Мутобиқан ба стандарти давлатӣ, рамзи рақамии мошин аз 4 рақам ва 2 ҳарф иборат аст. Баробари ин рамзи аз 4 нол иборат буда номумкин мебошад. Ва ҳарфҳо аз А, В, Е, К, М, Н, О, Р, С, Т, У, Х интихоб карда мешаванд. Бо чунин тарз ҳамагӣ чандто рамзи рақамии мошинҳоро тартиб додан мумкин аст?

\(A=\{0,1,2,3,4,5,6,7,8,9\}, |A|=10\)

\(B=\{0,1,2,3,4,5,6,7,8,9\}, |B|=10\)

\(C=\{0,1,2,3,4,5,6,7,8,9\}, |C|=10\)

\(D=\{0,1,2,3,4,5,6,7,8,9\}, |D|=10\)

Бо \(|A|\cdot|B|\cdot|C|\cdot|D|=10\cdot10\cdot10\cdot10=10000\) тарз қисми рақамиашро тартиб додан мумкин аст. Ҳамагӣ бо \(10000-1=9999\) роҳ қисми рақамиашро сохтан мумкин аст, чунки рамзи рақамии 0000 истифода бурда намешавад.

\(A=\{А, В, Е, К, М, Н, О, Р, С, Т, У, Х\}, |A|=12\)

\(B=\{А, В, Е, К, М, Н, О, Р, С, Т, У, Х\}, |B|=12\)

Қисми ҳарфиашро бошад бо \(|A|\cdot|B| = 12\cdot12 = 144\) тарз сохтан мумкин аст.

\(A=\{0001, 0002, 0003, 0004, ..., 9997, 9998, 9999\}, |A|=9999\)

\(B=\{AA, AB, AE, ..., XT, XY, XX\}, |B|=144\)

Рамзи рақамии мошинҳоро бо \(|A|\cdot |B| = 9999\cdot 144 = 1 439 856\) тарз сохтан мумкин.