Фонди захиравии оила чист?

Фонди захиравии оила ин захираи пулие, ки барои ҳалли масъалаҳо (душвориҳо, муаммоҳо)-и таъҷилии молиявӣ ҳангоми набудани дигар воситаҳо истифода бурда мешавад. Фонди захиравии оила аз ҳисоби даромадҳои аъзоёни болиғи оила таъсис дода мешавад. Ҳисобида мешавад, ки фонди захиравии оила – яке аз тарзҳои солимгардонии буҷаи оилавӣ ва ноилшавӣ ба устуворияти молиявӣ мебошад.
Фонди захиравии оиларо дар баъзе ҳолатҳо “пасандоз ё захира барои рӯзи сиёҳ” низ меноманд. Тавсия медиҳем, ки ҳангоми аз маош ҳар моҳ пасандоз кардан дар бораи бадӣ фикр накунед. Муҳимаш ҳисси эътимод ва оромӣ аст. Фонди захиравии оила – ақибгоҳи боэътимоди молиявии шумо хоҳад буд.

Фонди захиравии оила барои чӣ лозим аст?

  • Барои қатъ гардидани ғарқ ба қарз. Ҳолати таъҷилие, ки хароҷоти ғайричашмдоштро талаб мекунад, рух доданаш мумкин аст. Ҳангоми он  ба шумо лозим намешавад, ки барои ҳалли масъалаи баамаломада пул қарз гиред. Чунки аз фонди захиравии оила истифода бурдан мумкин аст. Имконият пайдо мешавад, ки якчанд моҳҳои мушкилиро дар савияи қобили қабул аз сар гузаронед. Шумо душвориро бо қувваи худ паси сар мекунед. Қарзҳо бошанд дар даврони мушкил ҳолати молиявиро метавонанд бадтар кунанд.
  • Барои мунтазам ва дуруст риоя намудани буҷаи оилавӣ. Хароҷоти ногаҳонӣ аз ҳисоби фонди захиравии оила пӯшида мешавад. Тағйир додан ва ё аз сари нав тартиб додани буҷаи оилавӣ зарур намешавад. Албатта ҳолатҳоеро, ки аз фонди захиравии оила истифода бурдан мумкин аст, пешакӣ муайян кардан лозим аст. Масалан: беморӣ, таъмир ва ё ҷаримаи ногаҳонӣ. Барои пардохтҳои ҳатмӣ, истироҳат ва ё тӯҳфа ҳисоби алоҳидаи дигарро ташкил кардан лозим аст.
  • Барои оромӣ ва эътимод ба оянда. Вақте ки соҳиби захираи муайян ҳастед нақшагирии оянда сабуктар мегардад. Масалан, ҳангоми пайдо шудани хатари гузаштани мӯҳлати пардохти навбатии қарзи бонкӣ метавонед аз фонди захиравии оила маблағи лозимаро гиред ва ӯҳдадориро иҷро намоед. Албатта, баъд лозим мешавад, ки ҳароҷотҳо ва даромадҳоро таҳлил намоед ва ба пардохти минбаъда тайёрӣ бинед. Як мисоли дигар. Чунин шуданаш мумкин аст, ки як саҳар шумо ба ҷои кории худ меоеду мефаҳмед, ки шуморо аз кор хориҷ кардаанд. То дарёфт намудани ҷои кории нав маҳз маблағи дар фонди захиравии оила ҷамъшуда барои зиндагӣ сарф карда мешавад.
  • Барои таъмини озодӣ ҳангоми қабули қарор. Мумкин аст, ки ба шумо пешниҳод меояд, ки дар ягон кори нав сармоягузор шавед, ва ба шумо ин пешниҳод маъкул мешавад. Мавҷудияти фонди захиравии оила имконият медиҳад, ки савияи мӯътадили зиндагиро ба оилаатон дар давраи ибтидоии ин чорабинӣ таъмин намоед.

Фонди захиравии оила чӣ қадар маблағ доштанаш лозим аст?

Дар аввал “воҳиди ченак”-ро муайян менамоем. Фонди захиравии оиларо аз ҳисоби 1) даромади миёнаи оила дар як моҳ ё 2) хароҷоти миёнаи оила дар як моҳ тартиб додан мумкин аст. Тасаввур мекунем, ки даромади миёнаи моҳонаи оилаатон аз хароҷоти миёнаи моҳона хурд нест. Аз ин ҷо ҳаҷми хурдтарини фонди захиравии оила бояд ба ҳаҷми даромади як моҳи оила баробар бошад. Тавсия медиҳанд, ки ҳаҷми фонди захиравии оила тадриҷан ба даромади 3-6 моҳ баробар карда шавад. Ҳар сол як маротиба бо назардошти ҳамаи хароҷоту даромадҳои нав ҳаҷми фонди захиравии оиларо аз нав дида баромадан лозим аст.

Чӣ тавр фонди захиравии оиларо тартиб диҳем? Барои он аз куҷо пул гирем?

Агар хароҷоти оила ба даромади он наздик бошад, зарур мешавад, ки аз ҳар даромад 10 фоизи онро ба фонди захиравӣ равона намоед. Ин 10%-ро аввалан (фавран, дарҳол, даррав) ҳангоми гирифтани маблағ ба фонди захиравии оила равона кардан лозим аст. Агар фикр кунед, ки қисми маблағро ба фонди захиравӣ баъди пардохти дигар эҳтиёҷу талаботҳо равона мекунед, он гоҳ донед, ки одатан баъдан маблағе боқӣ намемонад.
Агар хароҷоти миёнаи моҳонаи оила аз даромади миёнаи моҳонаи он зиёд бошад, пас фавран даромаду хароҷотҳоро таҳлил намудан зарур аст. Роҳҳои хароҷотро камтар ва даромадро зиёдтар карданро ҷустан зарур аст.
Агар имконияти пасандоз намудани 10%-и даромадро айни ҳол надошта бошед, аз 1% оғоз намоед. Тадриҷан метавонед 2%, 5%, 10% ва ҳатто 20%-ро пасандоз намоед. Баъди ҷамъ намудани маблағи кофӣ дар фонди захиравӣ метавонед дар фикри сармоягузорӣ ва бардоштани савияи зиндагии оилаатон шавед.

Фонди захиравии оиларо дар куҷо ва дар кадом намуд нигоҳ доштан лозим аст?

Фонди захиравии оила бояд, ки дар намуди дастрас вуҷуд дошта бошад. Онро дар намуди пули нақди миллӣ, дар ҳисоби бонкӣ, дар намуди пули хориҷӣ нигоҳ доштан мумкин аст.

Бунёд намудани фонди захиравии оила кори якмоҳа нест, махсусан агар шумо дар ҳолати мушкили молиявӣ бошед. Бо вуҷуди ин, бунёди фонди захиравиро таъхир додан лозим нест.

Барои амалия ва ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ ҳатман машварат ва маслиҳати мутахассисонро истифода баред!

Фикри шумо оиди ин мақола чӣ гуна аст?
Лутфан хоҳиш менамоем, ки шарҳу эзоҳи худро ба мо ирсол намоед!