Одатҳо дар ҳаёти мо роли муҳимро мебозанд. Ҳар як шахс маҷмӯи ба худ хоси одатҳои мусбату манфиро соҳиб аст. Дар масъалаи буҷаи оилавӣ ва ё молияи шахсӣ бартарияти ин ё он одатҳои молиявӣ аҳамият дорад. Ҳатто ҳангоми доштани дониши васеъ оиди пул ва буҷа натиҷаҳои амалӣ на он қадар хуб ва ғайриматлуб буданашон мумкин аст. Яке аз сабабҳои ин - одатҳои зараррасонӣ молиявӣ мебошанд.

Якбора раҳо ёфтан аз одатҳои бади молиявӣ имконнопазир аст. Онҳоро тадриҷан бо одатҳои муфидбахши молиявӣ иваз кардан мумкин аст.

Якчанд одатҳои муфидбахши молиявиро номбар мекунем.

Одати №1. Ҳисоби дахлу харҷ.

Мисли ҳисобкунакҳои обу қувваи барқ даромаду хароҷоти пулиро низ ҳисоб намудан лозим аст. Чӣ қадар ва аз кадом самт даромад шуд? Чӣ қадар ва ба кадом самт хароҷот шуд? Барои пурра донистани ҳолати молиявӣ на танҳо даромаду хароҷот, балки ҳаҷми дороиҳои худро (молу мулк, пасандоз, сармояҳо ва ғайра) ва инчунин ӯҳдадориҳои (қарзҳо, пардохтҳои ҳатмӣ) худро баҳо додан лозим аст.

Одати №2. Ба нақша гирифтани буҷа ва харидҳои дарозмуддат.

Ба ғайр аз назорат намудани ҷараёнҳои даромаду харҷи пулӣ, инчунин зарур аст, ки нақшаи молиявии ояндаро дошта бошед. Буҷа – ин нақшаи даромаду хароҷотҳои шумо барои моҳ, семоҳа ва ё соли наздик мебошад. Ба ин нақша пасандоз барои харидҳои дарозмуддатро низ даровардан лозим аст. Харидҳои дарозмуддат ин харидҳое, ки онҳоро аз даромади моҳона иҷро кардан имконнопазир аст.

Ҳангоми дуруст тартиб додани буҷаи оилавӣ ва риояи мунтазами он ба гирифтани қарз аз касе то маош ва ё гирифтани қарзҳои истеъмолӣ аз бонк зарурият боқӣ намемонад.

Одати №3. Гузоштани мақсадҳои аниқ.

Сохтани буҷаи оилавӣ ва дарёфти роҳҳои мувофиқи иҷрои он бе аниқ намудани мақсадҳо мураккаб аст. Яъне мақсадҳои хурду калонро муайян кардан лозим аст. Мақсадҳо имконият медиҳанд, ки орзу, хоҳиш ва талаботҳои шумо баёну тавсиф гарданд, ба рӯйхат дароварда шаванд. Ҳангоми гузоштани мақсад ба саволҳои зерин ҷавоб ёфтан муҳим аст. Ман чӣ мехоҳам? Ба ман ин кай лозим аст? Ин чӣ нарх дорад? Хусусиятҳоаш чӣ гуна мебошанд (ранг, андоза, навъ)? Барои ояндаи ман ин хоҳиши ман чӣ хел таъсиру аҳамият дорад?

Одати №4. Истифодаи пули худ.

Қарзҳои истеъмолӣ ҳангоми сари вақт иҷро карда натавонистани пардохтҳои ҳатмӣ сабаби афтодан ба чоҳи молиявӣ мегарданд. Худдорӣ намудан аз ин васвасакунандаҳо, гирифтани ҷавобгарӣ оиди хароҷотҳои худ (ҳаёти худ) ба дасти худ ва барои харид танҳо аз пули кор кардаи дар даст будаи худ истифода кардан – одати муҳим ва муфидбахш аст. Аз худ ба фарзандон гузоштани на ин ки қарз, балки сармоя (капитал) беҳтар аст.

Одати №5. Пасандоз кардан.

Пасандозро аввалан (фавран, дарҳол, даррав) ҳангоми гирифтани маблағ захира кардан лозим аст. Агар фикр кунед, ки баъди пардохти дигар эҳтиёҷу талаботҳо пасандоз мекунед, он гоҳ донед, ки одатан баъдан маблағе боқӣ намемонад.

Тавсия вуҷуд дорад, ки вақте ки маош ё фоида мегиред, 10 фоизи онро ҳамчун пасандоз гирифта монед. Агар имконияти пасандоз намудани 10%-и даромадро айни ҳол надошта бошед, аз 1% оғоз намоед. Тадриҷан метавонед 2%, 5%, 10% ва ҳатто 20%-ро пасандоз намоед. Пасандозро дар ҳисоби амонатӣ дар бонк ё ки конверти оддӣ дар хона нигоҳ доштан мумкин аст, албатта бо назардошти бехатарӣ.