Пеш аз дар бораи синтаксиси PHP нақл кардан, худи истилоҳи «синтаксис»-ро муайян мекунем.

Синтаксис ин қоидаҳое, ки ҳангоми навиштани код бояд риоя карда шаванд.

Синтаксиси (ва семантикаи) забони PHP ба забонҳои дигар (C, Java, Perl) монанд аст. Ҳамаи матни скрипти PHP байни <?php ва ?> навишта мешавад. Боз матни скрипти PHP байни <? ва ?> навишта шуданаш мумкин аст, агар ин имконият аз тарафи web-сервер дастгирӣ шуда бошад.

Агар шумо php-скриптҳоро бо мақсади паҳн кардан навиштанӣ бошед, хуб аст, ки онҳо байни <?php ва ?> навишта шаванд. Ин эътимоди он аст, ки скрипти шумо дар серверҳои гуногун кор мекунад.

Агар ба файли HTML скрипти PHP ҳамроҳ карда шавад ё файл аз скрипти PHP иборат бошад, бояд ки қисми иловагии номи ин файл .php бошад. Масалан, агар ба файли index.html коде ба забони PHP ҳамроҳ карда шавад, номи файл index.php гузошта мешавад.

Мисоли зерин мисоли соддатарини бо ҳам истифода кардани PHP ва HTML мебошад:
namuna01.php

<html> 
<head>
<title>Намунаи 1</title>
</head>
<body>
<?php
echo "Ассалому алейкум!";
?>
</body>
</html>

Файли матни созед, ба файл матни намунаи овардашударо нависед кунед, онро зери номи namuna01.php ба ҷои файлҳои скриптҳо таиншуда (масалан, каталоги сайт) сабт кунед. Ҳангоми кушодани саҳифаи namuna.php, масалан аз суроғаи http://localhost/test/namuna.php, дар сатри сарлавҳаи броузер "Намуна 1" ва дар қисми корӣ "Ассалому алейкум!" бояд бинед.

Барои чопи матни "Ассалому алейкум!" аз оператори echo истифода бурдем. Аҳамият диҳед, ки матни чопшаванда дар нохунакҳо навишта шуда аст.

Эҳтимолан пай бурдаед, ки дар охири сатри коди php нуқтавергул навишта шудааст. Нуқтавергул нишони охири оператори PHP аст ва гузоштани онро набояд аз хотир бароред. Масалан, агар хоҳем, ки якчанд сатр чоп карда шавад, дар охири ҳар як истифодаи оператори echo нуқтавергул навиштан зарур аст.
namuna02.php

<html> 
<head>
<title>Намунаи 2</title>
</head>
<body>
<?php
echo "Ассалому алейкум! ";
echo "Ин намунаи дуюм аст. ";
echo "Такрор ва машқ сирри касби барномасозианд. ";
echo "Ба ҷои ин ҷумлаҳо ҷумлаҳои худро нависед. ";
?>
</body>
</html>

Чӣ тавре ки дар HTML қабул шудааст сатрҳои холӣ ва дигар рамзҳои фосилаҳо байни операторҳои PHP ҳангоми чоп бидуни назар карда мешаванд. Яъне, гузоштани сатрҳои холӣ байни операторҳо ва гузоштани рамзҳои TAB дар скрипт мумкин аст.
namuna03.php

<html> 
<head>
<title>Намунаи 3</title>
</head>
<body>
<?php
echo "Hello World!";



echo "Hello World!";


?>
</body>
</html>

Дар скриптҳои минбаъда бо мақсади ихтисори миқдори сатрҳо тегҳои HTML-ро наменависем, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки нишон додани тегҳо зарур бошад.
namuna04.php

<?php 
echo "<H1>Салом!</H1>";
?>