Мақсади ин мақола – нишон додани он, ки бо тарзи кушоди барномасозӣ низ фоидаи пулӣ гирифтан мумкин аст.
Ғояи Open Source натанҳо барои барномаҳои соф илмӣ, омӯхтани усулҳои навтарини барномасозӣ хуб аст. Балки барои амалия, ҳамчун услуби бизнес – соҳибкорӣ хуб аст. Кушод нигоҳ доштани матни барнома ҳанӯз маънои бепул барномасозӣ карданро надорад. Бо тарзи кушоди барномасозӣ низ фоидаи пулӣ гирифтан мумкин аст. Озодӣ дар барномасозӣ (Free Software) ва барномасозии бепул (Freeware) ҳодисаҳои гуногунанд.
Албатта фаҳмост, ки агар барнома созед ва онро харанд ва дар бобати он ба Шумо боз муроҷиат кунанд, онгоҳ Шумо фоидаи калон гирифтанатон мумкин аст. Мумкин аст, ки ҳатто матни барномаатонро харидорӣ кунанд. Бисёри барномасозони мо бо ҳамин хел фикрҳо кам-кам барномасозӣ мекунанду дар аксари ҳолатҳо ба мақсад намерасанд. Хайр, худ гӯед, ки барои чанд кас худ амалан барнома навиштаеду дар ин чӣ қадар пул гирифтаед? На он қадар бисёр будагист (дар аксари ҳолатҳо). Барои чӣ?
Ҷумлаи зеринро таҳлил мекунем:
Агар барнома созед ва онро харанд ва ба Шумо боз муроҷиат кунанд, онгоҳ Шумо соҳиби маблағи зиёд мешавед: барнома созед ВА онро харанд ВА ба Шумо боз муроҷиат кунанд. Барои ба мақсад расидан (success) се ҳодиса бояд рух диҳанд:
1) барнома сохта шавад;
2) барномаро харанд;
3) ба барномасоз боз муроҷиат кунанд.
Ҳар яки ин ҳодисаҳо эҳтимолияти худро соҳиб аст ва эҳтимолияти ба мақсад расидан ба ҳосили зарби эҳтимолияти ин ҳодисаҳо баробар аст:
P(мақсад)=
P(барнома сохта шавад AND барномаро харанд AND ба барномасоз боз муроҷиат кунанд)=
P(барнома сохта шавад)*P(барномаро харанд)*P(ба барномасоз боз муроҷиат кунанд)
Азбаски қимати ҳар яки P(барнома сохта шавад), P(барномаро харанд), P(ба барномасоз боз муроҷиат кунанд) аз 1 хурд аст, ҳосили зарбашон, яъне эҳтимолияти ба мақсад расидан, маблағи хуб ба даст овардан P(мақсад) боз хурдтар мешавад. Яъне дар чунин муносибат, аз ибтидо, аз сабаби зиёд будани шартҳо, тақдири барнома майл ба 0, яъне нестӣ дорад. Барои дарки ҷиддияти ин се омил онҳоро эзоҳ медиҳем:
1) Барнома сохта шавад (developing): барнома – моле, ки онро фурӯхтан даркор, бояд аз чанд ҷабҳа (намуди зоҳирӣ, дурустии амалҳо, суръат, устуворӣ, ҳаҷм) хуб бошад. Инчунин мунтазам нашрҳои нави барномаро иншоъ кардан зарур аст: таъмини мувофиқ будани барнома ба шароитҳои нав, ислоҳи хатогиҳои дарёфтшуда, илова намудани имкониятҳои нав.
2) Барномаро харанд (marketing): паҳн кардани маълумот дар бораи барнома ва ё нашрҳои нави он, ёфтани харидор, муайян кардани нарх, иҷрои шартҳои харидор.
3) Ба ту боз муроҷиат кунанд (support service): баъди харидани барнома мизоҷ метавонад дар истифодаи имкониятҳои он, мутобиқ кардани он ба заруриятҳои мизоҷ (configure) ёрӣ пурсад.
Фаҳмост, ки ҳар як барномасоз дар алоҳидагӣ нисбати ҳар як барномаи худ барои калонтар кардани эҳтимолияти ҳар яке аз се омили болоӣ амалан вақту қувваи барои ба мақсад расидан кофӣ сарф карда наметавонад. Вале кушода барномасозӣ кардан ҳам намехоҳад, чунки
1) ё дар бораи Open Source умуман хабар надорад;
2) ё тарафҳои барои бизнес фоиданоки Open Source-ро намедонад.
Акнун кӯшиш мекунам дар бораи фоида аз Free/Open Source Software (FOSS) гап занам. Қайроқумро ба хотир оред. Об, ҳаво, офтоб, қум бепул. Бизнес дар атрофи ҳамаи ин сохта шудааст. Шашлик, санаторияҳо, нушокиҳо - пулакӣ. Айнан ҳамин усулро низ дар барномасозӣ истифода метавон кард ва ширкатҳои дар FOSS коркунанда ҳамин тавр мекунанд. Барномасоз бо барнома машғул аст. Худи барнома ва мантҳои ибтидоиаш бепул дастрасанд. Ба касе, ки зарур аст, онҳоро бе ҳеҷ маҳдудият гирифта метавонад, ин рафтор демпинг нисбати барномаҳои монанди пулакӣ мешавад. Аз тарафи дигар, эҳтимолияти паҳн шудани барномаи бепул аз пулакӣ калонтар аст. Агар барнома паҳн шаваду ягон мизоҷ онро маҳз барои заруриятҳояш мутобиқ карданро талаб кунад, ин пулакӣ шуданаш мумкин. Агар дар матн худ сарфаҳм раваду дигаргун кунад – хуб аст; барнома ақалан як истифодабарандаи ашадӣ дорад.
Азбаски матн кушода аст, бисёр барномасозон онро мебинанд, бисёр гап мезананд, ба қадри имкон барнома ислоҳ мешавад, барномасозони дигар дар беҳтар кардани он ёрӣ доданашон мумкин, имконияти ба рақобат тоб овардани барнома меафзояд.
Барнома кушод бошад, он тез инкишоф меёбад ва мураккабтар шудан мегирад. Тарси он, ки барномаро аз худ мекунанду Шумо бебаҳра мемонед камтар шудан мегирад, чунки на ҳар барномасоз онро ислоҳ карда метавонистагӣ мешавад. Барномаҳои OpenOffice.org, Apache web-server бепул ва кушода, канӣ ягон тағйироти муфид дароред-чӣ?
Истифодаи барномаро омӯзонидан, мутобиқ кардани он ба ҳолати ҷудогона, дар бораи он дастур сохтан – пулакӣ шуданаш мумкин.
Мисоли 1. Ширкати Netscape броузери Mozilla Firefox-ро бепул ва кушод паҳн мекунад, ин моли ширкат – рекламаи ширкат аст. Худи ширкати Netscape аз ташкилотҳои зиёд супоришҳои тиҷоратӣ дорад.
Мисоли 2. Сабаби тез паҳн шудани компютерҳои IBM-монанд ё просессори Intel доштагӣ дар кушода будани архитектураи чунин компютерҳо аст. Ҳар кас метавонад компютерро кушояд ва бинад, ки он чӣ хел сохта шудааст ва ягон чиро ислоҳ кунад ё пешниҳод кунад.
Мисоли 3. Панҳ гаштани нашрҳои гуногуни системаи оператсионии Linux, Apache web-server ва системаи идораи манбаи маълумот MySQL, ки ҳама нармафзори озод ва матнашон кушода аст ва паҳн гаштани шабакаи Интернет дар дунё алоқамандии зич доранд. Аён аст, ки миқдори мутахассисони соҳиби кор ва ҳаҷми пули дар ин соҳа дар муомила буда сол аз сол меафзоянд.
Мислои 4. Ширкати Sun Microsystems аз Open Source лоиҳаи худ системи идоракунии манбаи маълумот MySQL фоидаи бисёрмиллиона мегирад.
Дар ин мақола тарғиб намешавад, ки ҳамаи барномаҳоятон ва матни онҳо ҳатман БОЯД бепул бошанд. Ман гуфтанӣ, ки барномаҳои бепули Шумо барои оғози ҳаракат дар бозори нармафзор ва суръати ин ҳаракатро нигоҳ доштан ҳаётан заруранд.
Агар Шумо дар роҳи офаридани нармафзори ба рақобат тобовар ба тарзи пӯшида (proprietary) муваффақ нашуда бошед, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки ин кор имконнопазир аст ва ё барномасозии касбии ватанӣ оянда надорад. Мо имконияти дар амал санҷидани услуби дигар – Open Source-ро дорем, ки барои аксарияти барномасозони мо дар асл роҳи ягонаи дар бозори маҳаллӣ забт кардани мавқеи муносиб, гирифтани натиҷаҳои амалӣ аст.
Мақола моҳи марти соли 2006 навишта шудааст.