Дар қисми дилхоҳи танаи html-файл (яъне байни <BODY> ва </BODY>) рӯйхатҳои гуногунро ташкил кардан мумкин аст.
Шарҳи баъзе тегҳо:
OL: Ordered List, Рӯйхати ба тартиб овардашуда
UL: Unordered List, Рӯйхати ба тартиб оварданашуда
LI: List Item, Элементи (ҷузъи) рӯйхат
DL: Definition List, Рӯйхати мафҳумҳо
DT: Definition Term, Мафҳуми муайяншаванда
DD: Definition Data (?), Шарҳи мафҳум
Барои ташкил кардани рӯйхати нумеронидашуда, нависед:
1. Матни сарлавҳаи рӯйхат.
2. <OL
[3]. TYPE=x
ки дар ин ҷо x намуди номергузориро муайян карда, яке аз ин қиматҳоро қабул мекунад: A (A-и калони лотинӣ) барои ба элементҳои рӯйхат ҳарфҳои калонро бахшидан, a (a-и хурди лотинӣ) барои ба элементҳои рӯйхат ҳарфҳои хурдро бахшидан, I (I-и калони лотинӣ) барои ба элементҳои рӯйхат рақамҳои римиро бо ҳарфҳои калон бахшидан, i (i-и хурди лотинӣ) барои ба элементҳои рӯйхат рақамҳои римиро бо ҳарфҳои хурд бахшидан, 1 барои рақамҳо. 1 - қимат аз рӯи хомӯшӣ аст (default), яъне ҳангоми иҷро накардани нишондоди ғайрҳатмии 3, ба элементҳои рӯйхат рақамҳо бахшида мешаванд.
[4]. START=n
ки дар ин ҷо n муайян мекунад, ки рақамгузорӣ аз кадом адад бояд оғоз ёбад.
5. >
6. <LI>
7. Матни элементи рӯйхат.
8. </LI>
9. Нишондодҳои 6-8-ро барои ҳар як элементи рӯйхат такрор кунед.
10. </OL>.
Барои ташкил кардани рӯйхати нишонадор, нависед:
1. Матни сарлавҳаи рӯйхат.
2. <UL
[3]. TYPE=x
ки дар ин ҷо x намуди нишонаро муайян карда, яке аз ин қиматхоро кабул мекунад: disc, circle, square.
4. >
5. <LI>
6. Матни элементи рӯйхат.
7. </LI>
8. Нишондодҳои 5-7-ро барои ҳар як элементи рӯйхат такрор кунед.
9. </UL>
Барои ташкил кардани рӯйхати мафҳумҳхо, нависед:
1. Матни сарлавҳаи рӯйхати мафҳумҳо.
2. <DL>
3. <DT>
4. Калима ё ибораи кӯтоҳ, ки бояд шарҳ дода шавад.
5. </DT>
6. <DD>
7. Матни шарҳи мафҳум.
8. </DD>
9. Нишондодҳои 3-8-ро барои ҳар як мафҳум ва шарҳи он такрор кунед.
10. </DL>
Мисол:
<!DOCTYPE HTML>
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Web-саҳифаи ман!!! Рӯйхатҳо
</TITLE>
</HEAD>
<BODY>
<H1>Рӯйхати хонандагони аълочӣ:</H1>
<OL>
<LI>Вализода Р.</LI>
<LI>Назаров Д.</LI>
<LI>Шафқатов Ю.</LI>
</OL>
<H1>Рӯйхати хонандагони дарсгурез:</H1>
<OL TYPE="I">
<LI>Солиев А.</LI>
<LI>Юлдошев И.</LI>
<LI>Қадаров Д.</LI>
<LI>Қадаров В.</LI>
</OL>
<H1>Давоми рӯйхати хонандагони аълочӣ:</H1>
<OL START="4">
<LI>Каримов П.</LI>
<LI>Тухташев О.</LI>
<LI>Ёқубов Н.</LI>
</OL>
<H1>Рӯйхати фанҳо:</H1>
<UL TYPE="disc">
<LI>Суруд</LI>
<LI>Тарбияи ҷисмонӣ</LI>
<LI>Меҳнат</LI>
</UL>
</BODY>
</HTML>
Як рӯйхат дохили рӯйхати дигар омаданаш мумкин аст:
<!DOCTYPE HTML>
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Web-саҳифаи ман!!! Рӯйхатҳо
</TITLE>
</HEAD>
<BODY>
<H1>Дар мағозаи мо:</H1>
<OL>
<LI>Сабзавот
<OL TYPE="I">
<LI>Сабзӣ</LI>
<LI>Пиёз</LI>
<LI>Карам</LI>
</OL>
</LI>
<LI>Меваҳо
<UL TYPE="square">
<LI>Олу</LI>
<LI>Зардолу</LI>
<LI>Себ</LI>
</UL>
</LI>
<LI>Кабудӣ</LI>
</OL>
</BODY>
</HTML>