Бигзор $$A=\{a_1,a_2,...,a_n\}, B=\{b_1,b_2,...b_m\}.$$
Миқдори тарзҳои интихоб намудани як ҷузъ (объект) аз маҷмӯи A ё як ҷузъ аз маҷмӯи B ба n+m баробар аст.
$$\textbf{Намуна:}$$

\(\textbf{Шарт:}\)
                                              

Дар гимназияи №13 2 синфи 7 (7 "а" ва 7 "б" ) ҳаст. Барои иштирок дар олимпиадаи шаҳрӣ аз байни хонандагони синфи 7 як нафарро интихоб кардан лозим аст. Барои ҳамин дар гимназия олимпиада ташкил ва гузаронида шуд. Натиҷаи олимпиадаи мактабӣ чанд хел шуда метавонад, агар аз синфи 7 "а" 3 нафар (Сӯҳроб, Шаҳзод ва Меҳрона) иштирок карда бошанду, аз синфи 7 "б" 4 нафар (Марям, Тоҳир, Амир ва Ислом) иштирок карда бошанд?

\(\textbf{Ҳал:}\)

$$A = \{Сӯҳроб, Шаҳзод, Меҳрона\}, |A|=3$$

$$B = \{Марям, Тоҳир, Амир, Ислом\}, |B|=4$$

1. Сӯҳроб

2. Шаҳзод

3. Меҳрона

4. Марям

5.\(\ldots\)

Барои ҳисоб кардани миқдори тарзҳои натиҷаи олимпиада қоидаи ҷамъро истифода мебарем. Миқдори тарзҳои натиҷаи олимпиада ба \(|A|+|B| = 3+4 = 7\) баробар аст.

\(\textbf{Ҷавоб:}\) Натиҷаи олимпиада 7 хел шуда метавонад.