Шумораи ададҳои панҷрақамаро муайян кунед, ки онҳо ба 1000 каратӣ буда, ба 2000 каратӣ набошанд.
Ҳал. Рақами якуми адади панҷрақама метавонад дилхоҳ рақам бошад, ки ба сифр (0) баробар нест. Яъне, рақами якуми адади панҷрақама метавонад адади дилхоҳе аз байни 9 рақамҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 бошад. Рақамҳои сеюм, чорум ва панҷуми он ба сифр (0) баробар мебошанд.
Рақами дуюми адади панҷрақама, ки ба 1000 каратӣ аст, дилхоҳ адад аз байни 10 рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 шуда метавонад.
Яъне, миқдори ададҳои панҷрақамае, ки ба 1000 каратианд, ба \(9\cdot 10\cdot 1\cdot 1\cdot 1=90\) баробар аст.
Рақами дуюми адади панҷрақама, ки ба 2000 каратӣ аст, дилхоҳ адад аз байни 5 рақамҳои 0, 2, 4, 6, 8 шуда метавонад.
Яъне, миқдори ададҳои панҷрақамае, ки ба 2000 каратианд, ба \(9\cdot 5\cdot 1\cdot 1\cdot 1=45\) баробар аст.
Пас миқдори ададҳое, ки шарти масъаларо қонеъ мегардонанд, ба \(90-45=45\) баробар аст.
Ҷавоб: 45-то.