Дар ҳама забонҳои барномасозӣ операторҳо барои иҷро намудани амалҳои гуногун аз болои тағйирёбандаҳо ва қимати онҳо истифода мешаванд. Мо ду операторро дар амал алакай дидем. Ин оператори пайвасткуни (.) ва оператори бахшидани қимат (=). Дар PHP операторҳо бисёранд. Якчанд гурӯҳҳои онҳоро меорем:
- оператори бахшидани қимат
- операторҳои арифметикӣ
- операторҳои муқоиса
- операторҳои сатрӣ
- омехтаи операторҳои арифметикӣ ва бахшидани қимат.
Оператори бахшидани қимат барои бахшидани ягон қимат ба тағйирёбанда ё бахшидани қимати як тағйирёбанда ба тағйирёбандаи дигар истифода мешавад. Мисол:
$my_var = 4;
$another_var = $my_var;
Дар натиҷаи иҷрои ин ду сатр ҳар ду тағйирёбанда $my_var ва $another_var ба қимати баробар ба 4 соҳиб мешаванд. Оператори бахшидани қимат ҳамроҳи оперторҳои арифметикӣ низ истифода мешавад.
Амалҳои арифметикӣ:
Оператор | Ном | Мисол |
---|---|---|
+ | Ҷамъ | 2 + 4 |
- | Тарҳ | 6 - 2 |
* | Зарб | 5 * 3 |
/ | Тақсим | 15 / 3 |
% | Модул ё бақия аз тақсими бутун | 43 % 10 |
namuna09.php
<?php
$x=6; $y=12;
echo "x=$x<br>";
echo "y=$y<br>";
$z=$x+$y;
echo "$x+$y=$z<br>";
$z=$x-$y;
echo "$x-$y=$z<br>";
$z=$x*$y;
echo "$x*$y=$z<br>";
$z=$x/$y;
echo "$x/$y=$z<br>";
$z=$x%$y;
echo "$x%$y=$z<br>";
$z=$y%$x;
echo "$y%$x=$z<br>";
?>
Барои муайян кардани муносибати байни тағйирёбандаҳову қиматҳо аз операторҳои муносибат (ё ки муқоисакунӣ) истифода мебаранд. Операторҳои муносибат ҳангоми тартиб додани шартҳо барои сохторҳои идоракунанда, ба мисли if ва for, татбиқи васеъ доранд. Дар ҷадвали зерин операторҳои муносибати дар PHP қабулшуда ва мисоли истифодаи онҳо оварда шудааст. Қабул мекунем, ки $x = 4 ва $y = 5 ҳастанд, пас
Оператор | Ном | Мисол | Натича |
---|---|---|---|
== | Баробар | $x == $y | False |
!= | Нобаробар | $x != $y | True |
< | Хурд | $x < $y | True |
> | Калон | $x > $y | False |
<= | Хурд ё баробар | $x <= $y | True |
>= | Калон ё баробар | $x >= $y | False |
САВОЛҲО БАРОИ МУСТАҲКАМКУНӢ
1. Фарқи байни операторҳои == ва === дар чист? Мисол оред.
2. Фарқи байни операторҳои != ва !== дар чист? Мисол оред.
3. Барномае нависед, ки операторҳои арифетикиро истифода барад.