Аз рӯи хомушӣ (by default), байни сарҳадҳои фреймҳо ва Web-саҳифаҳои дар ин фреймҳо инъикосшаванда фосила (одатан, 8 пиксел) мавҷуд аст. Ин сарҳадро калонтар ё хурдтар кардан мумкин аст.
Барои муайян кардани андозаи фосилаи байни сарҳадҳои фрейм ва Web-саҳифаҳои дар онҳо инъикосшаванда, нависед:
1. Дохили теги FRAME пеш аз >
MARGINWIDTH='w'
ки дар ин ҷо w - андозаи фосила (бо пикселҳо) байни сарҳадҳои чап ва рости фрейм ва мундариҷаи он аст.
2. MARGINHEIGHT='h'
ки дар ин ҷо h - андозаи фосила (бо пикселҳо) байни сарҳадҳои болои ва поёнии фрейм ва мӯҳтавои он аст.
Фосилаи пайдошаванда шаффоф аст, ҳамин тавр, он ҳамранги заминаи фрейм аст.
Барои ҳар як фрейм доимо инъикос будани тасмаҳои скролл (scroll bars) ё пайдо шудани ин тасмаҳо танҳо ҳангоми заруриятро Шумо муайян карда метавонед. Танҳо ҳангоми зарурият чунин маъно дорад, ки тасмаҳои скролл танҳо ҳангоми дар фрейм пурра нағунҷидани ахбор пайдо мешаванд. Ҳангоми тамошобин андозаи равзанаро (window) кифоя калон карданаш, ин тасмаҳо гум хоҳанд шуд.
Барои ҳама вақт намоён будани тасмаҳои скролл, нависед:
1. Дохили теги FRAME пеш аз >
SCROLLING='yes'
Барои ҳама вақт ноaён будани тасмаҳои скролл, нависед:
1. Дохили теги FRAME пеш аз >
SCROLLING='no'
Вобаста ба мазмуни фрейм, Шумо метавонед хоҳед ё, баръакс, нахоҳед, ки байни фреймҳо сарҳадҳо намоён бошанд.
Барои ҳамаи сарҳадҳоро ноаён кардан, нависед:
1. Дохили теги FRAMESET пеш аз >
FRAMEBORDER='0'
Агар андозаҳои фрейм нисбӣ ё тағйирёбанда муайян шуда бошанд, ҳангоми тағйир додани андозаҳои броузер андозаҳои фрейм низ тағйир меёбанд. Лекин тағйир ёфтани андозаҳои фреймро манъ кардан мумкин аст.
Барои манъ кардани тағйирёбии андозаҳои фрейм, нависед:
1. Дохили теги FRAME-и зарурӣ пеш аз >
NORESIZE
Мӯҳтавои ибтидоии ҳар як фрейм дар файли фреймсет бо хосияти SRC муайян карда мешавад. Лекин дар ҳамон як фрейм Web-саҳифаи дигарро инъикос кардан мумкин аст. Бо ин мақсад хосияти TARGET истифода мешавад, ки маънои он "кушода шудани ин ишора дар ана ин фрейм аст".
Барои равона кардани ишора ба фрейми муайян, нависед:
1. Бовари ҳосил кунед, ки фрейми зарурӣ соҳиби ягон ном аст, яъне дар теги FRAME хосияти NAME муайян шудааст.
2. Дар ишораи зарурии <A href='page.html' илова кунед:
TARGET='name'
ки дар ин ҷо name - ҳамон калимае, ки ҳамчун номи фрейми зарурӣ хизмат мекунад.
3. Хосиятҳои дигари теги A.
4. >
Хосияти TARGET қиматҳои махсуси зеринро қабул карда метавонад:
TARGET='_blank' барои кушода шудани ишора дар равзанаи нав.
TARGET='_self' барои кушода шудани ишора дар фрейме, ки дар он худи ишора ҷойгир аст. Ҳамаи маълумоти фрейм бо маълумоти дар Web-саҳифаи ишорашуда иваз карда мешавад.
TARGET='_top' барои кушода шудани ишора дар равзанаи ҷорӣ. Фреймсети ҷорӣ бидуни назар карда мешавад.
Мисоли ишораҳо:
<A href='http://www.intuit.ru' TARGET='fCenter'>
<A href='http://www.yahoo.com' TARGET='_blank'>
<A href='http://ya.ru' TARGET='_self'>
<A href='http://oftob.com' TARGET='_top'>
Қайд. Дар HTML5 тегҳои FRAME ва FRAMESET истифода бурда намешаванд. Барои таъмини ҳамҷоягӣ (compatible) бо HTML5 аз теги IFRAME истифода бурдан мумкин аст.