Қайд мекунем, ки расме, ки (расми одамон) бо муҳтаво алокаманд аст, қисми қолаб нест, лекин расм дар сарлавҳа қисми қолаб аст.
Истифодаи қолаб барои CMS, чи тавре ки дар Joomla аст, якчанд тарафҳои мусбат ва манфи дорад:
- Муҳтаво ва тарзи зуҳури он аз ҳам ҷудо карда шудаанд, алалхусус дар ҳолате, ки барои муайян кардани сохтор CSS истифода бурда шудааст (баръакс ба истифодаи ҷадвалҳо дар файли index.php). Ин яке аз талаботҳои асоси нисбати сайт, ки ба стандартҳои ҳозиразамони web мувофиқ аст.
- Қолаби нав, дар натиҷа намуди нави web-сайтро дарҳол тағир медиҳад. Иваз шудани мавқеъ ва ранги муҳтаво ва расмҳо дар сайт имконпазир аст.
- Истифодаи сохторҳои гуногун дохили як web-сайт душвор аст. Гарчанде, ки қолабҳои гуногун барои саҳифаҳои гуногун истифода шуданашон мумкин аст, истифодаи ин эътимоднок нест. Аксарияти дизайнерҳо кодҳои гуногуни PHP-ро барои намоён, ё ки ноаён кардани сутунҳо вобаста ба мавҷуд будан ё набудани муҳтавои чопшуда дар ин ё он мавқеъ истифода мекунанд.
Соддаги дар истифода, дастраси ва қулай будан ба барномаҳои ҷустуҷӯъ нишонаҳои Web-саҳифаҳои баландсифати Интернети имруза мебошанд. Дар амалия байни ин 3 нишона алоқамандии мантиқи вуҷуд дорад ва агар Web-саҳифа соҳиби яке аз ин нишонаҳо бошад он одатан соҳиби нишонаҳои дигар аст. Рохи осонтарини расидан ба ҳар се мақсад ин риоя кардани стандартҳои W3C аст.
Масалан агар сайт сохтори хуби (X)HTML-ро доро бошад (XHTML сохтори ҳуҷҷатро муайян мекунад, наинки намуди онро) коркарди он аз тарафи барномаҳои коркарди матни дар экран буда барои одамони заифии босира дошта қулай аст. Чунин сайтҳо аз тарафи барномаҳои ҷустуҷӯи ба монанди Google самаранок хонда мешаванд.
Дар ин дарс мо қолабе бо номи “oftobak“ месозем, ки ин қолаб ба стандарти W3C ҷавобгу мебошад. Дар поён сохтори қолаби “oftobak“ нишон дода шудааст.
Сохтори қолаби oftobak:
Top (banner) | ||
Left | Main | Right |
Footer |
Дар қисми Top асосан расмҳои сарлавҳа, логотип ҷойгир карда мешавад.
Дар қисми Left одатан модулҳои меню, хисобкунакхои омори ва дигар гуна модулҳоро чойгир кардан мумкин аст. Дар қисми Main мӯҳтавои сайт бо воситаи коди инъикос карда мешавад. Дар қисми Right бошад мо метавонем модулҳои хабар, пурсишҳо ва дигар модулхои даркориро чой карда метавонем. Дар қисми Footer ному насаби муаллиф ҷойгир карда мешавад.
Қолаби Joomla аз чунин файлу каталогҳои асосӣ иборат мебошад:
Файли index.php:
Файли index.php барои кори қолаб муҳимтарин ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин файл сохтори дизайни сайт ва мавқеъи компонентаву модулҳои гуногуни CMS Joomla муайян мешаванд. Дар ин файл нишондодҳои PHP, (X)HTML, CSS ва ҳатто JavaScript истифода мешаванд.
Коди файли index.php:
// манъ кардани иҷрои бевосита.xml:lang="language; ?>"
defined( '_JEXEC' ) or die( 'Restricted access' );
?>
"http://www.w3.org/TR/xhtml1/DTD/xhtml1-transitional.dtd">
lang="language; ?>" >
Қисми коди defined( '_JEXEC' ) or die( 'Restricted access' ); - ин сатр иҷрои бевоситаи файли index.php – и қолаби Joomla – ро манъ мекунад, яъне қолаби Joomla танҳо ҳамчун қисми вобастаи системаи ягонаи CMS Joomla амал карда метавонаду халос.
Коди - ро одатан барои риоя кардани стандартҳои W3C ҷойгир мекунанд.
Қисми коди - Кодировкаи ҳарфхои дар сайт инъикосшавандаро муайян мекунад.
- ин қисми код барои пайваст намудани стили сайт ба шаблон истифода бурда мешавад.
1.
2.
3.
4.
Сатри 1-ум (селектори header) оғози қисми top. Сатри 2-ум (синфи logo) барои инъикоси логотип истифода бурда мешавад. Сатри 3 –ум (синфи slogan) барои инъикоси шиор дар сайт истифода бурда мешавад. Сатри 4 –ум ҷамбасти қисми top.
1.
2.
3.
Сатри 1-ум (селектори left) оғози қисми left яъне тарафи чапи сайт. Сатри 2-ум ин қисми код барои инъикоси модулҳои тарафи чап дар сайт хизмат мекунад. Сатри 3-ум анҷоми қисми left.
1.
2.
3.
Сатри 1-ум (селектори main) оғози қисми main яъне қисми асосии сайт. Сатри 2-ум ин қисми код барои иъикоси муҳтавои сайт истифода бурда мешавад.
Сатри 3-ум анҷоми қисми main.
1.
2.
3.
Сатри 1-ум (селектори right) оғози қисми right яъне тарафи рости сайт. Сатри 2-ум ин қисми код барои инъикоси модулҳои тарафи рост дар сайт хизмат мекунад. Сатри 3-ум анҷоми қисми right.