Одатҳои инсон хулқу табиати вайро муайян мекунанд. Хулқу табиати инсон тақдири ӯро муайян мекунанд. Бисёри душвориҳои пулию молие, ки инсон дучор мешавад, натиҷаи одатҳои зараррасон ё ки нодурусти худи ӯ мебошанд.
Моҳияти одатҳои молиявӣ
Одатҳои шахс – ин тарзҳои ба ҳамин шахс хоси рафтор мебошанд, ки тағйир доданашон нисбатан душвор аст. Одатҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти инсон зоҳир мешаванд. Баъзе аз ин одатҳо метавонанд, ки ба шароити молиявии ӯ таъсири манфӣ расонанд ва ҳатто ба муфлис (банкрот) шудан оваранд.
Дар ин ҷо якчанд чунин одатҳои зараррасони молиявиро номбар мекунем.
Одати №1. Надоштани ҳисоби даромаду хароҷот.
Миқдори зиёди одамоне, ки ҳолати ноустувори молиявӣ доранд, соҳиби ин одат ҳастанд. Агар надонед, ки ҷӣ қадар даромад дореду онро ба кадом самтҳо чӣ қадарӣ сарф менамоед, чӣ тавр баҳо медиҳед, ки шумо молиявӣ устувор ҳастед ё не? Яъне, аз куҷо медонед, ки даромади шумо аз хароҷотатон зиёдтар асту тадриҷан захираи пулӣ ҷамъ шуда истодааст? Хароҷоти шумо аз даромадатон доимо зиёдтар асту шуморо чоҳи молиявӣ интизор аст?
Барои аниқ намудани ҷавоб ба ин саволҳо бояд, ки ҳисоби нисбатан саҳеҳи даромаду хароҷоти худро ба роҳ монед.
Одати №2. Доимо гирифтани қарз “то маош”.
Ба назари аввал мумкин, ки ноаён бошад, лекин ин одат аз Одати №1 мебарояд. Чӣ бояд кард, вақте ки ҳамаи пули дар даст буда бе ҳисоб сарф шуда боқӣ намондааст? Соҳиби Одати №2 дар ин ҳолат пулро қарз мегирад. Агар ин пулро аз хешу дӯстон ва ё ҳамкорон қарз гирад як гап аст. Лекин агар қарзро аз бонк гирад, бояд ки онро бо фоизҳои баланд бозгардонад. Яъне қарзҳо дар чунин ҳолат барои фоидаи буҷаи оилавӣ набуда, баръакс ба он зарари сахт расониданашон мумкин аст.
Одати №3. Барои пасандоз сарфа накардан.
Баъзе аз шахсоне, ки одатҳои №1 ва №2-ро надоранд, алакай худро некӯаҳвол ва муваффақ меҳисобанд. Яъне онҳо ҳисоби даромаду хароҷоти худро мебаранду аз маош то маош аз ҳеҷ кас қарз намегиранд. Ин хело хуб аст албатта. Вале дар ин шабу рӯз барои ҳолати устувории молиявӣ ин кофӣ нест. Ҳаргуна буҷаи шахсӣ ё оилавӣ бояд, ки захираи муайян ва ҳисоби алоҳида барои мақсадҳои пешакӣ муайян шуда дошта бошад. Чунки хароҷоти ногаҳонӣ (пешбинӣ нашуда) ҳангоми набудани пасандоз метавонад шуморо ба чоҳи молиявӣ дарорад. Масалан, як ҳисоби алоҳида барои ягон хариди калон ва як ҳисоби алоҳида ба саёҳати ба нақша гирифта шуда тартиб дода мешавад. Пас, ҳар моҳ маблағи муайян ба ҳар яки ин ҳисобҳо равона карда мешавад. Ин ҳисобҳо ҳисобҳои амонатӣ дар бонк ё ки ду конверти оддӣ дар хона буда метавонанд.
Одати №4. Гузаронидани вақти пардохтҳои ҳатмӣ.
Интизоми молиявӣ чизи ҷиддӣ аст. Риоя накардани он ба ҷамъ шудани қарзҳо ва пайдо шудани хароҷоти нав (дар намуди ҷарима, пеня) меорад. Аз ҳад гузаронидани вақти пардохту ҳаҷми маблағи хизматҳои коммуналӣ ба қатъ гардидани ин хизматҳои ҳаётан зарурӣ оварданаш мумкин аст. Кор ҳатто то суд рафтанаш мумкин аст. Пардохти ӯҳдадориҳои ҳатмиро сари вақт иҷро намоед!
Одати №5. Хариди беихтиёрона ё хариди нодаркор.
Ҳолате мешавад, ки мо аз хона барои харидани нону шир мебароем. Ҳангоми бозгашт ба хона дарк мекунем, ки бар иловаи нону шир, ки зарур буданд, боз якчанд чизи наонқадар зарур (баъзе вақтҳо тамоман нодаркор) низ харида шудаанд. Одатан фурӯшандагони бомаҳорат касби худро хуб медонанду ба шумо ҳангоми харид чанд чизи дигарро мегузаронанд. Дар чунин ҳолат пешакӣ тартиб додани рӯйхати харид ва танҳо аз рӯи он харид намудан мувофиқи мақсад буданаш мумкин аст.
Одати №6. Зуд сарф намудани пули ба даст омада.
Ба ҳамаи мо шахсоне шиносанд, ки рӯзи гирифтани маош хариди зиёд мекунанд. Баъзеҳо худи ҳамон рӯз қисми калони маошро барои маишат сарф мекунанд. Дертар ин хел одамон намедонанд, ки чӣ тавр пардохтҳои ҳатмиро иҷро кунанд ва то охири моҳ дар душвории молиявӣ мебошанд. Инчунин пай бурда шудааст, ки миқдори ками нафароне, ки дар лотерея маблағҳои калонро бурд кардаанд, дар мӯҳлати дароз ҳақиқатан сарватманд боқӣ мондаанд.
Агар соҳиби Одати №6 бошед, ҳангоми ба даст омадани маблағ реҷаи “ТОҚАТ”-ро гирон кунед. Яъне, ҳафтае ва ё моҳе интизор шавад, агар чизи мехостаатон ҳанӯз зарур бошад, пас барои харидани он равед.
Одати №7. Бозиҳои қимор ва рафтори хатарнок.
Ин одат бо мурури замон соҳибашро ба чоҳи молиявӣ тела медиҳад ва метавонад ҳатто дар он ҷо гӯронад. Агар шавқи бозиҳои қимор ва рафтори хатарнок аз ҳад гузарад, хароҷот бо суръати тез меафзояд. Хатари аз даст додани оила, хона, кор ва ҳатто ҷон ба вуҷуд меояд.
Бозиҳо бо қоғазҳои қиматбаҳо, лотереяҳо, онлайн-бозиҳои гуногуне, ки аз шумо пули нақдатонро мегиранд аз мисоли бозиҳои қимор мебошанд. Аз чунин бозиҳо худдорӣ намуда, дурӣ ҷустан лозим аст.
Баъзеҳо рафтори хатарнокро иҷро менамоянд, ки мақсадашон гирифтани кайф тавассути ҳосил намудани адреналин дар хун аст. Мисолҳои рафтори хатарнок инҳоанд: ба тарзи хавфнок рондани мошин, аз баландиҳо ҷаҳидан, ҷангҷӯӣ. Аксарияти чунин рафторҳо бо гирифтани осебҳои ҷиддии ҷисмонӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва талабот ба табобати дарозмуддати қиматбаҳо ба итмом мерасанд.
Бозиҳои қимор ва рафтори хатарнок метавонанд давлату сарватро бар бод диҳанд ва ба носозии молиявӣ оранд.
Акнун қоғазу қаламро гиреду таҳлил намоед, ки шумо кадоме аз ин одатҳоро ва ба чӣ андоза соҳиб ҳастед.