентацию)? |
Шумо резюме (маърӯза / намоиш)-ро омода намудед? |
Её наняли в качестве переводчика (консультанта / посредника). |
Ӯро ба сифати тарҷумон (мушовир / миёнрав) ба кор қабул кардаанд. |
Заполните эту форму. Я сообщу вам, если что-нибудь появится. |
Ин ҳуҷҷатро пур кунед. Ягон чӣ пайдо шавад, ман ба шумо хабар медиҳам. |
Каковы требования к опыту работы для бухгалтера? |
Талабот ба таҷрибаи кории муҳосиб чӣ хел аст? |
Какое минимальное образование должно быть у адвоката? |
Талабот ба маълумоти адвокат чӣ хел аст? |
Какой должна быть физическая подготовка на этой работе? |
Тайёрии ҷисмонӣ барои ин хел кор чӣ гуна аст? |
Каким образом я должен платить налоги? |
Андозҳоро ман чӣ тавр бояд супорам? |
Какова стоимость доставки? |
Нархи расонидан (бурда расонидан) ҷӣ қадар аст? |
Какова приблизительная стоимость этого проекта? |
Арзиши тақрибии ин лоиҳа чӣ қадар аст? |
Надо ли нам платить НДС (Налог на Добавленную Стоимость)? |
Андоз ба арзиши иловагиро (НДС-ро) мо бояд супорем? |
Нам может понадобиться рекламная кампания. |
Ба мо чорабиниҳои рекламавӣ метавонанд лозим шаванд. |
Пожалуйста, выпишите счёт. Мы внесем оплату. |
Илтимос, ҳисоб карда навишта диҳед. Мо пардохт мекунем. |
|
Предприятие признано банкротом. |
Корхона муфлис (банкрот) шинохта шудааст. |
Сколько времени уйдет на транспортировку? |
Барои боркашонӣ чӣ қадар вақт меравад? |
Требования к образованию кандидата на эту должность очень высоки. |
Талабот ба маълумоти номзад ба ин вазифа хело баланд аст. |
Этот заказ для нас очень важен. |
Ин супориш ба мо хело муҳим аст. |
Когда будет выполнен наш заказ? |
Супориши мо кай иҷро мешавад? |
Вы внесли предоплату? |
Шумо пешпардохт намудед? |
Вам надо внимательно ознакомиться с договором. |
Шумо бояд ки бо шартнома бодиққат шинос шавед. |
Вы нарушили условие договора. |
Шумо шарти аҳдномаро (шартномаро) вайрон кардед. |
Нам очень приятно, что все условия соблюдены. |
Ба мо хурсандиовар аст, ки ҳама шартҳо иҷро шудаанд. |
Нам принадлежит сорок три процента (43%) рынка. |
Чилу се фоизи (43%) бозор азони мост. |
Доходы в этом году заметно снизились (повысились). |
Даромад имсол намоён кам шуд (афзуд). |
Инвестор был доволен. / Инвестор был недоволен. |
Сармоягузор қаноатманд буд. / Сармоягузор қаноатманд набуд. |
Нас интересуют исключительно информационные технологии / каналы связи / перспективные идеи. |
Ба мо танҳо технологияҳои иттилоотӣ (шабакаҳои алоқа / ғояҳои пешрав) шавқовар ҳастанд. |
Ваши прогнозы оправдались полностью. |
Пешбиниҳои шумо пурра амалӣ гаштанд. |
Для такой ситуации мы подготовили другой вариант схемы процесса. |
Барои чунин ҳолат мо дигар шакли нақшаи равандро тайёр кардем. |
Нам нужны три предложения от трех разных поставщиков. |
Ба мо се пешниҳод аз се таъминкунандаи гуногун лозиманд. |
По этому поводу вечером устроим банкет! |
Ба ин хусус ин бегоҳ зиёфат ташкил мекунем! |
Мы не можем принять такое условие. Это коррупция! |
Мо чунин шартро қабул карда наметавонем. Ин коррупсия аст! |