Ин мақола дар бораи пул, муносибат ба он, саводи ибтидоии иқтисодӣ аст. Мақсади асосии ин мақола он аст, ки хонанда оиди масъалаҳои муҳокимашаванда худ фикр кунад ва хулосаҳое барорад, ки ӯро аз қадамҳои хато дар муомила бо пул нигоҳ медоранд.

Он фикрҳое, ки инҷо баён шудаанд, метавонанд хато бошанд!

Ташкили ҷамъияти муосир чунин аст, ки одам бояд пул дошта бошад. Барои хӯрок, об, роҳкиро, либос ва ғайраву ва ҳоказо пул лозим аст.

Азбаски бисёрии талаботҳои мо табиианд, табиист, ки саволи «Аз куҷо пул гирам?» пайдо мешавад. Ҷавоби ин савол ҳамту ҷавоб нест. Ин «чизи дар худ»-и Кант нест. Ҷавоби ин савол рафтори мо, сифати ҳаёти мо ва наздиконамонро, тақдиру оқибати моро муайян мекунад.

Аксарият ба мақсади дарёфти пул ба ин ё он намуди корчаллонӣ (бизнес) машғул ҳастем ва ё нақшаи дар ояндаи наздик оғоз намудани ягон кори худро дорем.

Нақшасозӣ ва ё банақшагирӣ (planning)

Нақша – маҷмӯи амалҳое, ки барои дастрас гаштани ягон мақсад равона шудаанд.

Нақшасозӣ – фаъолияти зеҳние, ки ба барпо ва сайқал намудани нақша равона шудааст.

Алоқа байни нақшасозӣ ва пешбинӣ (прогноз, forecasting) вуҷуд дорад. Пешбинӣ ин ифодаи он аст, ки оянда чӣ гуна мешавад. Нақшасозӣ ин ифодаи он аст, ки оянда чӣ гуна бояд шавад.

Як чизи аҷоибро пай бурдан мумкин аст. Нақшасозӣ ва ё банақшагирӣ хусусияти нафари кам аст. Яъне пеш аз он ки ягон кори навро оғоз намоем, нақшаи оғозу рафти ин корро бо ҷамъ овардани маълумоти зарурӣ (информацияи даркорӣ) одатан намесозем. Мумкин дар майнаи худ ягон навъи чунин нақшаро дошта бошем, лекин онро ба қоғаз навишта, норасогиҳо ва ҷойҳои номуайяни ин нақшаро таҳлил намудан, бо ҳамкорон ва ё наздикони худ муҳокима кардан аз мо нест. Дар ин нуқта агар шумо гӯед, ки «Не! Хато мекуни! Ман нақшаҳои муайяни навишташуда дорам» хело хурсандам, аммо фоизи чунин одамон чӣ қадар бошад?

Дар марҳилаи нақшасозӣ аз барномаҳои гуногуни компютерӣ, ки имконияти сохтани чадвалҳои электронӣ (spreadsheet) бо ҳисобҳои зарурӣ ва доштани тақвим (calendar) бо қайдҳоро доранд, мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Як мисол. Чавоне бо хариду фуруши мошин машғул шуданӣ буд. Як миқдор пул худаш дошт. Як миқдор аз волидайнаш гирифту ин корро оғоз намуд. Аз сабаби он ки малака дар ин кор надошт, маълумоти кофӣ оиди ин кор ғун накард, нақшаи саҳеҳ надошт, чанд миқдор пул, вақт ва асаб барбод рафтанд. Чунин мисолҳо бисёранд. Ҳамту не?

Албатта, баъди нақшаро сохтан, аз рӯи он рафтор намудан зарур аст.

Қарз ва васваса

Бонкҳои имрӯза намудҳои гуногуни қарздиҳиро пешкаш мекунанд. Мутахассисони онҳо аз паи кор ҳастанд ва хуб кор мекунанд. Фаҳмост, ки барои пеш бурдани кор ва ё оғози кори нав сармоя зарур аст. Пеш аз гирифтани қарз хуб аст, ки агар якчанд ҷадвали электронии нақшаи пардохти қарз ва фоизҳои онро бо ҳаҷмҳои гуногуни қарз, фоизҳои гуногун ва мӯҳлатҳои гуногуни пардохти бонкҳо пешкашкунандаро сохта, таҳлил карда бинед, ки кадом намуди он барои шумо мувофиқтар аст. Инчунин баробари ин ҷадвали дигареро, ки даромадҳои имконпазири шуморо инъикос мекунад, сохтан зарур аст.

Вазифа ин аст, ки даромади дар мӯҳлати қарздорӣ мегирифтагӣ аз ҳаҷми пуле, ки дар ин мӯҳлат ба бонк бозгардонидан лозим мешавад, бояд калонтар бошад. Инчунин онро ба назар гирифтан лозим аст, ки моҳе шуданаш мумкин аст, ки даромад аз нақшавӣ хурдтар мешавад. Дар ин ҳолат чӣ тавр рафтор хоҳед кард? Агар барои пардохтани қарзи як бонк аз бонки дигар ё шахсе боз пул қарз гирифтан лозим шавад, ин нишонаи он аст, ки офати иқтисодӣ наздик шуда истодааст.

Умуман, маслиҳате мавҷуд аст, ки барои оғози коре, ки хавфи (risk) калони барбод рафтани пулро дорад, қарз гирифтан манъ мекунад. Аз корҳои дигаре, ки дар онҳо мутахассис ҳастеду хавфи гум кардани пул хурд аст, маблағи заруриро ҷамъ намуда, баъд кори навро оғоз кардан мумкин будагист.

Боз як чизи шоёни диққатро баён карданӣ ҳастам. Дар чанд мавридҳо бонкҳо ва одамоне, ки ба дигарон барои иҷрои ин ё он кор қарз медиҳанд, худ низ метавонанд он корро иҷро намуда, фоидаро гиранд. Лекин онҳо дараҷаи хавфро хуб таҳлилу дарк кардаанд, бинобар ин ба онҳо беҳтар аст, ки дигаре ба ин корҳо даст занад. Ҳам қарздиҳанда ва ҳам қарзгиранда хавфи гум кардани пулро доранд, лекин дар ҳолати қарздиҳанда шартнома, ҳуқуқшиносон, амволи қарзгиранда вазифаи ҳимояро иҷро мекунанд.

Бояд фаҳмид, ки мақсади асосии бонк ё шахсе, ки қарз медихад, фоида гирифтан аст. Фоида гирифтан новобаста аз он ки қарзгиранда дар кори худ барор дорад ё не.

Албатта сармоягузорӣ ҷузъи муҳими иқтисодиёт аст. Лекин суммаи умумии даромад аз суммаи умумии хароҷот дар мӯҳлати нақшавии вақт бояд калон шавад.

Даромад ва хароҷот

Формулаи соддаро муоина мекунем:

(1) Фоида = Даромад - Хароҷот

Масалан, як чизро ба 10 сомонӣ харида, онро ба 14 сомони фурӯхтем. Дар ин мисол хароҷот 10 сомонӣ аст, даромад - 14 сомонӣ. Фоида 14-10=4 сомонӣ аст. Гумон доред, ки 4 сомонӣ ин пулест, ки онро метавонед пурра ба хоҳиши дили худ сарф кунед? Осон нагиред! Роҳкиро, андоз, иҷорапулиро кӣ медиҳад? Агар молро аз як ҷой гирифта, ба ҷои дигар бурда фурӯхта бошед, хӯрда шудани кафшатонро низ бояд ба назар гиред. Воҳима нест ин. Пас, формулаи саҳеҳтар намуди дигар дорад:

(2) Фоидаи соф = Даромад – Хароҷот – Хароҷотҳои дигар

Зарур аст, ки мо ҳам даромад, ҳам хароҷот ва ҳам хароҷотҳои дигарро ба инобат гирем. Яъне дар дафтаре агар даромаду хароҷотамо навишта шуда истода бошанд, дафтари дигаре лозим аст, ки ҳама хароҷотҳои боқимонда низ сабт шудаанд. Беҳтар аст, ки ҳамаи ин дар ҷадвалҳои электронии мувофиқ бошанд.

Фаҳмост, ки баъди ҳисобҳои мувофиқ аз рӯи формулаи (2) фоидаи соф адади мусбат бошад, пас метавон оҳи сабук кашид ва онро сарф намуд.

10 фоизе, ки шуморо сарватманд хоҳанд кард

Талаботҳои мо аз даромадҳои мо вобаста ҳастанд. Ин ҷо боз якбор қайд бояд кард, ки баъзе вақтҳо фарқи байни даромадҳои худ ва фоидае, ки мо дар асл дорем, гум мекунем.

Чӣ қадаре, ки даромадҳоямон калон шаванд, талаботҳоямон аз онҳо тезтар меафзоянд. Наздикону ёрон низ дар ин масъала кӯмаки калон мекунанд.

Аз тарафи дигар бо интизоми муайян мо метавонем талаботҳои худро (ва азони наздиконро) дар чорчӯбаи муайян нигоҳ дорем. Маслиҳате вуҷуд дорад, ки вақте ки маош ё фоида мегиред, 10 фоизи онро ба ҳисоби захиравӣ гирифта монед. Ин ҷо аҳамияти калон диҳед. Ба ҳисоби захиравӣ 10 фоизро аввал мекӯчонед. Баъд боқимондаро ба корҳои дигар сарф мекунед. Чунки одатан агар захираро охири дигар хароҷотҳо гузоред, баъди он хароҷотҳо одатан чизе боқӣ намемонад, баръакс маълум мешавад, ки боз камтаре пул зарур аст.

Маҳз ҳамин маблағе, ки ба ҳисоби захиравӣ мегузоред, маоши аслиест, ки шумо барои худ медиҳед.

10 фоиз адади ихтиёрӣ аст. Метавонед, 20 ё 50 фоизи маоши худро ба ҳисоби захиравӣ гузоред.

Фикри шумо оиди ин мақола чӣ гуна аст?
Лутфан хоҳиш менамоем, ки шарҳу эзоҳи худро ба мо ирсол намоед!