Печать
Категория: Русско-таджикский разговорник
Просмотров: 7010
По-русски По-таджикски
Я видел ваше объявление в газете. Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) дидам.
Где можно найти работу? Аз куҷо кор ёфтан мумкин аст?
Я умею готовить (водить машину/ печатать на компьютере / рисовать) Ман хӯрок пухта (мошин ронда / дар компютер чоп карда / расм кашида) метавонам.
Я хотел бы найти работу. Ман кор ёфтан мехоҳам.
Я хорошо разбираюсь в компьютерах (в бухгалтерии). Ман компютерҳоро (бухгалтерия / муҳосибӣ) хуб мефаҳмам.
Я смогу работать три месяца. Ман се моҳ кор карда метавонам.
Я смогу работать до сентября. Ман то сентябр кор карда метавонам.
Я могу работать по вечерам (по выходным / в любое время) Ман бегоҳҳо (рӯзҳои истироҳат / вақти дилхоҳ) кор карда метавонам.
Я ищу постоянную (непостоянную) работу. Ман кори доимӣ (вақтинча) кофта истодаам.
Я ищу работу на пол дня. Ман барои нимрӯз кор кофта истодаам.
Я ищу работу на полный рабочий день. Ман барои рӯзи пурра кор кофта истодаам.
Мне нужна любая работа. Ба ман ҳаргуна (дилхоҳ) кор лозим аст.
Пожалуйста, возьмите меня на работу. Я буду очень стараться. Илтимос, маро ба кор гиред. Ман хело ғайрату кӯшиш мекунам.
В настоящее время я нигде не работаю. Айни ҳол ман дар ҳеҷ ҷой кор намекунам.
В полдень у меня обеденный перерыв. Дар нисфирӯз ман танаффус дорам.
Сколько вы платите в час? Шумо ба соаташ (ба ҳар соаташ) чанд пул (сӯм) медиҳед?
Я должен платить налог? Ман бояд андоз супорам?
Какова зарплата? Маош чӣ қадар аст?
Когда Вы получаете зарплату? Шумо кай маош мегиред?
Мне платят раз в неделю (в месяц). Ба ман ҳар ҳафта (ҳар моҳ) маош медиҳанд.
Моя зарплата повысилась до шестидесяти тысяч (60000) рублей в месяц. Маоши ман то шаст ҳазор (60000) рубл дар як моҳ афзуд.
Моя зарплата упала до пяти (5) долларов в час. Маоши ман то панҷ (5) доллар дар як соат фаромад.
У меня хорошо оплачиваемая работа. Ман кори маошаш хуб дорам.
Сколько часов в день Вы работаете? Шумо дар як рӯз чанд соат кор мекунед?
У меня восьмичасовой рабочий день. Ман рӯзи кории ҳаштсоата дорам.
В какое время Вы начинаете работу? Шумо корро соати чанд оғоз (сар) мекунед?
Моя работа начинается в восемь (8) часов утра. Кори ман соати ҳашти саҳар (8) оғоз меёбад (сар мешавад).
Сегодня работаем до семи часов вечера (19:00). Имрӯз то соати ҳафти бегоҳ кор мекунем (19:00).
Сегодня (Завтра) у меня выходной. Имрӯз (Фардо) ба ман рӯзи истироҳат аст.
Мне нечего делать. Ман ҳеҷ кор надорам.
У меня много работы. Ман кори бисёре дорам.
Вы когда-либо прежде занимались этим? Шумо ягон бор пештар бо ин машғул будед?
Кто Вы по профессии? Касби шумо чист?
Я закончил среднюю школу. Ман мактаби миёнаро хатм кардаам.
У меня высшее образование. Ман маълумоти олӣ дорам.
У меня есть разрешение на работу. Оно не просрочено. Ман иҷозатнома ба кор дорам. Мӯҳлаташ нагузаштааст.
У меня есть квалификация. Ман ихтисос дорам.
У меня есть медицинская страховка. Ман суғуртаи тиббӣ дорам.
У меня есть опыт работы в торговле Ман таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдо дорам.
У меня есть опыт работы на компьютере. Ман таҷрибаи корӣ дар компютер дорам.
У меня есть опыт работы официантом. Ман таҷрибаи кории пешхизмат (офитсиант) дорам.
У меня есть опыт работы по сбору фруктов. Ман таҷрибаи кории мевачинӣ дорам.
У меня есть опыт работы по уборке помещений. Ман таҷрибаи кории рӯбучини биноҳоро дорам.
У меня есть опыт работы по уходу за детьми. Ман таҷрибаи кории нигоҳубини кӯдаконро дорам.
У меня есть опыт работы строителем. Ман таҷрибаи кории сохтмончигиро дорам.
Я – гражданин Республики Таджикистан. Как мне получить разрешение на работу? Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Ман иҷозатнома барои корро (иҷозат ба корро) чӣ тавр гирам?
Сколько стоит разрешение на работу? Иҷозатнома барои кор чанд пул аст?
Дайте, пожалуйста, образец заявления о выдаче разрешения на работу. Илтимос, намунаи аризаи гирифтани иҷозатнома барои корро диҳед.
Какой штраф накладывается на гражданина за работу без разрешения на работу? Барои бе иҷозатнома кор кардан чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад?
Как проверить подлинность разрешения на работу? Аслӣ (ҳақиқӣ) будани иҷозатномаи корро чӣ тавр санҷидан мумкин аст?
Каков срок действия разрешения на работу? Мӯҳлати амали иҷозатномаи кор чӣ қадар аст?
В разрешении на работу допущена ошибка. Мне что делать? Что можно сделать? Дар иҷозатномаи кор хатогӣ шудааст. Ман чӣ кор кунам? Чӣ кор кардан мумкин аст?
В чем разница между патентом и разрешением на работу? Фарқият байни патент ва иҷозатномаи кор дар чист?
Обратитесь в организацию, оказывающую услуги официального трудоустройства иностранных граждан. Ба ташкилоте, ки оиди шуғли расмии шаҳрвандони хориҷӣ хизмат мерасонад, муроҷиат намоед.
Представителю потребуются доверенность и копии всех документов иностранного гражданина, интересы которого он представляет. Ба намоянда ваколатнома (доверенность) ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои шаҳрванди хориҷие, ки манфиатҳояшро ифода мекунад, лозим мешаванд.
Нужно ли разрешение на работу гражданам Таджикистана? Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозатнома барои кор гирифтан зарур аст?
Кому может быть отказано в получении разрешения на работу? Ба кӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор рад шуданаш мумкин аст?
Какой штраф накладывается на юридическое лицо за сотрудника без разрешения на работу? Ба шахси ҳуқуқӣ барои коргари бе иҷозатнома барои кор чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад?