Ороиши матн дар html-файл аз ороиши матн дар файлҳои намудҳои дигар (doc, pdf, cdr ва гайра) фарқ дорад. Фаҳмидан зарур аст, ки созандаи сайт онро, ки хонанда чӣ гуна Web-саҳифаи сохтаашро мебинад, пурра идора карда наметавонад. Чунки хонанда метавонад саҳифаро дар IE, Netscape, Mozilla ё броузери дигар, дар муҳити Windows, Linux ё Mac кушояд, ки иҷрои тегҳо дар онҳо гуногун буданаш мумкин аст.

Барои муайян кардани андозаи ҳарфҳои саҳифа аз рӯи хомушӣ (default font size) нависед:
1. Баъди сатре, ки дар он теги BODY омадааст
<BASEFONT SIZE="n">
ки дар ин ҷо n - адади бутуни байни 1 ва 7. Аз рӯи хомушӣ, яъне агар Шумо андозаро муайян накунед, ин қимат ба 3 баробар аст.

Барои ғафс (bold) кардани ҳарфҳо нависед:
1. <B> пеш аз матне, ки намудашро ғафс кардан мехоҳед.
2. Матне, ки намудашро ғафс кардан мехоҳед.
3. </B>.

Барои каҷ (italic) кардани ҳарфҳо нависед:
1. <I> пеш аз матне, ки намудашро каҷ кардан мехоҳед.
2. Матне, ки намудашро каҷ кардан мехоҳед.
3. </I>.

Барои зери ҳарфҳо хат кашидан (underlined) нависед:
1. <U> пеш аз матне, ки зераш хат кашидан мехоҳед.
2. Матне, ки зераш хат кашидан мехоҳед.
3. </U>.

Барои иваз кардани андозаи ҳарфҳо нависед:
1. Пеш аз матне, ки андозаашро иваз кардан мехоҳед
<FONT SIZE="n"
ки дар ин ҷо n - адади бутуни байни 1 ва 7. Инчунин, +n ё -n ба ҷои n навиштан мумкин, барои муайян кардани андозаи нисбӣ (нисбат ба андозаи асосии саҳифа, ки бо теги BASEFONT муайян карда мешавад).
2. Матне, ки бо андозаи интихобшуда инъикос кардан мехоҳед.
3. </FONT>

Шумо намуди ҳарфҳоеро (font), ки дар Web-саҳифа инъикос мешаванд, интихоб карда метавонед. Албатта, агар дар компютери хонанда намуди Шумо интихобкарда мавҷуд набошад, намуди ҳарфҳое, ки дар системаи ӯ аз рӯи хомушӣ (default) муайян шудааст истифода мешавад.

Барои иваз кардани намуди ҳарфҳо нависед:
1. Пеш аз матне, ки намудашро иваз кардан мехоҳед
<FONT FACE="fontname1
ки дар ин ҷо fontname1 - намуди якуме, ки Шумо интихоб кардаед. Номи намуди интихоб кардаатонро пурра ва бехатогӣ нависед.
[2]. ,fontname2
ки дар ин ҷо fontname2 - намуди дуюме, ки Шумо интихоб кардаед. Ҳангоми дар система набудани fontname1, fontname2 истифода мешавад. Ҳар як намуд аз пешинааш бояд бо вергул (,) ҷудо карда шавад.
[3]. Нишондоди [2] барои ҳар як намуди навбатӣ такрор карда шавад.
4. "> барои махкам кардани теги FONT.
5. Матне, ки дар намуди интихобшуда инъикос кардан мехоҳед.
6. </FONT>

Барои ташкили зернавиштаҷот (subscript) нависед:
1. <SUB>
2. Матни зернавиштаҷот.
3. </SUB>

Барои ташкили болонавиштаҷот (superscript) нависед:
1. <SUP>
2. Матни болонавиштаҷот.
3. </SUP>

Мисоли зеринро дар Web-саҳифаи худ дохил карда, дар броузер санҷида бинед:

<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Transitional//EN"> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Web-саҳифаи ман!!! Кор бо матн
</TITLE>
</HEAD>
<BODY>
<BASEFONT SIZE="4">
<P><B>Ҳарфҳои ғафс</B>
<P><I>Ҳарфҳои каҷ</I>
<P><U>Ҳарфҳои зерашон хаткашидашуда</U>
<P><B><I><U>Ҳарфҳои ғафс, каҷ ва зерашон хаткашидашуда</U></I></B>
<P><FONT SIZE="1">Ҳарфҳои андозаашон 1</FONT>
<P><FONT SIZE="6">Ҳарфҳои андозаашон 6</FONT>
<P><FONT SIZE="+3">Ҳарфҳои андозаашон аз андозаи асосӣ 3 воҳид зиёд</FONT>
<P><FONT SIZE="-2">Ҳарфҳои андозаашон аз андозаи асосӣ 2 воҳид хурд</FONT>
<P><FONT FACE="Times New Roman">Ҳарфҳои намудашон Times New Roman</FONT>
<P><FONT FACE="Comic Sans MS">Ҳарфҳои намудашон Comic Sans MS</FONT>
<P>H<SUB>2</SUB>SO<SUB>4</SUB>
<P>AX<SUP>2</SUP>+BX<I><SUP>n</SUP></I>=0
</BODY>
</HTML>

Қисмҳои гуногуни кодро тағйир диҳед. Файлро сабт ва маҳкам кунед. Дар броузери худ тугмачаи Refresh(Обновить)-ро ба кор андохта, тағйиротҳои баамаломадаро бинед.

Қайд. Дар HTML5 теги FONT истифода бурда намешавад. Барои таъмини ҳамҷоягӣ (compatible) бо HTML5 намуд, андоза ва ранги ҳарфҳоро тавассути услубҳои CSS муайян кардан лозим аст.