Кори амалии №1. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед.
- Дар ҷадвали электронӣ сутун, сатр, катак (ячейка) ва блок чӣ тавр ишора карда мешаванд?
- Ҷадвали (файли) пештар тартиб додашуда чӣ тавр кушода мешавад?
- Ҷадвали нав ё ки тағйир додашуда чӣ тавр сабт карда мешавад?
- Бо ҷадвали электронӣ корро чӣ тавр ба итмом мерасонанд?
- Фарқи ишораҳои нисбӣ ва мутлақ дар чист?
Кори амалии №2. Қимати функсияҳои sin x, cos x, tg x, ctg x барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад:
X = 0, π/6, π/3, π/2, 2π/3, 5π/6, 2π.
Кори амалии №3. Қимати функсияҳои
f(x) = x2
g(x) = 4x4
h(x) = 2x2 + x5
барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад:
-3, -2, -1, 0, 1, 2, 3.
Дар ҳалли ин мисол истифода бурдани амали ^ (ба дараҷа бардоштан) манъ аст.
Кори амалии №4. Қимати функсияи f(x) ба ln(x+1) ҳангоми x≥0 баробар аст ва ба x2 ҳангоми x<0 баробар аст. Қимати функсияи f(x) барои қиматҳои зерини тағйирёбандаи x ҳисоб карда шавад: -N, -N/2, 0, N/2, N, ки дар ин ҷо N – қимати тартибӣ аст.
Кори амалии №5. Дар асоси маълумоти дар ҷадвали 1 овардашуда барои майдонҳои Даромад, Хароҷот ва Фоида қиматҳои Min, Max, Sum, Count, Average ва Standard Deviation дар ҷадвали 2 ҳисоб карда шаванд.
Ҷадвали 1:
Сана | Даромад | Хароҷот | Фоида |
28.03.2013 | 63,64 | 51,94 | 11,70 |
29.03.2013 | 53,47 | 65,08 | - 11,61 |
01.04.2013 | 65,77 | 53,59 | 12,18 |
02.04.2013 | 50,40 | 63,57 | - 13,17 |
03.04.2013 | 62,58 | 50,43 | 12,15 |
04.04.2013 | 59,73 | 44,26 | 15,47 |
05.04.2013 | 47,49 | 60,03 | - 12,54 |
08.04.2013 | 62,98 | 48,84 | 14,14 |
09.04.2013 | 65,25 | 57,07 | 8,18 |
10.04.2013 | 67,79 | 55,75 | 12,04 |
Ҷадвали 2:
Даромад | Хароҷот | Фоида | |
Min | |||
Max | |||
Sum | |||
Count | |||
Avg | |||
StDev |
Кори амалии №6. Дар асоси маълумоти дар ҷадвали 1 овардашуда барои майдонҳои Сана, Даромад ва Хароҷот нақша (график) кашида шавад.
Кори амалии №7. Дар асоси маълумоти дар ҷадвали 1 овардашуда барои майдонҳои Сана ва Фоида гистограмма кашида шавад.